ХУШБАХТИРО АЗ МЕҲНАТ ЁФТААСТ

Имрӯзҳо дар ноҳияамон як идда занон маҳз ба шарофати меҳнаташон дар байни мардум обрӯву эътибор пайдо кардаанд, ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ сазовор гардидаанд.

Онҳо дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд ва бо меҳнати ҳалол зиндагии худро пеш мебаранд. 
Муҳайё Сатторова дар арафаи Иди бонувон бо амри Президент сазовори ордени «Дӯстлик» гардид. Ифтихор дорад, ки дар кишвари соҳибистиқлол ба мо – занону духтарон таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳаматарафа зоҳир мешавад, мавқеъ ва нуфузи онҳо дар ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ беш аз пеш меафзояд. 
Хабари хуши бо мукофоти давлатӣ сазовор шудани ӯ мардуми Риштонро шоду мамнун намуд. Дарҳақиқат, меҳнати пурсамари чандинсолаи Муҳайё Сатторова қадрдонӣ шуд ва ҳоло соҳибкорӣ ба муҳимтарин ҷодаи ҳаёти ӯ табдил ёфтааст. 
– Ватани биҳиштии мо барои ҳар гуна мутахассис тамоми шароитро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ман низ дар оғози фаъолияти соҳибкориам ба мушкилиҳо дучор шудам ва рафта-рафта аз паси меҳнатам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудам. Ҳоло яке аз занони хушбахти даврон ҳастам, ки ба чунин дараҷаи баланд расидаам, – бо ифтихор мегӯяд Сатторова.
Вай меафзояд, ки минбаъд низ тамоми ҳастӣ ва неруи худро барои рушди соҳибкорӣ сарф хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ ҳар шахсе, ки вақтро дуруст ва пурмаҳсул истифода мебарад, барои амалӣ гардондани орзуҳои худ бо азми қавӣ машғул мешавад, ҳатман ба мақсади худ мерасад. 
– Бе муҳобот гуфта метавонам, ки маҳз бо дастони худ ба чунин пешравиҳо ноил шудаам ва соҳиби молу давлат гардидаам. Дарвоқеъ, баъзан савол медиҳанд, ки ман кадом донишгоҳро хатм кардаам. Посух медиҳам, ки дар оғӯши меҳнат зодаву парварда шудаам ва ҳоло на камтар аз соҳибони маълумоти олӣ барои Ватани азизам бо садоқат хидмат мекунам, – иброз медорад қаҳрамони мо.
Занҳои соҳибкор дар ноҳияи Риштон хеле зиёданд ва дар миёни онҳо чандин нафар соҳиби корхонаҳои кулолгарӣ мебошанд.
Муҳайё мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 12-умро хатм кардааст. Ҳарчанд яке аз аълохонҳои синфашон буд, имкон даст надод, ки таҳсилашро дар ягон мактаби олӣ давом диҳад. Бо вуҷуди ин, рӯҳафтода нашуд ва соли 2002 ба соҳибкорӣ рӯй овард. То соли 2021 ба сифати соҳибкори инфиродӣ фаъолият намуд ва корхонаи оилавии «Сатторова Муҳайёхон»-ро роҳбарӣ кард. 
– Дар айни ҳол сарварии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ММ Porcelain»-и ноҳияи Риштонро ба ӯҳда дорам. Корхона ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба маблағи 791 ҳазор доллари амрикоӣ маснуоти чинӣ содир кард. Гузашта аз ин, борҳо дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ бо маҳсулоти худ иштирок кардам, – мегӯяд ӯ.
Маълум шуд, ки дар корхона 300 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Дар ноҳия бештар аз 150 нафар ҳунармандон ба истеҳсоли маснуоти ороишии чинӣ машғул мебошанд, ки таҳти тасарруфи ин ҷамъият қарор доранд. 
Сатторова худро насли сеюми аҳли ҳунарманди риштонӣ мешуморад. Вай на танҳо зани фаъол, фидокор, меҳнатдӯст аст, балки бонуи хушбахти оилаи намунавӣ низ мебошад.

Аброр ДЕҲҚОНОВ,
ноҳияи Риштони вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: