ИБТИДОИ НЕК ИНТИҲОИ БОСАМАР БА БОР МЕОРАД

Бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Ҷиззах дар вилояти Ҷиззах сафари матбуот роҳандозӣ шуд, ки метавон гуфт, аз хотираҳои нек ва таассуроти амиқ хеле ғанӣ мебошад.

Он нахустин сафари матбуотии байналмилалӣ арзёбӣ гардид, зеро дар он дар баробари журналистони маҳаллӣ журналистони хориҷӣ низ ширкат карданд.
Журналистонро ҳокими вилоят Эргаш Солиев ба ҳузур пазируфт. Дидору мулоқот бо ӯ дар фазои озод ва хеле пурмуҳтаво гузашт. Вай барои журналистон оид ба рушди саноат, сохтмон, истеҳсолот, таъмини шуғли аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои бошандагони вилоят, инчунин беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва масъалаҳои мубрами дигар маълумоти муфассал ироа намуд. 
– Бори аввал дар вилояти мо бо журналистони маҳалливу хориҷӣ чунин мулоқоти муштарак барпо мегардад. Умедворам, ки чунин сафарҳои матбуотии муштарак ба вилояти мо минбаъд низ давомдор хоҳад буд. Вилояти Ҷиззах аз ҳар нигоҳ ба пеш ҳаракат мекунад ва дар ин ҷода муваффақиятҳои зиёд низ ба даст меоварад, ки боиси сарфарозиҳои мост. Ба ин гуфтаҳо зимни боздид аз шаҳри Ҷиззах, корхонаҳои саноатӣ,  иншооту биноҳои гуногуни истиқомативу маъмурӣ  ва амсоли он худи шумо эътимод ҳосил хоҳед кард, – изҳор намуд Эргаш Солиев.
Боздиди аввал аз велодром ба вуқӯъ пайваст, ки дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад ва ба тамоми талаботи байналмилалӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст. Баъди ин боздид сафари мо бо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Шароф Рашидов идома намуд. Инчунин аз осорхонаи ӯ низ боздид кардем. Дар ин осорхона ашёҳое гузошта шудаанд, ки ба кору фаъолияти ин арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, адиби маъруф бахшида шудаанд. 
Маълум шуд, ки ин осорхона 6 ноябри соли 1992 дар арафаи ҷашни 75-умин солгарди Шароф Рашидов таъсис ёфтааст. 27 марти соли 2017 Президент Шавкат Мирзиёев ба истиқболи 100-солагии гиромидошти Шароф Рашидов қарори вижае содир намудааст, ки мувофиқи он ин осорхона куллан мавриди тармим ва бозсозӣ қарор гирифтааст. Ҳоло ин осорхона ба ҳусни ин шаҳри қадима ҳусни тоза зам намудааст.
– Муҷассамаи ҷуфти эҷодкор – Зулфия ва Ҳамид Олимҷон чаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад? – суол мекунад яке аз журналистони хориҷӣ дар осорхонаи Ш.Рашидов дар Ҷиззах.
– Ин низ бесабаб нест. Агар шумо ба муҷассамаи ҳарду адиб рамузгирона назар кунед, мебинед, ки Зулфияхонум хаёломез нишастаасту ҳамсари ӯ – Ҳамид Олимҷон бо либоси сафед ба сӯйи вай қадамзанон меояд ва шеъри тозаашро мехонад. Аммо инҳо танҳо хобу хаёлро мемонанд, чунки Ҳамид Олимҷон дар синни 35-солагӣ, зимни як садамаи ногаҳонии нақлиётӣ захмҳои зиёд мебардорад ва бар асари он аз ҳаёт чашм мепӯшад. Шояд либоси оҳарие, ки Ҳамид Олимҷон “ба бар” кардааст, рамзи аз ин ҳаёт барвақт реҳлат кардани ӯро ифода кунад, – мегӯяд директори Ширкати садову симои вилоят ва раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистон Эркин Шерманов.
Хусусан, боздид аз Донишгоҳи технологии Самбрами шаҳри Ҷиззах, раванди таълим дар он ва шароити мусоиде, ки барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст, хеле хушоянд буд. Дар пайи он шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «FARALI textile»-и ҶММ-и «NEWLAND», воқеъ дар «Алмазор сити»-и шаҳри Ҷиззах барои журналистон хеле дилписанд анҷом ёфт.
– Ин корхона ба истеҳсоли либосҳои бачагона, занона ва мардона тахассус дода шудааст, ки қисми асосии маҳсулоти барои содирот ва як қисми он барои бозори дохилӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар занону духтароне ба кор ҷалб гардидаанд, ки вориди «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» шудаанд. Онҳо дар ин ҷо маоши хуб мегиранд ва маишати оилавиашонро таъмин мекунанд, – гуфт ба “Овози тоҷик” ҷонишини директори ин корхона Ихтиёр Пӯлотов.
Вай афзуд, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ягон ҷабҳае намонд, ки аз пахши пандемия осеб надида бошад. Махсусан, ба бахши истеҳсолӣ ин офат бештар зарар расонд. Вазъи корхонаҳоеро, ки лоиҳаҳояшонро барои татбиқ куллан тайёр кардаанд, басо мушкилоти ҷиддӣ эҷод гардид. Ба гуфтаи Ихтиёр Пӯлотов лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти трикотажии тайёри ҶММ «NEWLAND» 1 марти соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале баъди як муддат фаъолияти он қатъ гардид ва танҳо моҳи сентябри ҳамон сол дубора ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
– Имрӯз 250 нафар коргар дорем, – мегӯяд Ихтиёр Пӯлотов. – Музди меҳнат онҳоро қонеъ месозад. Ба ҳисоби миёна солона 2 миллион дона маснуоти трикотажӣ истеҳсол мекунем. Дар шаш моҳи соли 2021 ба Русия ба маблағи 817 ҳазор доллар маҳсулот содир кардем. Харидори дигари маҳсулоти мо кишвари Молдова мебошад, ки ба он теъдоди зиёди маҳсулотамон содир гардидааст, – қайд намуд И.Пӯлотов.   
Дарвоқеъ,  шаҳри Ҷиззах дар як муддати кӯтоҳ соҳиби дигаргуниҳои куллӣ шудааст. Хонаҳои зиёди бисёрқабатаи “Олмазор Сити” метавонад боиси ҳайрати ҳар як меҳмони ин шаҳристон гардад. Дар он беш аз даҳ хонаи 16-ошёна сохта шудааст, ки гуфта мешавад,  аз тамоми шароити мусоид бархурдор мебошад. Боздид аз  филиали IT PARK-и Ҷиззах низ дар журналистони маҳалливу хориҷӣ таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Шиносоӣ бо Ҷиззахи навинро давом медиҳем ва ба корхонаи автомобилсозии «ADM Jizzax» меоем.  
– Ҳоло дар ин корхона қисмҳои 5 намуди мошини тамғаи КIА васл карда мешавад ва барои фурӯш ба бозори дохилӣ муқаррар шудааст. Дар корхона зиёда аз 250 нафар коргарон машғули кор мебошанд. Дар корхона барои истироҳат, хӯрокхӯрӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Соли оянда ба кор андохтани сехи нав пешбинӣ шудааст. Дар ояндаи наздик раванди маҳаллисозӣ ва истеҳсоли тамоми қисмҳои зарурии мошинҳои КИА ва RENAULT ба нақша гирифта шудааст. Баъди пурра ба кор даромадани корхона зиёда аз 2000 нафар аҳолии шаҳру рустоҳои ин ҷо бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Дар 1 соат 5 мошин тавлид мешавад. 90 фоизи коргарони комбинат ҷавонони маҳаллӣ мебошанд, – гуфт ноиби ҳокими вилоят-сардори Садорати  инвеститсия ва савдои беруна Нодир Нурматов. 
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии стратегӣ 11 ҳуҷҷат ба имзо расидааст. Аз ҷумла, имзои «Харитаи роҳ» барои ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни вилоятҳои Ҷиззахи Ӯзбекистон ва Суғди Тоҷикистон маҳз аз ҳамин шумор мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: