ХУЛОСАИ ДУРУСТ – РОҲИ АЗ ҲАМА МАҚБУЛ

Байни кӯчаи некӣ ва қабоҳат як қадам мегӯянд.

Ин як қадам метавонад моро сурхрӯй гардонад, ё сархам созад. Пас, барои он ки сарамон доим баланд, рӯямон сурх бошад, набояд ки ба роҳи хато равем. Хусусан, аз хатоҳое, ки ногаҳон содир кардаем, хулосаи дуруст баровардан лозим.
И.Муҳаммедови намангонӣ ҳам ба роҳи хато рафта, ҷиноят содир карда буд. Соли 2015 барои ҷинояте, ки содир карда буд, бо ҳукми суди ноҳияи Чуст бинобар корҳои ҷиноӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Аммо И.Муҳаммедов дар давоми иҷрои ҷазо аз ин амали худ хулосаи дуруст бароварда, ба ҷониби мусбӣ моил шуд. Хулқу атвораш ислоҳ ёфт.
Дар муассисаи иҷрои ҷазо, ки дар шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканд ҷойгир шудааст, дар маҷлиси суди сайёри шаҳри Оҳангарон бинобар корҳои ҷиноӣ кор вобаста ба пеш аз муддати гузаштани ҷазо озод ва ҷазои муайяншударо бо сабуктараш иваз кардан нисбат ба 22 нафар маҳкум мисли И.Муҳаммедов дида шуд.
Дар маҷлиси кушоди суд, ки намояндагони прокуратураи шаҳри Оҳангарон шуъбаи бонувони шаҳр, Шӯрои шаҳрии ҲСД «Адолат», фаъолони маҳалла ва кормандони ВАО ширкат варзиданд, таъкид гардид, ки дар мамлакати мо ҳуҷҷатҳои қонунӣ бобати ҳимояи боварибахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қабул гардидаанд, ислоҳоти низомноке, ки бинобар иҷрои  онҳо амалӣ мешаванд, самараи хуб медиҳад, ҳамчунин барои ҷиноят ҷазо муқаррар мебошад.
Мувофиқи ҳукми суди сайёре, ки баргузор шуд, И.Муҳаммедов ба равиши шартӣ пеш аз муддат озод карда шуд. Боз ҷазои ба 22 нафар маҳбус таъиншуда ба сабуктараш иваз гардид.

А. ХУДОЙҚУЛОВ,мухбири ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: