Дар доираи Барномаи давлатии «Деҳаи обод», ки алҳол мувофиқи фармони Президенти мамлакат аз 29 марти соли 2018 дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ мешавад, бо ташаббуси Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, Садорат ва шуъбаи адлияи вилояту ноҳия дар деҳшӯрои «Тонг юлдузи»-и ноҳияи Чиноз «Рӯзҳои ахбори ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар деҳа тӯли солҳои зиёд корҳои ободонӣ бурда нашудааст. Дар фурсати кӯтоҳ дар деҳае, ки дар он 248 хонавода будубош доранд, корҳои беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба истиқоматкунандагон амалӣ мешаванд. Муаммои оби ошомиданӣ ҳал гардида, алҳол 90 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Ҳамчунин ба мақсади ба шуғл фарогирии занҳои хонашин чораҳо андешида шудаанд.
Бино ба таъкиди мутахассисони соҳа, аз ҷониби Вазорати адлия дар доираи барнома якҷо бо ташкилотҳои дахлдор лоиҳаи «Маданияти деҳаи обод» амалӣ мегардад. Мақсади лоиҳа ташаккул додани маданияти ҳуқуқӣ ва пайдо кардани ҳисси дахлдорӣ ба корҳои амалишаванда мебошад.
– Дар таърихи деҳа ин қабил чорабиниҳо бори аввал андешида мешаванд, – мегӯяд директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 47-уми ноҳия Абдуҷаббор Латифов. – Воқеан, имрӯз мардуми деҳа иди дуюми худро ҷашн мегирад.
– Чорабинии имрӯзаи маънавию маърифатии дар доираи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» таҳти шиори «Шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба шаҳрвандон хизмат намоянд» созмон дода шуд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Чиноз оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Насиба Қарабоева. – Дар он аҳолии деҳа пурра иштирок карданд. Мақсади асосӣ аз ин чорабинӣ, афзудани дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ба шуғл фарогирии ҷавонон, аз ҷиҳати моддию маънавӣ рағбатнок кардани аҳолии камтаъмин ва қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ мебошад. Фикр мекунам, ин қабил корҳо соли 2019 низ дар ноҳияамон идома меёбанд ва мушкилоти аҳолӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор ҳаллу фасл мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар давоми ду рӯзи чорабинӣ аз ҷониби намояндагони вилоят, ноҳия ва ташкилотҳои дахлдори ҷамъиятӣ «Қабули сайёр»-и шаҳрвандон ташкил гардид. Дар он чораҳои ҳаллу фасл намудани муаммоҳои мавҷудаи шаҳрвандон андешида шуданд. Дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» таҳти мавзуҳои «Ташкил кардани гармхонаҳои хурд дар заминҳои наздиҳавлӣ ва тарзи лимупарварӣ дар онҳо» ва «Тартиботи зиёд кардани мурғ ва заргӯш» бизнес-тренингҳо ташкил гардид, ки ба иштирокдорон манзур шуд.
Ба мақсади ба шуғл фарогирии аҳолӣ ярмаркаи меҳнат ва савдои хӯрокаи арзоншуда ташкил дода шуд. Роҳандозии мусобиқаҳои баскетбол, волейбол, шашка, сангбардорӣ, ресмонкашӣ, турниккашӣ ва даводавӣ ба иштирокдорон ва пиру ҷавони деҳа мароқангез буд. Барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорони шинохта ва баромадҳои театрикунонидашуда ба мардуми деҳа, хусусан наврасон хеле писанд буд. Дар охири чорабинӣ аз ҷониби созмондиҳандагони он ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳои қиматбаҳо, ба шаҳрвандони камтаъмину ногиро аробачаҳо, газплита ва мошинҳои ҷомашӯйӣ супурда шуданд.
М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.