Иди касбии кормандон қайд гардид

Дар шаҳри Ҷиззах кормандони соҳаи корҳои дохилӣ иди касбии худро таҷлил намуданд.

Дар шаҳри Ҷиззах кормандони соҳаи корҳои дохилӣ иди касбии худро таҷлил намуданд. Дар чорабинии идона нишондиҳандаҳои меҳнатии ходимон ва умуман соҳа таҳлил гардид. Таъкид гардид, ки дар як қатор самтҳо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст. Пешравиҳо ба чашм мерасанд. Дар зиёда аз сад маҳалла содир нагардидани ягон навъи ҷиноят аз комёбии нозирони профилактикӣ далолат медиҳад. Имсол се нафар аз ходимон бо мукофотҳои олии давлатӣ сазовор гардидаанд.
Дар рӯзи ид меҳнати ходимон ба таври муносиб қадр ёфт. Бисту ду нафар ба гирифтани унвонҳои гуногун мушарраф шуданд. Бисту  чор нафар ифтихорномаҳои садоратро соҳиб гардиданд ва ба сесад нафари дигар мукофотҳои пулӣ супурда шуд. Ба шаш нафар корманди милитсия барои фаъолияти намунавиаш компутери замонавӣ туҳфа карданд.
Худи ҳамон рӯз дар маркази ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бинои нави Хидмати назорати давлатии роҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар шаҳри Ҷиззах  суруду таронаҳои дастаи марказии ашӯла ва рақси назди Вазорати корҳои дохилӣ танин андохт, ки ба ҳозирин кайфияти идона бахшид.
Дар ноҳияи Зарбдор ходимони шуъбаи ҳаракати амнияти роҳ аз ҳамкасби худ Кенҷабой Сулаймонов, ки ҳангоми фаъолият ба маризии коронавирус печида ҳаётро падруд гуфтааст, бо некӣ ёд карданд. Ба аҳли хонаводаи ӯ миннатдорӣ изҳор намуданд ва туҳфаҳо инъом доштанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

Забони ман – ҷаҳони манн
Хушбахтона, баъди чанд моҳи карантин ва оғози соли хониши нави 2020-2021 мактабҳо боз дари худро ба рӯйи толибилмон боз намуданд. Дар радифи мактабҳои дигар дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯка низ таҳсил ба таври анъанавӣ оғоз шуд. 
Аз рӯзҳои аввал тайёрӣ ба моҳонаи фаннӣ ба роҳ монда шуд. Чанде қабл дар мактаб бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ тадбири адабию бадеӣ гузаронда шуд. Дар он омӯзгорону хонандагони мактаб, ҳамчунин меҳмонон аз ҳокимият ва таълими халқи ноҳия ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо омодагии ҳамаҷонибаи  баромади хонандагони синфҳои 8-10-уми мактаб  хуб гузашт. Онҳо тадбирро ба таври ширу шакар тайёр карда буданд. Озодона бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегуфтанду шеърҳо қироат мекарданд. 
Рақси миллии тоҷикӣ ба аҳли нишаст кайфияти хуб бахшид. Озмуни “Кӣ бисёртар мақол медонад?” шавқовару хотирмон гузашт. Хонандагон аз рӯйи асарҳои адибони тоҷику ӯзбек саҳначаҳо намоиш доданд, ки ба ҳама писанд омад. 

Сулаймон СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 
9-уми ноҳияи Бӯка.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: