ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АТЛАС

20 октябр корвони мошинҳо ба сӯйи Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ, воқеъ дар шаҳри Марғилон омада таваққуф намуд.

Зери садои карнаю сурнай ва дафу доира мизбонон таҳти роҳбарии ҳокими шаҳр Адҳамҷон Зиёвиддинов меҳмононро пазироӣ карданд. Дар ҳавлии барҳавои ин марказ Ҷашнвораи панҷуми байналмилалии анъанавии нассоҷӣ “Иди Атлас” ботантана ва шукӯҳи хос ифтитоҳ ёфт.
Дар он ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров меҳмонони дохиливу хориҷиро самимона хайрамақдам гуфта, барои ташрифашон изҳори сипос намуд. 
Аз суханронии Хайрулло Бозоров бармеояд, ки дар ин фестивал аз 21 мамлакати ҷаҳон қариб 90 нафар дизайнерҳои моҳир, ходимони машҳури маданият, санъатшиносон, зиёда аз 50 нафар намояндагони матбуоти дохилӣ ва воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ барои инъикоси раванди ҷашнвора ташриф овардаанд.
– Дар доираи ислоҳоти куллӣ, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон амалӣ карда мешавад, ба рушди соҳаи ҳунармандӣ, ки рамзи таъриху худшиносии миллии мост, дорои анъанаҳои қадимӣ ва бой мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Натиҷаи ин рушди ҳунарҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунари амалӣ, ҳифзи мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои таърихии халқамон ва ба ин васила барои аҳолии бекор, бахусус ҷавонону занон барои шуғли ҳунармандӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст,– изҳор намуд ҳокими вилояти Фарғона.
Мо дар растаҳои маҳсулоти ҳунармандии “Боғи эҷодкорон” сайр карда, бо чанд нафар иштирокчиён суҳбат кардем. 
– Дар чандин ҷашнвораҳо тавонистам бо маҳсулоти худ иштирок кунам. Ин бор ба ҷашнвора чанд намунаи маҳсулотамро оварда ба намоиш гузоштам, ки пеши рӯйи шумо овезонанд. Маҳсулоти кашидадӯзии мо дар реннесанси якуму дуюм аллакай машҳур шудааст ва ҳоло онро мо боз рушду ривоҷ медиҳем, – иброз дошт Лола Булдаковаи самарқандӣ.
Ба гуфтаи ҳунарманди либосҳои зардӯзӣ Шоира Ғаниева вай насли шашуми сулолаи ҳунармандони шаҳри Бухоро мебошад. 
– Баъди касби истиқлоли кишвар мардуми Бухоро якчанд намуди ҳунарҳои мардумиро дубора зинда карданд. Мо низ дар радифи ҳунармандони дигари шаҳри Бухорои шариф ба дӯхтану тайёр кардани либосҳои зардӯзӣ, сӯзаниҳо машғул ҳастем, – мегӯяд Шоира Ғаниева.
Тавре ки роҳбари Маркази рушди сайёҳии Тоҷикистон Баҳриддин Исомуддинов мегӯяд, барои ширкат дар ҷашнвора 19 нафар ҳунармандону дизайнерҳои тоҷик ташриф овардаанд. 
 – Ман аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Озара”-и Хуҷанд ҳастам. Маҳсулоте, ки ба намоиш гузоштаам, барои  оро додану муҷаҳҳаз сохтани дохили хонаҳои мардум лозиманд. Ин маҳсулот аз сӯзаниҳои гуногуне, ки ба девор меовезанд, ҷилдҳои болишт, ҷузвдонҳо, либосҳои занона ва амсоли он иборатанд, – гуфт ҳунарманд  Мавҷуда Набиева.
Маросими пӯшидашавии ҷашнвора имрӯз баргузор мегардад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри МАРҒЕЛОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: