Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор...
Ман, умуман, интихоботро дӯст намедорам, алалхусус, интихоботи депутатиро. Медонам, ки овози ман ягон арзише надорад.
Пешакӣ ҳама ба нақша гирифта шудааст ва кӣ аз номи халк депутат мешавад, ба ҳама маълум аст. Барои ин амалам, ҳамсарам ҳар доим маро орӣ аз эҳсоси ватандӯстӣ, аз ҳаёт қафомонда, беташаббусӣ ва ғайра сарзаниш мекард ва барои мисол ҳамсояи маро, ки дар қабати якуми хонаи мо зиндагӣ мекард, мисол меовард. «Дидӣ, ҳамсояатро, ҳақиқатан ҳам ватанпарвар. Соати панҷи субҳ хеста ба овоздиҳӣ рафт. Ӯ дар бинои интихоботӣ бо нархи арзон гӯшт, шакар ва қаҳваро харида овард», гуфт ӯ. Соат агар ҳашт шуда бошад ҳам, ман ҳанӯз дар бистари худ нимбедор будам. Дар баробари шунидани калимаи қаҳва, якбора хумори қаҳва дар ман авҷ гирифт, зеро тақрибан як моҳ шудааст, ки ман қаҳва нанӯшидаам. Он солҳо қаҳва хеле ҳам камёфт буд ва ба осонӣ, бе шиносоӣ харидан номумкин буд. Бо мақсади ба даст даровардани қаҳва ва дар айни ҳол овоз додан ба ягон депутат, ман ба мисли тири аз камон барҷаста аз бистар хеста, шиносномаро гирифта, шитобкорона ба қитъаи интихоботӣ давидам. Дар он ҷо ман гирду атрофро нигоҳ кардам, вале аз гӯшту шакар ва қаҳва нишоне ҳам надидам ва барои овоздиҳӣ чиптаро гирифтам. Яке бинам дар чиптаи интихоботӣ даҳто номгӯй ба депутатӣ ҷой дода шудаанд. Аз тарси он, ки нури чашмам хира нашавад, ман аз хондани ному насаб, чанд сол дорад, чикора аст, мақсадашон чӣ бошад, барнома дорад ё не, худдорӣ кардам. Ман худро як одами раҳмдил, ба ҳама ғамхору меҳрубон мешуморам. Дар зиндагӣ пишаки ягон касро пиш нагуфтаам. Нахостам ягон номзадро ранҷ диҳам, ба ҳама овози худро додам, агарчӣ медонистам, ки аз даҳто танҳо якторо интихоб кардан мумкин аст. Аммо фикри дар куҷо бо нархи арзон харидани қаҳва маро ором намонд. Бетоқатона аз як интихобкунанда, ки дар дасташ қутии қаҳва дошт, пурсидам:
–Қаҳваро дар куҷо мефурӯшанд?
– Шумо дер кардед, қаҳва тамом шуд, ман ин қаҳваро барои модарарӯсам харидам, ӯ бе қаҳва зиндагиро барои худ тасаввур намекунад, – гуфт ӯ.
Баъди шунидани ин суханҳо хумори қаҳва дар ман дучанд зиёд шуд. Ман аз интихобкунанда ба зорӣ илтимос кардам, ки қаҳваи худро ба ман бо ду баробар нархи зиёд бифурӯшад, зеро фишори хуни ман хеле ҳам паст рафтааст.
Соҳиби қаҳва розӣ шуд. Ба хона баргаштам. Занам савол кард: – «Овозатро додӣ? Гӯшту шакар ва қаҳваро ба нархи арзон харидӣ? Боварӣ дорам, ки акнун овозатро намедузданд. Замони мо замони овоздуздист, аз дуздидани овоз то дуздидани пули мардум як қадам роҳ аст». Занам боз ким-чӣ гуфта ғур-ғур мекард. Ман бошам бо ҳузур қаҳваи аз нархаш дучанд зиёдро пуфу суф карда менӯшидам ва худ ба худ мегуфтам: акнун фишори хунам мӯътадил мешавад ва овози маро ягон кас «дуздида» наметавонад...
Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш. ТОШКАНД.