ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ!

Ҳар сол Наврӯзи оламафрӯзро бо орзуву ниятҳои нав, бо шаҳомати ҷавонии ҷовидонааш пешвоз мегирем.

Дар маркази сайёҳии шаҳри Самарқанд бо ҳамроҳии донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов  озмуни «Хуш омадӣ, Наврӯз!» баргузор гардид. Дар тадбир устодони донишгоҳ, журналистон, сайёҳон иштирок доштанд. 

Озмун аз  се самт иборат буд: дар самти аввал, яъне шиносоиро бо анъанаҳои миллӣ оғоз карданд. Дар самти дувум аз  сурудҳои мавсимӣ, фолклори тоҷик саҳначаву сурудҳо намоиш доданд. 
Роҳбари Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов иштирокдоронро бо Иди Наврӯзи олам табрик гуфт. Ба донишҷӯёни фаъол китоби «Наврӯзи Аҷам»-ро туҳфа кард.
Дар самти севум донишҷӯён дасторхони наврӯзиро бо таому ашёҳои  «Ҳафт шин» ва «Ҳафт син» оростанд, ки ҳар кадоми он рамзи худро дошт:
Шарбат – рамзи истироҳату фароғат
Шир – рамзи покӣ
Ширинӣ – рамзи нишоту зиндагӣ
Шакар – рамзи қаноат
Шона – рамзи ҳусну ҷамол
Шамъ – рамзи Офтобу рӯшноӣ, ғалабаи Нур бар Зулмот.
Шиннӣ – рамзи сабру таҳаммул
***
Суманак – рамзи кишту кор ва хуррамӣ
Сирко – рамзи сабру таҳаммул
Санҷид – рамзи дороиву сарват, сериву пурӣ
Себ – рамзи ҳусну ҷамол
Сир – рамзи қаноат
Сипанд – рамзи тансиҳатӣ, эминӣ аз чашми бад
Сӯҳон – рамзи устувориву бурдборӣ.
Аъзоёни ҳакам дасторхони наврӯзиро аз назар гузаронида, озмунро ҷамъбаст карданд. Дӯстӣ ғалаба кард. Аз тарафи донишгоҳ ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.  
Тадбир бо рақсу сурудхонӣ анҷом ёфт.

Асал САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: