ИДИ БОШУКӮҲИ «АЛИФБО»

Дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 21-уми ноҳияи Сӯх иди «Алифбо» баргузор гардид.

 Дар ин чорабинӣ дар баробари омӯзгорони мактаб, падару модарони кӯдакон ҳузур доштанд. Ин идест, ки тибқи анъана баъди хатми китоби «Алифбо» ва гузаштан ба омӯхтани «Забони модарӣ» ҳар сол роҳандозӣ мешавад. 
Дар саҳнаи толори варзишии мактаб донишомӯзони синфи якум таҳти сарварии омӯзгорашон – Шаҳбоз Аҳтамов барои «ҳисобот» саф оростанд. Директори мактаб меҳмонҳоро хайрамақдам гуфт ва ба омӯзгор ва шогирдони ӯ рӯй оварда гуфт:
– Шумо акнун намоиш диҳед, ки аз китоби «Алифбо» чиҳоро омӯхтед.
 Баъд талабагон ду-ду ва гурӯҳ-гурӯҳ ҳарфҳои омӯхтаашонро намоиш доданд. Ҳарфҳоро «ҷанг» андохта, калимаҳо сохтанд. Бо сарҳарфи ин калимаҳо шеърҳоро аз ёд хонданд. Дар ин миён зери садои мусиқӣ рақсу суруд бо ҳам ҷӯр гардид ва шукӯҳи ин идро афзуд.
– Мо омӯзиши китоби «Алифбо»-ро тамом карда, акнун ба омӯзиши «Китоби хониш» ва «Забони модарӣ» оғоз мекунем. Шогирдонам ҳамаи ҳарфҳоро ёд гирифтанд. Дар қисмати забон бевосита ба хондани матнҳои хурд, шеърҳои кӯдакона  ва чистонҳо рӯй меорем, – гуфт Шаҳбоз Аҳтамов.
Падару модарон аз дониши андӯхта ва ҳунарнамоии фарзандон шоду мамнун гаштанд ва ба директори мактаб ва омӯзгори фарзандонашон арзи миннатдорӣ карданд.

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: