ИЧАН-ҚАЛЪА ДИЛИ ХОРАЗМ АСТ

Ба наздикӣ мо 90 нафар ҷавонон бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Тошканд таҳти роҳбарии роҳбари Садорати агентии кор бо ҷавонони ин вилоят Миразиз Мирсултонов ва кормандони Садорати мазкур таввассути қатора роҳи Хоразмро пеш гирифтем.

Сафари Хоразм барои қисми зиёди ҷавонон бори аввал буд ва мебоист мо якум ба шаҳри Хива биравем ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Пас аз 14 соат мо тавассути шоҳроҳи роҳи оҳан дар вокзали Хива шудем. Ҳарчанд дар телевизиону Интернет аксу видеонаворҳо оиди Хива, Ичан-қалъа ва обидаҳои таърихии Хоразмро дида будам, вале  аз наздик дидан кайфияти худро доштааст. Ҳамчун сайёҳи ватанӣ зиёрат кардани зиёратгоҳҳо ва обидаҳои меъмории ин шаҳрҳои куҳанбунёди таърихӣ насиб кард. Сафарамонро аз маҷмӯи ёдгории Ичан-қалъа оғоз кардем.
Бояд гуфт, ки Ичан-қалъа ёдгории меъмории ноёб ва калон  ба шумор меравад, ки қисми қалъаи дохилии Хива ҳисобида мешавад. Ичан-қалъа бо девори кунгурадор аз Дишан-қалъа (қалъаи беруна) ҷудо карда шудааст. Ба Ичан-қалъа бо чаҳор дарвоза, дарвозаҳои Боғча, Полвон, Тош ва Ота дохил шудан мумкин аст. Обидаҳои ноёби меъмории халқи Хоразм ба мисоли мадраса, масҷид, сарой ва манораҳои баланд асосан дар Ичан-қалъа мавҷуд мебошанд, – гуфт роҳбалад Муродбек Атамбоев. – Қалъа аз ду қисм иборат аст. Ичан-қалъа маънои дохили шаҳрро мефаҳмонад, ки 26 гектар майдонро дар бар мегирад. Бараш 400, дарозиаш 650 метр мебошад. Аз чор тарафаш дарвоза мавҷуд аст. Дар Ичан-қалъа пеш аз инқилоб 64 мадраса, 92 масҷид, 120 қорихона, 14 манора сохта шудааст. Дар инҷо фақат бой, савдогар, хонҳо зиндагӣ кардаанд. Ҳоло дар он 365 хонадон мавҷуд буда, наздики 3000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин мавзеъ чун ёдгории меъморӣ ба муҳофизати давлат гирифта шудааст. Барои аҳолии таҳҷоӣ рухсат дода шудааст, ки дохили хонаашонро рангу бор диҳанд, вале ба беруни он рухсат нест. Ҳар як хонаи дохили қалъа бо лой андоба карда шудааст, ки ҳамин тавр бояд истад. Таърихи пайдоиши ёдгориҳои меъмории он асосан ба 4 давра тақсим мешавад. Якум аз давраи қадимии Хоразм то давраи истилои муғул, дуюм давраи инкишофи Хоразм дар соли 1220, пас аз истилои муғул, давраи сеюм ба асрҳои XVI-XVII рост ояд, даври чаҳорум асрҳои XVIII-XX-ро дар бар мегирад. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Раҳимхон (1806-1825), Оллоқулихон (1825-1842) ва Муҳаммад Аминхон (1845-1855) дар Ичан-қалъа корҳои сохтмон хеле рушд ёфтааст. Биноҳои муҳташам, мадраса ва мақбараҳои зиёд бунёд гардиданд. 
Ансамбли Ичан-қалъа ба сифати ёдгории меъморӣ ба муҳофизат гирифта шуда, ба осорхона табдил дода шудааст (1961). Аз соли 1990 Ичан-қалъа ба рӯйхати ёдгориҳои ҷаҳонӣ дохил карда шудааст.
Аз маҷмӯи ёдгории Қасри Нуриллобой дидан кардем ва баъд роҳи Урганчро пеш гирифтем. Тамошои қалъаи “Улли ҳовлӣ” (асрҳои XVII-XIX), яъне ҳавлии туркманҳо, ки дар наздики деҳаи туркманҳо ҷойгир аст, ба мо таассуроти зиёд гузошт. Ин ҳавлӣ аз таърих, урфу одат, хӯрокҳои миллӣ, ҳунармандӣ, зисту зиндагии халқи туркман ҳикоя мекунад. Пас ба маҷмӯи ёдгории майдони Ҷалолиддин Мангубердӣ, ки ба наздикӣ бо ташаббуси Сарвари давлат кушода шуд, рафтем. Дар ин ҷо барои мо оиди ҳаёт ва корнамоиҳои ин шахси таърихӣ маълумоти муфассал доданд. Пас аз чунин дидорбиниҳо роҳи Маркази ҷавонони вилояти Хоразмро пеш гирифтем. Дар ин ҷо бо роҳбарияти марказ ва шароитҳои фароҳамовардашуда шинос шудем. 
– Дар вилояти Хоразм 13 шаҳру ноҳия мавҷуд аст, ки дар 531 маҳаллаи он пешвои ҷавонон фаъолият мебаранд, – гуфт мудири шуъбаи Садорати агентии кор бо ҷавонони вилояти Хоразм Шерзод Каримов. – Барои пешвои ҷавонони маҳаллаҳои вилоят тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Алҳол дар ҳар як маҳалла мавсими 2-юми Олимпиадаи панҷ ташаббус оғоз шудааст. 
Бояд гуфт, ки шаҳри Хиваву Урганҷ бо ин ҳама қадамҷойҳо, мақбара ва маҷмӯъҳои таърихиаш, ки наметавон инҷо ҳамаашро тасвир кард, барои мо хотироти нек боқӣ гузошт. Назди ҳар як маҷмӯи ёдгорӣ ва таърихӣ аксҳо гирифтем, то ки солҳои зиёд ин сафари таърихиро ёд кунем ва ба фарзандони худ нақл намоем. 
Ҳамроҳи ҳамкорон чун сафари нахустин аз растаҳои бозори Урганҷ ва дуконҳои савдои шаҳр савғотӣ харида, бо умеди дидор ва зиёратҳои минбаъда ба истгоҳи роҳи оҳани Урганҷ омадем. 

Меҳровар ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: