«ИБНИ СИНО – ГАВҲАРИ НОЁБИ ТИББИЁТ»

Чунин ном дошт анҷумани бошукӯҳи байналхалқии илмӣ-амалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд бахшида ба 1044-солагии Ибни Сино баргузор гардид.

Дар чорабинии пуршукӯҳи хотирнишон, ки ба омӯзишу равнақи мероси гаронбаҳои алломаи Шарқ бахшида шудааст, беш аз 50 нафар мутахассисони баландихтисос аз Эрон, Ҳиндустон, Русия, Туркия, Австрия ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҷонишини вазири нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон Элмира Боситхонова ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки олими бузурги қомусӣ Ибни Сино дар илми тиб хидмати шоиста расонидааст ва асарҳои безаволи ӯ барои тиббиёт хеле пурарзиш мебошанд. Боиси хушнудист, ки намояндагони Эрон рубоиёти ӯро ба забони тоҷикӣ қироат карда, таъкид намуданд, ки дар Теҳрон ба эҷодиёти Ибни Сино мардум таваҷҷуҳи хосса доранд. Баҳодури Зоҳир.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: