ИДИ «АЛИФБО»

(Репортаж)

Толори барҳавои мактаби миёнаи таълимоти ҳамагонии рақами 14-уми ноҳияи Сӯх, ки аз баргузории як маҳфили зебо дарак медод, хеле серодам буд. Маълум шуд, ки дар ин ҷо ба муносибати ба охир расидани давраи саводомӯзии китоби «Алифбо» як маҳфил  баргузор мегардад. 
Мизбонони маҳфил серкору сертараддуд менамуданд. Онҳо ба толори бо шиору навиштаҷоти мухталиф муҷаҳҳаз падару модарон, собиқадорони меҳнат, вакилони қисми сарҳадбонӣ ва меҳмонони дигари маҳфилро зери кафкӯбиҳо истиқбол мегирифтанд.
Директори мактаб Садриддин Абдураҳмонов  ин маҳфили идонаро ҳусни оғоз бахшид. Меҳмононро хайрамақдам гуфт ва  кӯдаконро бо иди хату савод ва хатми  «Алифбо» самимона табрик кард.
Аз ҷараёни ин маросими идона маълум мешуд, ки кӯдакон дар муддати панҷ моҳи таҳсил хондану навиштанро хеле хуб ёд гирифтаанд. Онҳо аз ҳар як ҳарфу ҳиҷо калимаву  ҷумлаҳо сохта, бехато ва бурро мехонданд. Кӯдакон бо якдигар ба забони  шеъру чистон ҳарф мезаданд ва таронаҳои кӯдакона суруда, дили иштирокчиёни маҳфилро ба худ ром мекарданд.
Ин завқу шавқи кӯдакон ба падару модарон ва меҳмонони маҳфил хурсандиҳо мебахшид. Онҳо аз он боварӣ ҳосил мекарданд, ки ин панҷ моҳи соли хониш барои фарзандони кӯчаки онҳо беҳуда нарафтааст. Онҳо зимни суханрониҳо аз натиҷаи  кори маъмурияти мактаб, хусусан, муаллими синфҳои ибтидоӣ Абдулло Ибрагимов ибрози қаноатмандӣ мекарданд ва ба вай миннатдории самимии худро изҳор менамуданд.  
Донишомӯзон Покиза Юсуфҷонова, Нафосат Турдиалиева, Моҳҷабин Хумориддинова, Заррина Сангинова, Асадулло Асадуллоев, Муҳаммадрофеъ Моилҷонов ва Ҷаҳонгир Ваҳҳобҷонов додаракону хоҳаракони худро бо хатми «Алифбо» шодбош гуфтанд ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. 
Дар идомаи маҳфил аъзои дастаи ҳунарии мактаб низ як барномаи хуби консертӣ намоиш доданд. Онҳо бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан-Модар, устодон ва мактаби азизашон ба хурсандии иштирокчиёни он нишоту хушҳолӣ зам намуданд. 
– Дар ташкил ва тайёр намудани ин маҳфил муаллимаи муассисаи томактабии деҳаамон Сулҳия Пӯлодова, модарони донишомӯзони синфи якум  Фотима Балаҷонова  ва Машҳура Холбобоева низ саҳми калон гузоштанд. Онҳо дар муддати се ҳафта ба мактаб омада, ҳамроҳи Абдулло Ибрагимов барои ба ин ид тайёр кардани кӯдакон хеле заҳмат кашиданд, ки барояшон хеле сипосгузорам,– мегӯяд директори мактаб.
Дар охири маҳфили идона падару модарон ҳамроҳи меҳмонони дигар ба синфхонаҳо даромада, бо шароити таҳсил ва корҳои омӯзишу парвариш ошно шуданд.
Мунисхон Ҳалимбоева мегӯяд, ки солҳои зиёд ба ин касбу кори пуршарафи омӯзгорӣ машғул шудааст ва дар роҳи тарбияву таълими фарзандони мардум саҳми худро гузоштааст.
– Вазифаи асосии ҳар як омӯзгор ба таълиму тарбия пурра ҷалб намудани шогирдони худ мебошад. Бубинед, ин донишомӯзон чӣ қадар хушбахтанд. Барояшон тамоми шароити созгор муҳайё шудааст. Танҳо омӯзгорони онҳоро лозим меояд, ки бо истифода аз ин имкониятҳои фаровон фарзандони мардумро дуруст тарбия кунанд, онҳоро аз донишу заковат бештар бархурдор созанд, роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд, – мегӯяд Мунисхон Ҳалимбоева.
Тамошои даҳлезу толор ва синфхонаҳои барҳаво ба кас роҳат мебахшад. Дар як ҷойи даҳлези дароз гӯшаи табиатро ташкил кардаанд, ки кас гумон мекунад ҳайвоноту паррандаҳои зинда дар ҳаракату парвозанд. Ба гуфтаи маъмурияти мактаб ин гӯшаро яке аз омӯзгорони маъруф ва варзидаи фанҳои химия ва биология Бахтиёрҷон Холов ташкил кардааст. Ҳар як меҳмони мактаб аз тамошои он завқ мебарад.  
– Мо аз ғамхориҳои Президент ва ҳукумати мамлакат ибрози сипос мекунем. Зеро дар айни ҳол барои таълиму тарбияи фарзандони мардуми деҳ дар мактабамон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Таъмини китобҳои дарсиву беруназсинфӣ, компутерҳои замонавӣ, таҷҳизоти гуногуни таълимӣ маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои беназири сарвари давлат ва ҳукумат мебошад,– гуфт Садриддин Абдураҳмонов.
Директори мактаб афзуд, ки яке аз ҳодисаҳои хурсандибахши соли сипаришуда анҷоми таъмири бинои мактаб мебошад. Барои ин аз буҷаи ноҳия маблағи хеле калон ҷудо карда шуд. Ба таъкиди ӯ баъди ташрифи ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ба ин мактаб ва ошноӣ бо фаъолияти омӯзгорони он як қатор дигаргуниҳо ба амал омаданд. Аз ҷумла, мактаб дар муддати кӯтоҳ бо гази табиӣ таъмин гардид. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: