«ИБРАТ» БА ТУРКИЯ МЕРАВАД

Дар ҷараёни сафари Сарвари давлатамон ба вилояти Андиҷон моҳи феврали соли равон вазифаҳои марбут ба рушди фаъолияти театри мактабҳои «Турон» муайян карда шуданд.

 Бар асоси ин вазифаҳо Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон бори аввал озмуни театрии мактаббачагони «Турон»-ро баргузор кард.
Бухорои бостонӣ ва ҷовидона дар марҳилаи ҷумҳуриявии ин чорабинӣ, ки дар рушди фарҳангу санъати театрӣ, ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии маънавии донишҷӯён нақши муҳим мебозад, мизбонӣ кард. Дар таркиби 14 командае, ки дар марҳилаҳои вилоятии озмуни се рӯз давомкарда дар театри драмавии мусиқии вилоят ғолиб омадаанд, 142 нафар мактаббачагон иштирок намуданд. Тибқи низомномаи мусобиқа дастаҳо иборат аз хонандагони синфҳои 7-8  як ҷамоа шуда, аз рӯйи се шарт рақобат карданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти ниҳоии мусобиқа дастаи «Ибрат»-и вилояти Навоӣ сазовори ҷойи аввал ва дастаи «Пайравони Ибрат»-и вилояти Намангон ҷойи дуюм гардиданд. Ҷойи сеюм насиби намояндагони дастаи «Тонг Нур»-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон гардид.
Ғолибону ҷоизадорон ботантана қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин ба дастаҳо дар номинатсияҳои гуногун диплому ҷоизаҳо супурда шуданд.
Тибқи шартҳои озмун аъзои дастаи «Ибрат»-и вилояти Навоӣ – ғолиби марҳилаи ҷумҳуриявӣ имкони сафари таълимӣ ба Туркияро пайдо карданд.
Дар маҷмааи Пойи Калони шаҳри Бухоро маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони озмуни театрии мактаби «Турон» баргузор шуд. Дар он ҳокими вилоят Ботир Зарипов, вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Ҳилола Умарова, актёрону ҳунарпешаҳои маъруфи кишварамон, ходимони фарҳанг ва  намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ баромадкунандагон эътироф намуданд, ки озмуни театрии мактаббачагони «Турон»,  ки бори аввал дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор гардид, барои дастгирии фаъолияти студияҳои театрӣ, рушди қобилиятҳои эҷодию зеҳнии онҳо, ташаккули санъати нотиқӣ ва маданияти саҳна имкон фароҳам овард.
     
Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик». 

Вилояти БУХОРО.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: