ХУСРАВ

ҒАЗАЛҲО

Эй баҳор 

Дар замири ман амал кун, эй баҳор, 
Кулли дарду ғусса ҳал кун, эй баҳор. 

Чун ба сарвақти нафас дер омадӣ, 
Вақти баргаштан ҳаял кун, эй баҳор... 

Соҳиби девони борон бошӣ ту, 
Сар ба эҷоди ғазал кун, эй баҳор. 

Чун намудӣ рӯзи нав эҳдои халқ,
Кори худро бехалал кун, эй баҳор. 

Далву ҳут бигзашт аз тақвими умр, 
Хезу пардози ҳамал кун, эй баҳор.

Вожаҳои зарди осори маро 
Бо каломи худ бадал кун, эй баҳор. 

Эй ишқ, салом аз ман

Дар дафтари дил ҷо шав, эй ишқ, салом аз ман,
Ҳарфе пури маъно шав, эй ишқ, салом аз ман.

Зардолуи ҷони мо гул баст, умеде ҳаст,
Наврӯз шуд, эҳё шав, эй ишқ, салом аз ман. 

Аз вазн бипарҳезӣ в-аз қофия бигрезӣ, 
Чун шеъри нав иншо шав, эй ишқ, салом аз ман. 

То нуқсу камоламро дар зиндагӣ бишносам,
Оинаи ҳоло шав, эй ишқ, салом аз ман.

Дар пушти нигаҳ то кай? Ангури дилам шуд май,
Дар дида муҳайё шав, эй ишқ, салом аз ман.

Бе ту қадаме  нанҳам, чун баста бувад роҳам, 
Пас ҳодии дилҳо шав, эй ишқ, салом аз ман.

Дар ин дами фарвардин ҳамсоғари гулҳо бош,
Пас ғунчасифат во шав, эй ишқ, салом аз ман.

Сарводаи руҳ астӣ, ҳам киштии Нуҳ астӣ,
Ҳиммат куну дарё шав, эй ишқ, салом аз ман.

Ҳам кӯзаи армонӣ, ҳам чашмаи виҷдонӣ,
Маҷмӯи таманно шав, эй ишқ, салом аз ман.

Бошад истисно баҳор

Менамояд вожа-вожа шеъри нав иншо баҳор,
Мебиёяд бар ҳарими ҷони ман танҳо баҳор.

Фаслҳоро метавон сарфи назар карду гузашт,
Лек андар ин миёна бошад истисно баҳор.

Бояд овони ҷавонӣ лолаи уммед чид,
Зиндагии баргҳоро медиҳад маъно баҳор.

Мебарам бар шеъри беқофияи борон ҳасад,
Қитъаҳояшро нависад содаву фаҳмо баҳор.

Чун маро тасхир карда ҳар як эъҷози табиат,
Дил таманно мекунад бошад ҳама дам бо баҳор.

Ишқ, яъне, хатти настаълиқи девони дил аст,
Ҳарфҳояшро намехонад касе илло баҳор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: