Дар Намангон фестивали байналхалқии «Иди гулҳо» сар шуд. 63 сол аст, ки гузаронидани он ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин ҷашнвора ғайр аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз якчанд мамлакати хориҷӣ меҳмонон ва дӯстдорони гул иштирок менамоянд. Тантанаҳои фестивал аз дарвозаи рамзии вилоят бо иштироки мошинҳое, ки бо гулҳои рангоранг ҷиҳозонида шудаанд, оғоз ёфт.
Ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов ба сухан баромада, фестивалро кушода эълон кард. Таъкид намуд, ки ҳоло дар мамлакати мо, ки халқҳои гуногунмиллат истиқомат мекунанд, сулҳу амният, дӯстиву оқибат, тинҷиву осудагиро бо рамзи гулҳои рангоранг ба ҷаҳониён пешкаш менамоянд. Барои гузаронидани ин иди дӯстӣ ҳамаи масъулон аз таҳти дил кӯшиш карданд. Ҷашнвора дар боғҳои «Янги Ӯзбекистон», «Афсоналар водийси», «Хиёбони адибон» ва боғи фарҳанги ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур 40 рӯз давом мекунад. Сол аз сол иди гулҳо такмил ёфта истодааст ва ба иштирокчиён, хусусан ба меҳмонони хориҷӣ низ кайфияти аъло, завқу шавқи беҳамто мебахшад.
Дар ифтитоҳи фестивал як қатор меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла, аз Покистон губернатори вилояти Панҷоб Муҳаммад Сарвар Чаудхри, сафири Давлати Қатар дар Ӯзбекистон Ҳасан Ҳамза Ҳошим, сафири Булғория дар Ӯзбекистон Стуюна Русинова, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз вилоятҳои Ҷалолободи Қирғизистон, аз вилояти Суғди Тоҷикистон вакилони расмӣ ташриф оварданд. Сармоядорон ва сайёҳон, ки аз Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ҷопон, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва Туркия омадаанд, таассуроти худро баён карданд.
– Дар пойтахти Ӯзбекистон дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ фаъолият дорем, – мегӯяд соҳибкори турк Ҳасан Йеди Йилдиз. – Дар бораи иди гулҳо шунида будем, аммо ин хел тасаввури баланд надоштем. Ман шахсан дар бисёр мамлакатҳои бузурги хориҷӣ бо корҳои тадбиркорӣ ҳузур доштам ва ин хел фестивалро надидаам. Ба дониш ва кордонии гулпарварони намангонӣ ҳавасам омад. Бовар дорам, ки онҳо дар ин соҳа таҷрибаи бой доранд.
– Дар мамлакати мо низ «Иди гулҳо» баргузор мегардад. Бо мақсади дидани иди гулҳо омадем, ки аз иди миллии мо фарқе дошта бошад ё не. Дар кишвари мо иди гулҳо бо воситаи мошинҳои бо гулҷиҳозонидашуда мегузараду бас. Дар ин фестивал иштирокчиён бисёранд. Ин маънии онро медиҳад, ки дар кишваратон хотирҷаъмӣ, ҳама шоду масрур, кайфияти идона доранд. Одамони гуногунмиллат, ки дар бар либосҳои миллӣ пӯшида буданд, диққати моро ба худ ҷалб кард, – мегӯяд меҳмон аз Ҷопон Кио Канеда.
Ҳамкасбонамон – мухбирони «Овози тоҷик»-ро, ки дар ҷашнвора иштирок доранд, ба суҳбат ҷалб кардем:
– Сафари худро аз Косонсой оғоз намудем, – мегӯяд апаи Саодат Бекназарова. – Дидем, ки дар ҳар як маҳаллаву кӯча гулҳои рангоранг чаман шуда, ба атроф таровати хуш мебахшад. Кайфияти бошандагон низ гул барин шукуфон. Ин ҳолати аҷиб ба мо таассуроти калон гузошт. Ҳар сол иди гулҳоро аз телевизор тамошо мекардем. Имсол ҳамчун иштирокчӣ ҳар як намоиши маданию маърифатӣ, композитсияҳое, ки аз гулҳо офарида шудаанд, дидан кардем. Ҳар як ташкилот, корхона, ноҳияву маҳалла бо рамзи ҳудуд ва урфу одатҳои худ, ки бо гулҳо ифода кардаанд, иштирок карданд. Ҳатто дидан мумкин аст, ки гулпарварони хориҷӣ низ дар озмун гулҳои бетакрори худро пешкаш менамоянд.
Ҳақиқатан ҳам дасти инсон гул аст. Ҳаводорони рамзи зебоӣ, муҳаббат, меҳр ва дӯстиро ба ин ҷашнвора таклиф менамоем.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.