ИДИ ИСТИҚЛОЛ БА ИДИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТ ТАБДИЛ ЁФТ

Дар ноҳияи Сӯх ба шарафи 27-умин солгарди истиқлолияти кишвар чорабинии азими фарҳангӣ роҳандозӣ шуд.

Он дар варзишгоҳи марказии ноҳия, воқеъ дар шаҳраки Ровон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонони зиёд аз чаҳор гӯшаи вилоят, ҳамчунин вакилон аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар варзишгоҳ парчами Ӯзбекистон парфишонӣ мекард. Шиору плакатҳои инъикоскунандаи иди истиқлолияти Ватани азизамон ин варзишгоҳро боз бештару беҳтар зинат бахшида буданд. Кайфияти пиру барно ва меҳмонони он хубу аъло буд. Ҳама якдигарро шодбош мегуфтанд.
– Ҳар сол мо ба таҷлили иди бошукӯҳи истиқлолияти мамлакатамон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон меҳмононро даъват мекардем. Имсол доираи меҳмонони мо боз фарохтару шумораи онҳо бештар гардид. Ин дафъа баробари дӯстони қирғиз, дар ин чорабинӣ як гурӯҳ меҳмонон аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғди  Тоҷикистон низ ширкат карданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мост, – гуфт ҳокими ноҳияи Сӯх Фаррух Ӯсаров.
 Ҳоким афзуд, ки ин бесабаб нест. Вақтҳои охир муносибатҳои байни Ӯзбекистон бо Тоҷикистону Қирғизистон хеле хушҳолкунандаанд. Ташрифҳои сарварони давлатҳо ба қаламрави якдигар, дидору мулоқотҳои онҳо ин муносибатҳоро ба давраи нав ворид намуд ва боиси хурсандиву шодмонии шаҳрвандони се кишвар гардид.
– Бори чандум аст, ки ба ноҳияи Сӯх омада меравам. Аммо дар чунин иди бошукӯҳи мардуми Сӯх бори аввал ширкат кардам. Рӯҳияти мардум, кайфияти аълои онҳоро дида ба ваҷд омадам, табъам гул кард. Дарҳақиқат, ҷашни истиқлол ба иди дӯстиву рафоқат ва ҳамгироии мардуми се кишвари ҳамҷавор табдил ёфт, – бо ҳаяҷону шодӣ изҳор намуд сардабири рӯзномаи “Ферганская правда” Гулбаҳор Саидғаниева.
– Ба наздикӣ Президенти мамлакати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дидору мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ба шаҳри Тошканд омаданд. Мулоқот ва гуфтушунидҳо аз  ибтидо то интиҳо  хубу самимӣ ва пурсамар буданд. Санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба давраи нави стратегӣ ворид шуд. Аз натиҷаҳои он мардуми ду самти марз манфиат хоҳанд дид, – мегӯяд ноиби аввали раиси ҳукумати шаҳри Исфара Содирхон Қосимов. – Иштироки як гурӯҳ вакилони исфарагӣ дар таҷлили иди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати байни ду халқро боз ҳам таҳким хоҳад бахшид. Моҳи оянда Тоҷикистон низ ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти худро ид мекунад ва шаҳри Исфара низ ба ин ид тайёрии хос мебинад. Иштироки меҳмонони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона низ дар ин ҷашн пешбинӣ шудааст.
– Ҳар сол мо иду маросимҳои якдигарро шукӯҳ мебахшем. Ин анъана имсол низ побарҷост ва иштирокамон дар таҷлили иди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Мо аз як обу ҳаво истифода мекунем, динамон низ як аст. Барои ҳамин дар таҳкими дӯстии байни халқҳоямон роҳандозии чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва иштирок дар онҳо нақши муҳим хоҳанд бозид, – гуфт ҳокими ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент Ҷонибек Исоқов. 
Ногуфта намонад, ки дар таҷлили иди пуршукӯҳи истиқлоли мардуми  ноҳияи Сӯх  овозхонҳои се кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат карданд ва мавриди писанди умум қарор гирифтанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: