Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона як ҳафтаи тамом иди дӯстӣ баргузор шуд.
Он тарғибу ташвиқ ва ташкилу роҳандозии маросимҳои идона, шодиву хурсандии байни халқҳои минтақа унвон гирифт.
Дарвоқеъ, ноҳияи Бешариқ бо ду ноҳияи вилояти Суғди Тоҷикистон марзҳои муштарак дорад. Барои ҳамин ба ин чорабиниҳо роҳбарони дастгоҳҳои ҳукумати ду ноҳияи вилояти Суғд – Исфара ва Конибодом бо як гурӯҳ сокинони он ширкат намуданд.
Рӯзи дувуми иди дӯстӣ фиристодагони Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин Қароқалпоқистон омаданд ва ба иди дӯстӣ шукӯҳи тоза бахшиданд. Иштирокчиёни ин чорабинии доманфарох дар варзишгоҳи марказии ноҳия гирдиҳам омаданд.
– Мо аз ҳузури бародарони тоҷик, қазоқ, қирғиз ва қароқалпоқи худ дар ин чорабинӣ хеле хушҳол шудем. Зеро иди дӯстӣ моя ва сарчашмаи амну субот ва баракоти кор мебошад. Дар ноҳияи мо як қисми аҳолиро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунад. Дар айни ҳол сокинони чанд минтақаи марзии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон анъанаҳои хешутаборӣ ва қудову андагиро бо як маром ва ихлос идома медиҳанд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев. – Вакилони ҳокимият ҳамасола талош мекунанд, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” ба хонаводаҳо дастрас шавад, зеро ҳифзи забону фарҳанг аз рукнҳои асосии сиёсати имрӯзаи Президенти моро ташкил медиҳад.
– Пӯшида нест, ки ташкили бозори умумии байни ду кишвар барои рушди тиҷорати миёни шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле мусоидат хоҳад кард. Он дар наздикии посгоҳи марзии “Андархон”, воқеъ дар қаламрави ноҳияи мо ба ҳайси минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд гардид, – изҳор намуд Р. Ҷӯраев.
Дар чорабиниҳо сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва қароқалпоқӣ садо дод ва ба меҳмонон рӯҳияи тозаву табъи болида ато намуд.
Ногуфта намонад, ки бо Фармони Президент як гурӯҳ ҳокимони ноҳияҳо бо нишони “Содиқ хизматлари учун” сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Расулҷон Ҷӯраев низ ба ин мукофот ноил гардид.
Дар чаҳорчӯби Ҳафтаи дӯстӣ бо ибтикори мактаби бокси Рапқони ноҳия 5-10 август дар байни наврасони соли таваллудашон 2007-2008 мусобиқаи байналмилалии анъанавии «RAPO‘ON OPEN-2022» роҳандозӣ гардид. Дар ин мусобиқаҳо ҳудуди 300 нафар вакилони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, инчунин варзишгарони Қароқалпоқистон барои ба даст овардани се ҷойи аввал талош намуданд. Ин мусобиқаҳо аз аввал то охир хеле тезутунд сурат гирифт.
Ҷойҳои ифтихорӣ насиби наврасони ӯзбекистонӣ, тоҷикистонӣ ва қазоқистонӣ шуд.
Отабек АЛИМАТОВ,
вилояти ФАРҒОНА.