ХӮҶАОБОД БОЗ ҲАМ ОБОД МЕГАРДАД

  • ХӮҶАОБОД БОЗ ҲАМ ОБОД МЕГАРДАД
  • ХӮҶАОБОД БОЗ ҲАМ ОБОД МЕГАРДАД
  • ХӮҶАОБОД БОЗ ҲАМ ОБОД МЕГАРДАД

Ҳар як гӯшаи кишварамон рӯз то рӯз обод мегардад.

Биноҳои нав, боғчаву мактаб, майдончаҳои варзишӣ, иншоотҳои хидматрасонӣ ва савдо, корхонаҳои истеҳсолӣ барпо гардида ба ҳусни шаҳру деҳаҳоямон меафзояд. 
Ин албатта, самараи тинҷиву хотирҷамъӣ, рушду ривоҷи фаровонии зиндагии аҳолӣ дар мамлакат мебошад. Дар доираи барномаҳои “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” дар ноҳияи Хӯҷаободи вилояти Андиҷон корҳои бунёдкорӣ ба таври васеъ бурда мешавад. 
– Бо ташаббуси роҳбари давлат дар ноҳияи мо низ корҳои бузурги бунёдкорӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои Тошота ва Гарагурӣ баҳри ба амал баровардани корҳои сохтмон, ободонӣ, рушди сохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ беш аз 19 миллиарду 263 миллион сӯмина маблағ роҳандозӣ карда шудааст. Алҳол  корҳо аз рӯйи нақша босуръат идома доранд, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Хӯҷаобод Ӯткирбек Шукуров.
Дар маҳаллаи Тошота, ки яке аз мавзеъҳои дуртарини ноҳия ба шумор меравад, дар таркиби 845 оила беш аз 3 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Дар кӯчаҳои Биларма, Зиёратгоҳ, Чашма ва Юқори Имомотаи маҳалла корҳои васеъ ва мумфарш намудани роҳҳо дар авҷ.
– Дар маҳаллаамон наздик ба бист адад шохобчаҳои савдо ва хидмати маишӣ, дуто муассисаи таълими томактабии нодавлатӣ, 1 мактаби таълими умумӣ, 1 мактаби махсуси кӯмакрасон фаъолият мебарад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Тошота Аҳмадулло Шокиров. 
Ба гуфтаи ӯ, кӯчаи Зиёратгоҳи маҳалла асфалтпӯш карда шуд ва ба дарозии 1,2 километр хатти барқ нав карда шуд, 25 дона устунҳои оҳанубетонӣ шинонда шуда ба масофаи 0,5 километр хатти об кашида шудааст. 
– Кӯчаамон дар зимистон лой, дар баҳору тобистон чангу хок мешуд, – мегӯяд сокини кӯчаи Зиёратгоҳ Н. Ҳакимов, – дар чаҳорчӯби барномаи “Де-ҳаи обод” роҳамон асфалтпӯш гардид, оби нӯшокӣ гузаронда шуд, симчӯбҳои куҳна бо симчӯбҳои бетонӣ иваз карда шуданд. Аҳолӣ аз ин мамнун.
Ғайр аз ин, дар маҳаллаи Тошота ба масофаи 0,5 километр роҳи пиёдагард таъмир карда шуда, ба дарозии 6,2 километр сими алоқа хобонда шуд. Инчунин, барои таъмири хонаву ҷойи оилаҳои эҳтиёҷманд кумак расонда шуд. Дар маҳаллаи номбурда зиёратгоҳи “Имомота” ҷойгир аст, ҳар сол ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори мамлакат зиёратчиҳо ташриф меоваранд. 
Зиёратгоҳ низ таъмир гардида намои тоза гирифтааст. Барои меҳмонон хонаҳои алоҳида, ҳаммом, оби гарму хунук, мизи теннис, биллярд ва дигар қулайиҳо мавҷуд.
Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ, ӮзА. 

Дар аксҳо: корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Хӯҷаободи вилояти Андиҷон.
Аксбардор: 
 З. УМУРЗОҚОВ. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: