ХУШО ШЕЪРЕ, КИ АЗ ҲАР МИСРААШ МАЪНӢ БАРДОРӢ

Шеър ҳиссиёти нозуку нафиси ботинии шоир аст.

Шоир он чизеро, ки мо наметавонем бубинему даркаш бикунем, мебинад, хеле хуб эҳсос мекунад ва онро барои мо – хонандагон ба риштаи тасвир мекашад. Вақте тасвир бо каломи мавзун ва саноеи бадеӣ омезиш меёбад, мавзӯю моҳият ва мақсади шоир пешорӯйи хонанда ҷилва мекунад. Дар сафҳаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб”, шеъре, ки орӣ аз тасвироти бадеӣ бошад, ба назар намеояд ва ҳамаи шоирони муосир, чӣ дар жанрҳои классик ва чӣ шеъри нав кӯшиш бар он доранд то хаёлоти ниҳонии хешро бо зевари табъ ороста, манзури мухлисони шеър созанд. Аз ҷумлаи ин шоирон Масъуди Мирзост, ки гоҳ-гоҳе рӯйи ин сафҳаҳо гавҳари андешаеро аз қаъри қалби хеш берун меорад.
Чанд шеъре, ки ӯ барои мутолаа гузоштааст касро ба огоҳиву худшиносӣ, эҳёву посдории арзишҳои миллӣ, гиромидошти хоки поки Ватан, меҳри модар, одампарастиву муҳаббати самимӣ варзидан даъват менамоянд. Шоир дар шеъри зер муваффақ бар он аст, ки дар симои каҳрамони лирикии “мо” халқеро таҷассум гардонад, ки дар ҳама давраҳою таҳаввулоти таърихӣ аслу насли хешро ҳифз карда, то ба имрӯз расидааст, аммо аз мавҷудияти ин қавми худогоҳу худшинос на ҳама огаҳии комил доранд. Шоир матлаи шеърро аз тасвири чашмаи зулоли Сӯх, кӯҳи осмонбӯсу санги диёр, сабзаҳои пуштазорон ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз мавзеъҳои таърихиву таърихи халқ ёдовар шуда, дар ғафлат набудану намонданро таъкид мекунад:
Моро надод иҷозати олудагӣ ба бад,
Оби зулоли чашмаи кавсартабори Сӯх.
Мо оташи муҳаббатем аз синаҳои санг,
Мо сабзаи идоматем аз пуштазори Сӯх.
Дарҳақиқат, об манбаи ҳаёт, сарчашмаи зиндагӣ ва покизагӣ аз ҳамагуна олудагиҳост, тасаввури пок будан бидуни об ғайри имкон аст. Пас, об неъмати илоҳист, ки тоза доштани он барои мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Бинобарин, оби зулоли чашмаи Сӯхро аз табори оби чашмаи (ҳавзи) Кавсар гуфтани шоир бесабаб нест, зеро ҳамин оби чашмаи Сӯх қаҳрамони шеъри шоирро аз ҳамагуна олудагиҳои зоҳириву ботинӣ эмин медорад, то барои онҳо нӯшидан аз оби Кавсар муяссар бошад.
Агар дар дили инсон шарораву оташи муҳаббат нест, пас он дил нест. Диле, ки ба ёди ёру диёр, хешу табор наметапад, чӣ дил аст? Шоир ба санги диёр ҳам муҳаббат дорад, аз синаи санг муҳаббат намеҷӯяд, балки дар дили санг ҳам муҳаббати худро ғунҷоиш медиҳад. (Шоир ҳамин маъниро дар шеъри “Салом, эй Сӯх” боз ҳам барҷастатар тасвир карда, ба Сӯхе, ки чун гулдаста дар сангу сангистон шукуфтааст, пайғому дуруд мефиристад: ”Салом, гулдастаи бишкуфта андар сангу сангистон”).
Фарзандон идомадиҳандаи ҳаёт ва пайвандгари дирӯзу фардои насли одаманд. Ибораи “сабзаи идомат” насли ҷавону имрӯзии диёр аст, ки дар пуштазорони Сӯх чун сабза сабзидаву ба камол расидаанд ва аз ниёгони хеш бори гаронеро бар пушт ба орият доранд ва онро бояд ба насли фардо супоранд. Ин бори гарони орият аз гузаштагон – ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, дин, забон, миллат, урфу одатҳои миллии мардумист, ки тӯли қарнҳо ташаккул ёфта, имрӯз ба дӯши онҳост. Имрӯз дар ин сарзамин сабзаҳои идомат ба камол расида, зиндагонӣ ҷӯш дорад ва мардуми он аз чашмаи оби зулолаш нӯш доранду ҳамин чашмаи софу беғубори кавсартабор ин мардуми шарифро пок аз олудагиҳо нигоҳ медорад, бигзор, ки чунин бимонад.
Моро надод иҷозати осон қадам задан,
Дар кӯраҳои зиндагӣ пайроҳаи Лазар.
Мо саҳли аз ниҳояти мушкил расидаем,
Мо амни вораҳидаем аз панҷаи хатар.
Ҳама инсон дар чорсӯи зиндагӣ қадам мезанад гаҳе осон, гаҳе мушкил. Ва ин осониву мушкилии гом бардоштану мондан ҳам аз сиришту сарнавишт асту ҳам аз муҳит (табиию воқеӣ, иҷтимоию сиёсӣ) вобастагӣ дорад. Дар тасвири шоир пайроҳаи пурпечутобу ноҳамвори кӯҳи Лазар пайроҳаи пурпечутоби зиндагист, ки роҳ рафтану ба қуллаи баланди кӯҳ баромада тавонистан маънии ба манзили мақсуд расиданро дорад ва ҳар кас ҳам наметавонад ин пайраҳаро тай бинмояд. Инсонҳое, ки аҳланд ва аз мушкилоти пайраҳаи зиндагӣ ҳарос надоранд, албатта, ба манзили мурод ба осонӣ расида метавонанд ва муддаои муаллиф низ таъкиди ҳамин нукта аст, ки бо ин ҳама мушкилиҳои роҳпаймоӣ дар пайроҳаи зиндагӣ бо амният аз хавфу хатар дар амон мондаем... Истифодаи санъати тазод дар байти чаҳорум (саҳл – мушкил, амн – хатар) дар барҷастатар ба тасвир овардани маъниву матлаби муаллиф нақши авҷӣ (кулминатсионӣ) касб кардааст.
Моро надод иҷозати ноогаҳӣ зи худ,
“Оинасанг”-и Суратӣ, “Санги навишта”-ат.
Сад войи ғафлати ману даҳҳо муаррихат,
Нанвишта аст то ҳанӯз роҳи наваштаат.
Мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои моддӣ гувоҳи зиндаи безабони таърихи халқу диёр аст. Аз номи онҳо пай бурдан душвор нест, ки чӣ қуввату қудратеро дар худ ғунҷоиш додаанд. Оиди ин гуна мавзеъ ва ёдгориҳо ривоятҳои куҳане вуҷуд доранд, ки қисме аз онҳо ба ҳақиқати зиндагии давраеву замоне гувоҳӣ медиҳанд. Мавзеи Оинасанг дар кӯҳи Суратии Сӯх ҷойгир аст ва аз номаш маълум, ки дар он акси худу дигаронро дидан мумкин аст. Шоҳ Бобур, ки тавассути Сӯх озими Кобул гардида буд, муддате дар ин макон зиста ва дар китоби “Бобурнома”-и худ роҷеъ ба Санги оина маълумоти муфассале гирд овардааст. Мақсад аз ёдоварии маҳз аз ин мавзеи таърихӣ чист? ”Оинасанг” як оинаи таърихи халқи мост. Бори дигар ба ин санги мӯъҷизавӣ назар афкандан ва дар дили Санги оина гузаштагони худро дида тавонистану огоҳ будан аз таърихи дуру наздики халқи худ муддаои шоир аст. Зеро халқе, ки ба гузаштаи худ эҳтиром намегузорад, чӣ гуна мардуми худогоҳу ояндасоз бошанд? Мавзеи “Санги навишта”-и Сӯх ҳам таърихи куҳане дораду дар ин хусус ривоятҳои ҷолибе мавҷуданд, ки нақли он мавзӯи дигар аст. 

Ҷумъаи ҶАМОЛ, 
устоди  Донишгоҳи 
давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: