ХУСУСИЯТҲОИ СЕМАНТИКИИ ИСТИЛОҲИ “ЗУЛФ” ДАР ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Аз таърихи таҳаввул ва ташаккули тадриҷии забони форсӣ-тоҷикӣ аён аст, ки истилоҳи “зулф” ба сифати вожаи сермаъно ва семантикӣ дорои аҳамияти махсуси бадеиву илмист.

Аз таърихи таҳаввул ва ташаккули тадриҷии забони форсӣ-тоҷикӣ аён аст, ки истилоҳи “зулф” ба сифати вожаи сермаъно ва семантикӣ дорои аҳамияти махсуси бадеиву илмист. Аз ин нуқтаи назар “зулф” дар назми классикии форс-тоҷик ба маъноҳои рамзи зебоӣ, унсури латофату ҳусн, сифати маъшуқу пардаи чеҳраи он, манбаи дилрабоиву дилкашӣ ва ҳусну ҷамоли Ҳақ, ҷозиба ва қудрати беназири ишқи илоҳӣ корбаст шудааст. 
Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” истилоҳи “зулф” дорои ду маънӣ аст: якум ба маънои “дастаи борики мӯйи сар, ки занон ба баногӯш оварда, тоб дода ва ё каҷ карда, худро оро медиҳанд” ва дувум “ҳалқаҳои филизии ороиши ҷилави асп”. Ва барои боз ҳам ба таври равшантару аниқтар шарҳ додани маъноҳои вожаи мазкур ибораҳои гуногуне ба мисли зулфи дароз, зулфи сиёҳ, сари зулфи ёр, зулфи мушкин ва монанди инҳо оварда шудаанд. Истилоҳи “зулф” дар ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ ба маъноҳои аслӣ-лексикӣ, маҷозӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ ва фалсафӣ, бадеӣ, эстетикӣ, иҷтимоиву ирфонии шоир хидмат кардааст. Ҳамчунин бо мақсади ифода намудани ғоя, андеша, ақида ва идеяҳои шоирона дар шаклҳои таркибу ибораҳои гуногун мавриди истифода қарор додааст: зулфи арӯс, зулфи дуто, зулфи пурхаму шикан, гесӯи пурпечутоб,  зулфи парешон, зулфи пароканда, кокулу мӯи нобофта, зулфи каҷ ва хамида, зулфи хол, зулф чин сохтан, зулф ба хуни касе шикастан, ба сари зулф гап задан ва амсоли инҳо ...
Бо ин мақсад баъзе байту мисраъҳои ин шоири шаҳирро аз ин дидгоҳ мавриди таҳлил қарор додем. Аз ҷумла:
Зулфи бутон ба гардани 
шерон ниҳод каманд,
Озодии диле, ки бад-ин 
дом асир нест. (8, 09).
Калимаи “зулф” ин ҷо ба маънои рамзи зебоӣ, унсури латофату ҳусн, манбаи дилрабоиву дилкашӣ, воситаи ба худ гирифтор намудану ба худ тобеъ намудан аст. Зеро каманд ниҳодани зулф бар гардани шерон кинояи ба ишқ гирифтор шудани мардони асилу бузург аст, ки нишонаи он вожаи “шерон” аст. Аз ин рӯ, ин ҷо калимаи “шерон” бо образи “дил” ва калимаи “каманд” ба образи “зулф” таносуби маъноӣ дошта, барои шарҳу тафсири таносуби маъноии байни ҳамдигар корбаст гардидаанд. Аммо образи “дил” ин ҷо бар муқобили образи “зулф” оварда шудааст, зеро он ба маънои дили озоду қалби аз ишқу ошиқӣ холӣ истифода гардидааст. Яъне шоир ин ҷо дили беишқу муҳаббатро ситоиш намуда, дили озоду маҳбусу асири доми ишқ набударо мепарастад. Нишонаи бечораву беилоҷ ва беимкон будани одамӣ дар назди ишқу ошиқист. 
Зиҳӣ намуда аз он зулфу 
холу орази хуб, 
Яке саводу дувум нуқтаву 
саввум мактуб   (8. 40).
Дар ин байт шоир таносуби маъноии чанд калимаро паиҳам оварда, истилоҳи “зулф”-ро бо “савод”, “хол”-ро бо “нуқта” ва “ораз”-ро бо “мактуб” мантиқан пайвастааст. Пас, гап дар сари “зулф” бошад, он тааллуқ дорад ба ранг ва ранги зулмониву торику шаб. Аммо аз ҷиҳати дигар маҷозан ба маънои мушкилоту банду гиреҳ ва мусибатҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Яъне, манбаи доғу ноумедӣ, нобаробариҳову ранҷу азоб ва побанду маҳкумӣ аст. Аз ин ҷост, ки маънои маҷозӣ ва ирфонӣ-тасаввуфии истилоҳи мазкур ба ҳамдигар қаробат доранд. 
Дар асоси як мақола масъалаи мазкурро бо тамоми паҳлӯҳояш ҳаллу фасл намудан корест мушкил. Кӯшиш менамоем, ки дар мақолаҳои навбатӣ оиди ҳамин мавзӯъ баъзе фикру мулоҳиза, мушоҳида ва пешниҳодҳои хешро рӯйи коғаз оварем.
  
Сӯҳбатҷон НУРАЛИЕВ, 
муаллими забон ва адабиёти тоҷики 
мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: