ИБОРАТ АЗ ГУЛУ РАЙҲОН ВАТАН

Мардуми шарафманди диёри мо ҷашни пуршукӯҳу фархунда ва хотирмони истиқлолро таҳти ғояи асосии 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз!» истиқбол намуданд.

Ғами халқ асли истиқлол 
бошад,
Ҳамоҳангӣ хушистиқбол 
бошад!
Мардуми шарафманди диёри мо ҷашни пуршукӯҳу фархунда ва хотирмони истиқлолро таҳти ғояи асосии 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз!» истиқбол намуданд. Ба ҳар ҳол васфи Ватани ҷоноҷону дастовардҳои назарраси онро хотиррасон намудан бароямон корест пурсавоб ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Эътироф бояд намуд, ки пас аз соҳибистиқлолиро ба даст овардан дар кишварамон корҳои шоиставу хайрхоҳонае рӯйи кор омаданд. Дар нахуст арзишҳои миллӣ барқарор гардид. Эҳтирому нигаҳдошт ва барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ худ нишонаи гуфтаҳои боло мебошанд. Кушодашавии садҳо корхонаҳои иқтидораш баланд, ҳамкорӣ бо ширкатҳои сернуфузи хориҷӣ, ҷалб намудани сармоядорони хориҷӣ, ободу зебо ва ба таври замонавӣ ривоҷ додани пойтахти кишвар – шаҳри Тошканд ва дигар вилоятҳо ба он оварда расонид, ки рушди иқтисодиёт дар кишвар зина ба зина боло рафт ва имрӯзҳо низ дар арсаи ҷаҳонӣ Ӯзбекистон чун як кишвари тинҷу осоишта ва дорои имкониятҳои баланд вирди забон буда, дар миқёси дунё низ бо роҳи пешгирифтааш ҷойҳои намунавиро ишғол менамояд.
Ӯзбекистони навини мо бо доро будан ба заминҳои зархезу серҳосил, обу ҳавои мусоид ва мардумони меҳнатдӯсту меҳмонпарвараш намунаи ибрати аҳли ҷаҳон мебошад. Ҳамин аст, ки ҳар нафаре ба кишвари мо ба меҳмонӣ ва ё сайёҳӣ меояд, албатта бори дигар ба кишвар қадам ранҷа намуданро ният мекунад. Ин ҳам бошад, барои ҳар як шаҳрванд, барои ононе, ки дар ин диёри биҳиштосо зисту зиндагонӣ менамоянд, бахти нек мебошад. 
Пас ин ҷо суоле ба миён меояд. Вазифаи мо шаҳрвандон аз чӣ иборат аст ва ё ин арзишу қадриятҳои истиқлол ба мо ҳадянамударо чи гуна нигаҳ бояд дорем. Дар ҳамин замина гуфтанием, ки дар баробари ифтихор намудан аз Ватани соҳибистиқлолу озоду обод бояд дар навбати аввал дӯстдори ин Меҳани пурқиммат бошем. 
Бешубҳа, дӯст доштани Ватан аз оила, маҳаллу гузар ва манзили истиқомативу зодгоҳи кас шурӯъ мегардад. Зеро худ аз худ маълум аст, ки Ватан мову шуморо дар канор гирифт, бо ноз парварид ва баҳри дар ҳаёт қадамҳои устувор гузоштан дари имкониятҳоро боз намуд. Ба қадри ин ғамхориҳое, ки онро ба меҳри модар низ ташбеҳ медиҳанду дар тавъам Ватан-Модар низ ном мебаранд, бояд бирасид. Ватан такягоҳи пурқувват, маъвои беҳтарин ва манзили ободу озоди мост. Ҳар шаҳрванди он бояд фахри бепоён дошта бошад, ки дар чунин Ватане умргузаронӣ менамояд, ки саропо аз гулу райҳон иборат буда, мардумонаш саховатманду хайрхоҳ, меҳмоннавозу инсонпарвар мебошанд. Бар замми ин, кишвари мо дорои неъматҳои фаровон буда, хоки зархези он файзу баракати беканоре дорад. Аз ин рӯ, биёед баҳри ободиву бунёдкориҳои аз ин ҳам азимтар камари ҳиммат бубандем ва аз ҳама муҳимаш доимо дар шарёни мо меҳри Ватани ҷоноҷон ҷӯш занад. 

С. МУҲАММАДҶОН.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: