ХУШКМЕВА – СОҲАИ СЕРДАРОМАД

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Лорд фрутес» соли гузашта ташкил ёфта буд.

Мо барои бунёди пойгоҳи корхонаи нави хеш аз давлат 650 ҳазор доллар кредит гирифта будем, ки аллакай як қисми қарзи худро пардохтем.
Аз хориҷ дастгоҳи мевахушккунӣ харидем, ки қувваи он  дар як шабонарӯз 10 тонна аст. 
Ҳоло бо хоҷагии фермерии «Ургут яшил олмалари» шартнома баста шуд, ки аз он қариб бист хел маҳсулоти кишоварзӣ ва боғдорӣ қабул карда мешавад. Барои фурӯши маҳсулоти тайёр бо чанд нуқтаи хизматрасонии савдо мулоқоти ҳамкорӣ ороста, дар асоси талаби мизоҷони нозуктабъ маҳсулоти тайёр ирсол мегардад.
Боиси хушнудист, ки дар хориҷа низ харидор пайдо кардем. Ба Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Белорус маҳсулоти мо бо тамғаи «Сохти Ӯзбекистон» рафт, ки арзиши шартномаи ҳамкорӣ 250 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Чанде пеш аз Мексика, Амрико, Булғория, Молдова ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ талабнома ба хушкмева омад.
Ният дорем, ки то охири соли равон даромади умумии худро ба як миллион доллар расонем. 

Машраф ТИЛАКОВ, 
сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Лорд фрутес»-и ноҳияи Ургут
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: