Иди 8 март ғояи кист?

Назар ба маълумоти манбаъҳо, муаллифи ғояи 8 март таҷлилёбии Рӯзи байналхалқии бонувон Клара Сеткин (1857-1933) мебошад, ки яке аз чеҳраҳои сиёсӣ дар Аврупо, иштирокдори фаъоли ҳаракати коммунистии Олмон ҳисоб меёфт.

Назар ба маълумоти манбаъҳо, муаллифи ғояи 8 март таҷлилёбии Рӯзи байналхалқии бонувон Клара Сеткин (1857-1933) мебошад, ки яке аз чеҳраҳои сиёсӣ дар Аврупо, иштирокдори фаъоли ҳаракати коммунистии Олмон ҳисоб меёфт. Вай барои муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои занону духтарон муборизаи қатъӣ бурда, дар ин самт ба комёбиҳо ноил шудааст. 
Зодгоҳаш шаҳри Видерауи Саксония, миллаташ – немис, дар Лейпсиг таҳсил намуд. Дар остонаи балоғат ба маҳфилҳои инқилобии донишҷӯён – муҳоҷирони рус робита барқарор сохт, ки дар сафи онҳо Осип Сеткин низ буд. Соли 1982 Клара ва Осип аз никоҳ гузашта, соҳиби ду писар – Максим ва Константин шуданд. Зиндагӣ вазнин буд, Осип дар рӯзномаҳо мақолот чоп кунонда, ҳақи қалами ночиз мегирифт, Клара дар баробари дарсдиҳӣ ашёву либоси бойҳоро мешуст. Духтари К. Маркс, ки Лаура ном дошт, яке аз дугонаҳои наздикаш. Фаъолияти раволютсиониро асосан аз Лаура омӯхт, ҳамчунин бо шавҳари ӯ – Пол Лафарг наздикӣ пайдо кард. Дар обутобёбии фаъолияти сиёсиаш яке аз пешвоёни ҳаракати инқилобии Фаронса Жюл Гед низ нақши босазо гузошт. 
Соли 1889 Осип Сеткин бинобар бемории сил вафот кард. Соли 1890 Клара ба Роза Люксенбург, ки аз сотсиалистҳои шинохта ба шумор мерафт, аз наздик шинос гашт. 
Садоқат ва ҳамкории дугонаҳо то охири умри Клара давом кард.
Баъди ба сари ҳокимият омадани Адолф Ҳитлер дар Олмон ҳизби чапи ҳаракати инқилобӣ дар ин мамлакат дучори тазйиқ гашт. Клара Сеткин ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Пештар ҳам чанд бор омадаву рафта, дар кишвари Шӯроҳо пуштбону тарафдорони зиёд пайдо карда буд. 20 июни соли 1933 дар Архангелскии назди Маскав аз олам гузашт. 
Клара Сеткин барои иштироки фаъолона дар ҳаракатҳои коргарию коммунистӣ бо ордени Байрақи Сурх (1927) ва ордени Ленин (1932) мукофотонида шудааст.
Соли 1910 дар шаҳри Копенгаген анҷумани байналхалқии бонувон – сотсиалистон баргузор ва бо таклифи Клара Сеткин қарор кард, ки рӯзи байналхалқии бонувон муайян карда шавад. Ба шарафи бузургдошти намоиши коргарзанони фабрикаи бофандагии шаҳри Ню-йорк, ки 8 марти соли 1857 сурат гирифта буд, 8 март – Рӯзи байналхалқии бонувон эълон гашт. 

Ҳ. ОБИДҶОНОВ, 
муаллими фанни таърихи дабистони 
таълими умумии 
рақами 1-уми ноҳияи Сӯх.

 

ОРЗУЯМРО ФАРЗАНДОНАМ БА АМАЛ БАРОВАРДАНД
Дар арафаи 8 Март – Рӯзи байналхалқии занону духтарон мувофиқи фармони Президент як гурӯҳ занону духтароне, ки дар ҳама соҳаҳо ба комёбиҳо ноил шудаанд, бо орден ва медалҳо сарфароз гардиданд. Дар сафи онҳо собиқадори меҳнат Муқаддасхон Зиёваддиноваи чустӣ низ буд, ки барои таълиму тарбияи фарзандони сазовори Ватан бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардид.
Муқаддасхоная бо ҳамсараш Хайруллоҷонота Исматуллоев 5 нафар фарзандро тарбия карда, ба воя расониданд. Қобили қайд аст, ки писарашон Дилшодҷон, Исмоилҷон ва Ҷамшедҷон дар минтақаи озоди иқтисодии «Намангон» корхонаи хусусии «Чуст текстил»-ро ташкил карданд.
Ҳозир дар корхона 1 ҳазор 300 нафар занону духтарон либосҳои занона истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти корхона ғайр аз бозори дохилӣ ба Италия, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон содир мешавад.
Арзиши умумии лоиҳаи «Чуст текстил» 12 миллион доллар буда, ба 3 марҳила пешбинӣ шудааст. Агар лоиҳа пурра ба кор андохта шавад, шумораи кормандони корхона ба 2 ҳазору 200 нафар мерасад.
– Солҳое, ки дар фабрикаи масолеҳи бадеии Чуст кор мекардам, соҳиби чунин корхона шуданро орзу мекардам. Нияти нек ними давлат, мегӯянд дар урфият. Шукри Худо, маҳз ба туфайли истиқлол фарзандонам орзуямро ба амал бароварданд, – мегӯяд Муқаддасхон Зиёваддинова.
– Сокинони маҳаллаамон бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани энергияи электрикӣ заҳмат мекашиданд. Муқаддасхоная аз ҳисоби маблағи ба зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашон ба маҳаллаамон трансформатори навро пешниҳод карданд. Инчунин писари калонашон Дилшодҷон ҳам ба маҳаллаамон ёрӣ мерасонад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сероби ноҳияи Чуст Ҳасанбой Абдувалиев.
Қобили қайд аст, ки ҳамаи фарзандон, келинҳо ва набераҳои Муқаддасхоная соҳиби маълумоти олӣ ва ҳатто чанд нафар набераҳояшон дар таълимгоҳҳои бонуфузи олии хориҷӣ таҳсил мегиранд. Аз ҷумла писари калонашон Дилшодҷон хатмкардаи Донишкадаи муҳандисию омӯзгории Свердловск, Исмоилҷон хатмкардаи Донишкадаи муҳандисию технологии Намангон, Ҷамшедҷон  хатмкардаи Донишкадаи молияи Тошканд, духтарон Муаззамхон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Намангон, Азизахон дастпарвари коллеҷи тиббиёти Чуст, келинонашон Барнохон хатмкардаи Донишкадаи тиббиёти Андиҷон буда, Дилбархон ҳоло бо тарбияи фарзандон машғул аст. Гавҳархон дастпарвари Донишкадаи омӯзгории Гулистон мебошад. Ҳозир онҳо дар корҳои гуногун адои вазифа карда, барои равнақи Ватанамон меҳнат мекунанд. 

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: