ИД БОЛОИ ИД БУД

Ислоҳоти ояндасоз ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро фаро гирифтааст.

 Ҷомеа бо суръат пеш меравад, тараққиёт дар авҷ аст. Ҷаҳонбинӣ ва худшиносии мардум ба таври назаррас меафзояд.
Ислоҳот дар соҳаи таълими халқ низ амалӣ мегардад. Он омӯзгоронро илҳом бахшида, ба ташаккул додани соҳаи таълим дилгарм намудааст. Бемуболиға метавон гуфт, ки омӯзгорони мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ  пайваста ба ин раванди ҷомеа ҳамнафас буда, дар фаъолияти рӯзмарра пешрафти навини технологии замонро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар мактаб пас аз дарс тадбирҳои зиёди фарҳангӣ ва тарбиявӣ мегузаронанд, ки бешубҳа ба хонандагон ва ҳозирон таъсири калон мебахшад.
Ба наздикӣ дар мактаби мазкур Рӯзи муҳофизони Ватан ва Иди алифбо якҷоя қайд гардид.
Дорандаи медали «Ҷасорат» ва медали «Дӯстӣ»-и Афғонистон, ҷанговари байналмилал Раҳим Раҷабов дар бораи вазифа ва ӯҳдадориҳои муҳофизони Ватан маълумот дод. Хонандагон доири Ватан, модар ва корномаҳои муҳофизони Ватан шеърҳо қироат карданд. 
Ҳар як хонанда бо сарҳарфи номи худ, падару модараш байт, рубоӣ ва шеър мегуфт. Шеърҳо бештар мазмуни ватандӯстию инсонпарварӣ, меҳру оқибат доштанд. Ҳозиринро бештар забони буррою адабии хонандагон, ҳозирҷавобии онҳо ба ваҷд овард.
Гулфина Акрамова, ки худ забони англисиро хуб балад аст, бо хонандагони синфи якум ба ин забон бозиҳо гузаронд. Аксари хонандагон ба забони англисӣ озод гуфтугӯ намуданд. Онҳо собит карданд, ки на танҳо забон, балки математикаро низ хуб аз бар кардаанд. Ба ҳар як суол сарбаландона ҷавоб медоданд.
Саҳначаи дарс хеле хотирмон буд. Ҳамдеҳагон боз як маротиба ба меҳнати пурсамари омӯзгори ботаҷриба Шуҳрат Нурназаров офарин гуфтанд. 
– Ман 60 сол боз бо мактаб ҳамнафасам. Солҳо дар нафақаам, вале дар ҳар як тадбири мактаб ҳозирам. Дар чандин мактаб фаъолият доштам, вале то ба имрӯз чунин тадбири дилнишину серфайз ва хонандагони фаъолро надидаам, – гуфт омӯзгори собиқадор Бурҳон Ҳайдаров.
Тадбирро дастаи ҳунарии мактаб таҳти роҳбарии Дилмурод Қӯзиев боз ҳам ҷаззобу дилнишин гардонид.

Ӯзбакбойи   РАҲМОН, 
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: