ХУШБАХТАМ, КИ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН ГАРДИДАМ

Президент Шавкат Мирзиёев 20 июл ҳангоми вохӯрӣ дар Донишкадаи физикаи ядроӣ бо иштироки намояндагони Академияи улум ва институтҳои илмиву тадқиқотӣ, академикҳо, олимон ва муҳаққиқони ҷавон ногузирии дастгирии ҳамаҷонибаи ходимонеро, ки барои равнақи илми мамлакат хидмат мекунад ва аъзои оилаи онҳо, барои онҳо ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаётро таъкид кард.

Президент Шавкат Мирзиёев 20 июл ҳангоми вохӯрӣ дар Донишкадаи физикаи ядроӣ бо иштироки намояндагони Академияи улум ва институтҳои илмиву тадқиқотӣ, академикҳо, олимон ва муҳаққиқони ҷавон ногузирии дастгирии ҳамаҷонибаи ходимонеро, ки барои равнақи илми мамлакат хидмат мекунад ва аъзои оилаи онҳо, барои онҳо ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаётро таъкид кард.
Роҳбари давлат зимни мулоқот аз тадқиқотҳои илмӣ, шароити зиндагӣ, мушкилиҳои олимон ва муҳаққиқон пурсон шуд.
Котиби илмии Донишкадаи физикаи ядроӣ Сайрамбой Игамов баромад кард ва барои эътибори алоҳидае, ки ба олимон ва зиёиён зоҳир мегардад, имконоти бавуҷудовардаи васеъ ибрози сипос намуд. Ӯ изҳор кард, ки ҳамсари вай, ки дар иттиҳодияи тиббии ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд чун сарлаборанти рентген кор мекунад, аз соли 1993 инҷониб ба шаҳрвандии Ӯзбекистон ноил гардида наметавонад ва дар зимн ӯ дар ин масъала кӯмак намуданро хоҳиш кард.
Сайрамбой ва Наргиза Игамовҳо ду фарзандро тарбия намуданд. Писари калонӣ Донишгоҳи политехникии Турини Тошкандро хатм намуд ва ҳоли ҳозир дар ширкати «Лукойл» меҳнат мекунад ва фарзанди хурдӣ дар Донишгоҳи Инхаи Тошканд таҳсил менамояд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дастгирии олимони шуҷоъ, ки ба инкишофи илм саҳми муносиб мегузоранд, яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад ва дар ин замина гуфт, ки хоҳиши С.Игамов албатта қонеъ хоҳад гардид.
Худи ҳамон рӯз бино бар фармони Президент иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд Д.Ортиқхӯҷаев ба Н.Игамова ботантана шиносномаи шаҳрвандӣ супурд.
– Дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва меҳнат кардам, аммо ба мақоми шаҳрвандӣ соҳиб набуданам маро нигарон мекард, – гуфт Н.Игамова. – Хешовандони наздики ман дар Қазоқистон мебошанд. Ба хотири набудани шиноснома ҳатто дар маросими дафни падарам ҳозир шуда натавонистам, ки аз ин хеле таассуф мехӯрам. Хеле хушҳолам, ки имрӯз соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ гардидам. Хушбахтам, ки ба шаҳрванди Ӯзбекистон гардидан мушарраф гардидам. Ба Президентамон барои ин миннатдорӣ баён мекунам.

Д.СУННАТОВ,
хабарнигори ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: