ХУШҚАДАМ

Агар дониста пойи худ гузорем, Ҳамин раҳ мебарад то дур моро. (Лоиқ Шералӣ)

Инак, устод Баҳриддин Тоҷиддинов синни мубораки 60-ро пур мекунад. Ба чеҳраи устод дида медӯзаму ҳеҷ боварам намеояд, ки 60-сола шуда бошад. Аслан танҳо ман не, балки дигарон ҳам ба ин боварашон намеояд. Чаро, ки ӯ воқеан чеҳраи ҷавоннамо дорад. Ба чеҳраи ӯ дида медӯзаму пеши назарам симои ҷавони навхати 22-сола зинда мегардад.
Соли 1980. Мо дар синфи 3 мехондем. Ба мактабамон се-чор нафар муаллимони нав омаданд. Баҳриддин Тоҷиддинов яке аз онҳо буд, ки навакак факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айниро хатм карда омада буд. Ба синфи мо ба тариқи озмоиш роҳбар таъин шуд. Ба рӯи мо дари олами наве боз шуд. Тамоми ҳаракати Тоҷиддинов барои мо хонандагони синфи ибтидоӣ тамоман нав буд. Тарзи либоспӯшӣ, роҳгардӣ, суханронӣ, тозагиву озодагӣ, дарсгузарӣ ҳамааш шавқу ҳаваси моро меафзуд. Ҳатто аксари шарикдарсонам ҳаваси худро ошкор карда мегуфтанд, ки оянда мисли устод мешавем. 
Баъди камакак вақт ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба синфҳои болоӣ дарс медод. Вақт гузашт. Мо ҳам ба қатори синфҳои болоӣ даромадем. Ӯ ба дарсҳои забон ва адабиёти тоҷики мо ҳам медаромад. Ба ҳар дарс бо китобҳои бадеӣ ва дигар аёниятҳои хос даромада, дарсҳои забону адабиётро тавре мегузашт, ки иштиёқу ҳаваси мо боз болотар мешуд.
Баҳриддин Тоҷиддинов бо ду қадами мубораки худ дар хонандагони синфҳои болоии мактаб ҷунбиши куллӣ ба амал овард. Аз ҷумла маро ба олами эҷод раҳнамун сохт. Қадами аввал, ба тамоми хонандагони синфҳои болоӣ дар дарси адабиёт ташкили дафтарчаи шеърро ба роҳ гузошт. Талаб гузошт, ки ҳар талаба ба дафтарчаи шеъраш шеърҳои шоирони мумтозу муосирро навишта гирифта, азёд кунад. Ба дарси адабиёт ягон хонандаро бе дафтарчаи шеър даромадан намемонд. Ин натиҷаи худро дод. Ҳатто хонандагони сустхон ҳам дафтарчаи хубу зебои шеър ташкил карда, шеърҳоро азёд мекардагӣ шуданд. Дар ман ҳисси дилбастагӣ ба шеър пайдо шуд.
Қадами сонӣ, дар дарси адабиёт вақте навиштани иншо мешуд, як партаи синфро ба назди тахтаи синф бароварда, тамоми китобҳои адабиёт ва дафтарҳои талабагонро ғундошта, рӯи парта мегузошт. Пас мавзӯъҳои иншоро ба тахтаи синф навишта, мефармуд, ки иншо нависем. Ана ҳамин чиз аксарият, аз ҷумла маро ба эҷод ҳидоят сохт. Ростӣ, ба худ боварӣ надоштам, ки дар бораи шоирони классик ва асарҳои онҳо аз хотирам иншои мукаммал нависам. Бинобар бештар мавзӯи озодро интихоб карда, ба таври худ эҷод мекардам. Муаллим бошад, ба иншои озоди ман, шояд нисбати дигар шарикдарсонам беҳтар бошад, баҳои аъло мегузошт. Ин бошад, маро боз ҳам рӯҳбаланд месохт, ки мустақилона эҷод карда тавонистаам... Ва ин чиз воқеан маро эҷодкор сохт... 
Дарвоқеъ, худи муаллим низ эҷодкор. Аллакай синфҳои 9-10 хонданамон мақолаву хабарҳои муаллим дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), «Ҳаёти нав» (ҳоло «Садои Сӯх») чоп мешуд. Ман, ки аллакай завқам нисбати эҷод зиёд гашта буд, навиштаҳояшро гаштаю баргашта хонда, сабку усул ва забони эҷод меомӯхтам. 
Вақту солҳо гузашту дар ҷодаи эҷод низ қадамҳои хосашро пай бурдам. Аввал ин ки забони навиштаҳояш хеле равон, самимиву дилнишин ва шевову фаҳмост. Ба назар навиштаҳояш хеле осон метобад, лекин чунин навиштан, пеш аз ҳама, забони ғанӣ ва заҳмату ҳунари волои сухангустариро тақозо менамояд. Сониян, ӯ ҳар як навиштаашро бо шоҳбайтҳои шоирони мумтози тоҷик оғоз мекунад, ки ин ҳам ҳусни мақоларо меафзояду ҳам мазмуну муҳтавои онро равшантар месозад. Дар баробари ин ба хонанда аз рӯзгору зиндагӣ ва ҳунари волои суханварӣ сабақ медиҳад. Яъне, ӯ  бо навиштаҳои худ низ хонандагонро таълиму тарбия медиҳад, муаллимӣ мекунад. Ин бошад, далели дилбаставу шайдои шеъри ноби тоҷикӣ будани ӯст. Бояд гуфт, ки вай дар як қатор озмунҳои рӯзномаҳои маҳалливу ҷумҳурӣ бо мақолаҳои публитсистии худ иштирок намуда, ғолибият ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар озмуни «Фурӯғи маънӣ»-и ноҳия (соли 2012) аз рӯи мақолаи беҳтарини сол ғолиб дониста шуд. Навиштаҳои публитсистию бадеӣ, андӯхтаҳову ҳикоятҳои пур аз панду ҳикматаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Ҷилои ахтарони Сӯх» (соли 2002), «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон» (чопи Эрон, бо ҳуруфоти форсӣ) ва «Фурӯғи маънӣ» (соли 2012) ҷо гирифта, ба дасти ҳаводорони сухани ноб расидааст. 
Гуфтан мумкин аст, ки пайи қадами мубораки устод Баҳриддин Тоҷиддинов дар тамоми паҳлуҳои ҳаёт алоҳида намоён аст. Ҳанӯз вақти мактабхонӣ шунида будем, ки ҳамсари устод аз Сӯх не, аз  Ҷиззах будааст. Он вақт ин хел ҳолат дар Сӯх хеле кам рух медод. Барои ҳамин ин ҳолат низ барои мо нав буд. Вақти таҳсил дар Самарқанд ба ҳамкурсаш аз деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Райҳоной дил баста, оиладор шудааст, ки ҳоло яке аз оилаҳои беҳтаринанд. Райҳоной, ки ҳамроҳи ӯ дар Самарқанд таҳсил намудааст, 28 сол дар мактаби рақами 7 муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда, чун муаллим бо «Ифтихорнома»-ву унвони Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон қадр гардидааст. 4 нафар фарзанд – 3 писару 1 духтар ҳама хушхулқу баодобанд. Писари калонӣ Сумбулҷон – тадбиркор, дуюмӣ – Фирдавс – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 7, сеюмӣ Вафодор – донишҷӯи курси дуюми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Заррина бошад, кадбонуи хуби як хонадони хушбахт.  
Ана ҳамин қадамҳои мубораку устувор Б. Тоҷиддиновро ба кӯи мурод, ба кӯи хушбахтиву саодати инсонӣ расонидааст. Онҳо дар оилаи падар 9 нафар додару хоҳаранд. Ҳама дар маҳалли зист намунаи дигарон. Дар оилаи Тоҷиддиновҳо меҳру оқибат ва ҳурмату эҳтирому қадрдонии якдигар хеле баланду устувор аст. Ба меҳрубониву дилсӯзии ҳар аъзои ин оила ҳаваси кас меояд. 
Ба гирифтани нишони сарисинагии «25 солагии истиқлолияти Ӯзбекистон» мушарраф гаштааст.
Ҳақиқати зиндагӣ аст, ки:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.

Аҳрори МАҲМУДЗОД,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: