ХУШКМЕВА ВА НАФЪИ ОН

Солҳои пеш беморонро бо гиёҳҳои дорувор, мева ва тухму пӯсту қоқи он табобат мекарданд.

Солҳои пеш беморонро бо гиёҳҳои дорувор, мева ва тухму пӯсту қоқи он табобат мекарданд. Дар солҳои гуруснагӣ ё қаҳтӣ бошад, бо як каф мавиз ё 4-5 дона ғӯлинг рӯз мегузарониданд. Мо – авлоди баъди чандин даҳсолаҳои ин воқеаҳо ба дунёомада фикр мекунем, ки оё одамони он замон аз беқувватию бевитаминӣ азоб накашида бошанд? Азбаски витаминҳо дар меваи хушк нисбат ба ҳолати тару тозаашон бештар аст, шояд аз бевитаминӣ он қадаре ки мо тасаввур мекунем, азият накашида бошанд.
Имрӯз мо лозим шуморидем, оиди ҷиҳатҳои фоидабахш, микроэлемент ва витаминҳои ду намуди хушкмеваи маъмултарин – мавиз ва ғӯлинг мулоҳизаҳоямонро баён кунем.
Азбаски дар таркиби мавиз моддаҳои оҳан, калий, хлор, магний, фосфор ва витаминҳои гурӯҳи В зиёд аст, дар зимистон  ва аввалбаҳор, ки дар организми инсон норасоии витамин ба дараҷаи ҳисшаванда муайян мешавад, хеле зарур аст. Калий ва магний ба касалиҳои дил ва рагухун, оҳан бошад, барои пешгирии камхунӣ фоидаовар аст. Духтурон мавизро барои бақувватдароии баъди касалӣ ва мустаҳкам кардани иммунитет тавсия медиҳанд.
Мавизи навъи тоифии ангур ба меъда, ҷигар, гурда шифо, ба чашм нур мебахшад.
Агар дар бемор ташхиси камхуниро гузошта бошанд, ба он баробари мавиз оби онро низ тавсия мекунанд. Барои ин ба пиёла 10 дона мавиз ва ба болои он оби гарм рехта мемонанд, ки то пагоҳии рӯзи дигар, бояд дам хӯрад. Дар наҳор нӯшидани шарбати он шираи хунро ба меъёр меорад.
Мавиз азбаски ба пешобравӣ таъсири хуб мерасонад, барои касалиҳои гурда низ пешбинӣ мешавад. Ба стоматит, шамолхӯрии милк ва сулфа шифо мебахшад. Омехтаи мавиз бо шираи пиёз ба дарди гулӯ даво мешавад. Касоне, ки аз бӯйи нохуши даҳон ва бемории асаб азият мекашанд, бояд мавиз истеъмол кунанд.
Аммо мавиз барои касоне, ки касалии норасоии дил, фарбеҳӣ, диабети қанд ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта доранд, зарарнок аст.
Оиди ғӯлинг воқеаеро шунида будем, ки шояд шумо низ онро шунида бошед.
Як ҳамдиёрамон, ки норасоии дил азияташ медод, барои шифо ба Ҳиндустон меравад. Ӯ баъди таҳлили хун ва санҷиши дуру дароз муолиҷаро интизор мешавад, духтур ба ӯ доруе, ки ҳаҷми он нисбат ба доруҳои доимӣ калонтар аст, меорад ва таъин мекунад, ки ҳар рӯз аз он ба таври доимӣ истеъмол кунад. Бемор вақте ки коғазро кушода, ба ҷойи дору ғӯлингро мебинад, ҳайраташ дучандон мегардад. Ман ба Ҳиндустон барои ғӯлинге, ки дар будан ва ё набудани он эътиборе намедодам, омада будам, мегӯяд бо ҳазлу шухӣ он бемор.
Ғӯлинг манбаи бебаҳои калий ба шумор меравад, аз ин сабаб ба бемории дил ва профилактикаи касалиҳои онкологӣ тавсия мешавад.
Дар таркиби ғӯлинг он модда ва минералҳое, ки барои саломатии инсон зарур аст, мавҷуд мебошад. Дармондоруҳои А, В, С, калий, магний, оҳан, фосфор, глюкоза, фруктоза, сахароза аз ин ҷумлаанд. Ғӯлинг ба рӯдаҳо таъсири мусбӣ мерасонад, касоне, ки бо меъёр ғӯлинг мехӯранд, рӯдаашон безобита намекунад.
Ғӯлинг ба анемия, беҳтар намудани ҳолати пӯст ва мӯй таъсири хуб мерасонад. Фоиданокии ғӯлингоб нисбат ба ғӯлинг бештар аст. Барои ин 10-15 дона ғӯлинги сараро шуста, ба зарфи чинӣ ё шишагин андохта, ба миқдоре, ки оби ҷӯш онро зер мекунад, бояд андохт. Баъде, ки оби ҷӯш хунук шуда, шираи он бо об омехта мешавад, бояд истеъмол кард. Ғӯлингоб ба дил қувват мебахшад.
Хушкмеваҳоро бояд эҳтиёткорона истеъмол кард. Масалан, касонеро, ки бемории диабети қанд, меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, аллергия безобита мекунад, бояд аз чунин қоқ даст кашанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи меваҳо барои саломатӣ зарур ва фоидабахшанд, аммо аз меъёр зиёди онҳо зарар дорад.

Муҳаммадакмал СОАТОВ,
Марзия СОАТОВА, 
дорушиносон.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: