ХУРӮС

Аз ҳамаи паррандаҳои хонагӣ ман бештар хурӯсро дӯст медорам.

Аз ҳамаи паррандаҳои хонагӣ ман бештар хурӯсро дӯст медорам. На барои гӯшти бирёншуданиаш, балки дар зиндагӣ бисёр чизҳоро аз хурӯсам омӯхтаам. Масалан, муносибати маҳрамонаи хурӯс ба мурғон, рафтори озодона ва бо виқор, саховатмандию  ҷонфидоӣ ва ғайра. Агар дони гандумро ёбад, худаш нахӯрда, бе такаллуф пешкаши мурғон мекунад – ин ҳама дар ман эҳсоси мардонагӣ ва меҳрубониро бедор мекунад.
Ҳамсояаам, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ мекард, ҳафт мурғ ва як хурӯси олпайкар нигоҳ медошт ва дар вақти муайян онҳоро дар ҳавлии худ барои гашт сар медод. Ман ҳар рӯз баъд аз кор баргаштан аз назди ҳавлии ҳамсоя мегузаштаму тақрибан даҳ-понздаҳ дақиқа рафтори хурӯс ва муносибати онро ба мурғон бо диққат мушоҳида мекардам. Маро ҳар доим ҳаячон фаро мегирифт. Вақте ки хурӯс ягон донро меёфт, дарҳол қут-қут мекард ва мурғон бо як қаноатмандӣ дар атрофаш чамъ мешуданд ва донро мехӯрданд. Хурӯс бошад, аз паҳлӯ бо як ифтихори баланд ба мурғон нигоҳ мекард ва бо навбат бо мурғон руҷӯъ мекард.
Аз ин ҳавасмандии ман соҳиби хурӯс огоҳ шуда, рӯзе аз ман савол кард: 
– Ин хурӯси маро дуздиданиед? Ман бо чунин одамон вохӯрда будам!
– Не, маро рафтори хурӯсат дар байни мурғон ба фикре водор кард, – ҷавоб додам ман. 
– Кадом фикр, – пурсид ӯ.  
– Беҳтараш (бояд) ҳафт рӯз, мисли хурӯсат, бо ҳафт нозанин зиндагӣ кард, нисбат ба он, ки ҳафтод сол бо як зани ҷанҷолӣ ва рашкин умр ба сар барӣ, - ҳазломезона ҷавоб додам ман. 
Соҳиби хурӯс чанд нафас хомӯш монда, дар ҷояш шах шуд. Баъди чанд лаҳза соҳиби хурӯс арақи пешониашро бо дастони ҳанӯз аз хок тозанашуда пок карда,  гуфт: 
– Аз куҷо медонӣ, ки ман ҳафтод сол дораму занам ҷанҷолӣ!
– Хурӯсат ба ман ифшо кард, – ҷавоб додам ман. 
Дар ин дам занаш бо шиддат аз куҷое пайдо шуда, ба шавҳараш фармуд: 
– Дар хона гӯшт надорем, хушдоманат бо ҳамсояаш баъди чанд соат меҳмони мо мешаванд, хурӯсатро кушта, мурғбирён мекунем!
Ман ба ин хурӯси хушбахту дар айни ҳол бадбахт нигоҳ мекардаму худ ба худ савол мекардам: – Наход, ки риштаи зиндагӣ аз омезиши хушбахтию бадбахтӣ, ширинию талхӣ, кайфияту уқубат, ҳаловату шаковат тофта шуда бошад? Дар ин дам хурӯси бениҳоят зебову бовиқор сар бардошта, охирин суруди зиндагии худро,  ба назарам, бо як илҳом сароид. Аммо ин суруд барои соҳибонаш ягон мазмуну маъние надошт. Ман дар дилам бо хурӯс видоъ кардаму аз паси девори ҳавлӣ аз назарашон нопадид шудам.

Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: