ХУШДОМАН НИЗ МОДАР АСТ...

Дар оилаҳои арӯсдор баъзан вазъиятҳое ба миён меоянд, ки боиси озурдагии аҳли оила ва хусусан хушдоману арӯс мегарданд.

Сар задани чунин озурдагиҳоро хушдоман аз арӯс медонаду арӯс хушдоманро айбдор мекунад. Дар урфият «Беайб – парвардигор» гуфтаанд. Агар миёни хушдоману арӯс ҳамеша якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром пойдор бошад, он оила осуда шуда, сирри хонадон ба берун намебарояд. Аммо баҳси «хушдоман ҳақ ва ё арӯс?» дар рӯзгори мардуми мо ҳамеша вуҷуд дорад. Ба назари кас чунин мерасад, ки гӯё ҳар ду ба таври худ ҳақанд ва дигарон бошанд, нисбат ба онҳо вобаста ба муносибати шахсӣ ва алоқаи хешӣ баҳо медиҳанд.
Дар ин ҷо мо ба хонандагони «Овози тоҷик» ду мақоларо ҳавола мекунем, ки аз ҷониби як нафар навишта шуда, аммо ҳам аз дидгоҳи арӯс ва ҳам аз даричаи хушдоман ба ин баҳси доимӣ назар андӯхтааст. Муаллифи ин андешаҳои сара – муаллимаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Саодат САНГИНОВА мебошад. Агар ин матолиб фикрҳои касе аз шуморо такон диҳад, метавонед онҳоро ба унвони рӯзнома ирсол намоед. 
Ривоят мекунанд, ки хостгор фиристодаи Яздони пок аст. Вақте духтар ба синни балоғат мерасад, албатта, ӯро хостгорҳо пайдо мешаванд. Баробари омадани хостгор ба он хонадон барака ворид мегардад. Аз ин рӯ, мебояд ҳар як духтардор хостгорҳоро аз кӯча не, балки дар гирди дасторхон, бо сухани ширин гуселонад, то ки ҳамон файз вориди хона шавад. Ҳар як падару модар мехоҳад, ки чунин рӯзи хурсандии фарзандро бинад. Чунки ҳаёти бемақсад ғалберро ба ёд меоварад, ки аз об мегирӣ. Дар он донаи умед нест, ҳама чиз холӣ... Падару модар фарзандро ба хонаи бахт мефиристад, то умедхонае пайдо шавад. Соҳиби қадру қимат шудан ба арӯси хонадон вобастагӣ дорад. Лекин аксарияти ҷавондухтарони мо баъзан орзую умеди падару модари хешро рӯйи об намебароранд. Баъди ба хонаи шавҳар рафтан, на ҳамеша рафтори шоиста мекунанд. Назокату латофат ва ҳалимию хоксорӣ яке аз хислатҳои хуби инсонӣ  ба ҳисоб меравад. Инро баъзан духтарони мо фаромӯш мекунанд. Масалан: «Хонаи падари ман рӯй ба тарафи офтоббаро дораду хонаи шумо не», «Яхдони мо аз нозу неъмат пур буд, аммо азони шумоён холӣ», «Мо ҳар рӯз бо гӯшт хӯрок мехӯрдем, дар оилаи шумо бошад, ин тавр не»...Ё ин ки модарам ин хел гуфтанд;  инро модарам ба ман доданд; ман ҷиҳози зиёд овардам; шумоён дар ивазаш тӯйи хуб накардед ва ғайра. Инчунин арӯсоне ёфт мешаванд, ки тамоми сиру асрори хонаи шавҳарро ба модари худ мебаранд. Хабарҳоеро, ки ҳисси бадбинии қудоҳо мегардаду боиси ҷангу ҷидол мешавад, бештар мерасонанд. Ё рӯзи дароз телефонбозӣ мекунанд. Зуд-зуд ба хонаи падар мераванд. Баъзан аз набудани хушдоман истифода бурда, бе пурсиш мераванд. Агар аз ин хушдоман ранҷад, бо ҳозирҷавобӣ «Ман дар ин хонадон як шавҳар дорам, ки аз он пурсидам» мегӯянд. Охир хушдоман сардори хонадон аст. Лоиқи  эҳтироми шумо, келинони арҷманд аст. Ҳурмат намудан, ба чашми хушдоман рост нигоҳ накардан аз ахлоқи оиладории шарқонаи мо дарак медиҳад. Мо бояд ин арзишҳои ниёгонамонро фаромӯш насозем. Аксарияти модарони имрӯзаи мо хатои духтаронашонро нодида мегиранд. Ба ҳаёти шахсии духтар дахолат мекунанд. Мо – модарон ба духтарони хеш насиҳатомез бояд таъкид намоем, ки акнун ту бояд меҳратро ба хушдоман ва хонаи шавҳарат монда, бо тамоми ҳастият барои ободии рӯзгори худ хизмат намоӣ, иншооллоҳ файзу барака дар хонадонат пайдо мешавад. Аз ривоятҳо мисолҳо оварда, келини ҷавонро ба зиндагӣ дилгарм карда, тайёр намуданамон лозим аст. Келинони ҷавон бояд аз нозукиҳои мактаби рӯзгордорӣ аз хушдоманон дарс гиранд. Ҳангоми душворӣ аз ӯ маслиҳат пурсанд. Хушдоманатон ҳеҷ гоҳ аз кӯмак сарпечӣ намекунад. Ӯ мехоҳад, ки оилааш ором ва дар байни писару келинаш ҳама вақт меҳру муҳаббат бошад. Агар шумо ба хушдоман меҳр диҳед, он садчанд бармегардонад. Маслиҳате, ки бо модар мекунед, бо хушдоман кунед. Ҳеҷ вақт аз болои хушдоман ба касе гапи бад нагӯед. Чунки як рӯз ба гӯши хушдоман мерасад. Ҳама вақт хушмуомила бошед. Шумо дар пеши худ мақсад гузоред, то оилаи намунавӣ  насибатон шавад. Ин гуна оилаи оромро ташкил намудан, ба истеъдоди шумо вобастагӣ дорад. Шавҳарро ба зиндагӣ дилгарм намудан низ яке аз вазифаҳои занонаи шумост: 
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.
Хушдоманро чун модари худ дӯст доред ва ба зиндагӣ бо дасту дили гарм сарбаландона раҳсипор шавед. Арӯси хушдомандорро ба деги сарпӯшдор шабоҳат медиҳанд, ки аз гарду ғубор эмин медорад. Дар тарбияи тифлатон кӯмакрасон аст. Агар шумо як маротиба «модарҷон, ҳамин кӯдакро нигоҳ кунед, ман хӯрок тайёр кунам», ё ки «модарҷон, имрӯз кадом хӯрокро хӯрдан мехоҳед» гӯед, дар ивази ҳамин қадар лутфи шумо хушдоман аз хурсандӣ бол мебарорад, меҳраш нисбат ба шумо зиёд мегардад. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: