Ба туфайли саъю кӯшиши Президенти кишвар Ш. Мирзиёев ба соҳаи маънавият эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Махсусан, ташкил кардани озмуну чорабиниҳо оид ба мутолиаи китоб таваҷҷӯҳи аҳолии мамлакатро ба маҳсулоти китоб афзун мегардонад. Истеъдодҳои нав аз худ дарак медиҳанд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои маҷмӯӣ бинобар ривоҷ додани низоми нашр ва густариши маҳсулоти китоб, баланд бардоштан ва тарғиб кардани мутолиа ва маданияти китобхонӣ» ва баёни маҷлиси 21-уми Девони Вазирон аз 18 майи соли 2018, бо ташаббуси Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон таҳти шиори «Баланд бардоштани маданияти китобхонӣ – кафолати муҳими ба мақсадҳои бузург ноил гардидани мост» дар маркази Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд «Иди китоб»-и ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тадбири мазкур бо ҳамкории вазоратҳои таълими олӣ, таълими халқ, маданият, Кумитаи бонувон, Иттиҳодияи нависандагон, Иттифоқи ҷавонон, Ширкати садову симои миллӣ, Иттиҳодияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронӣ, Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» ташкил гардидааст.
Дар давоми ду рӯз бо ташаббуси беш аз 100 нашриёт ва хонаҳои эҷодӣ, корхонаҳои табъу нашр ва созмонҳои савдои китоб намоишгоҳи китоб ва маҳсулоти китоб ташкил карда шуд. Маросими тақдирсозии ғолибони зинаи вилоятии озмуни «Дукони китоби намунавӣ» баргузор гардид. Барои иштирокдорони намоишгоҳ бо иштироки шоиру нависандагони машҳур мисли Худойбердӣ Тӯхтабоев, Анвар Обидҷон, Маҳмуд Тоир, Иқбол Мирзо, Сироҷиддин Саййид, ҷоизадорони Мукофоти давлатии ба номи Зулфия мушоира ва вохӯриҳои адабӣ ба роҳ монда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар давоми солҳои гузашта бо мақсади офаридани асоси ҳуқуқии устувори соҳаи матбуот, ноширӣ ва ахбор беш аз 10 қонун ва беш аз 30 ҳуҷҷати зерқонун ба тасвиб расидааст, ки аз ҳар ҷиҳат дар рушди соҳа аҳамияти калон дорад.
То ҳол 1 ҳазору 760 корхонаи табъу нашр, 140 нашриёт ба рӯйхат гирифта шудааст, ки дар расонда додани маҳсулоти китоб ва васеъ гардондани дараҷаи азхудкунии ҷавонон нақши назаррас мегузоранд.
Ҳадаф аз ташкили «Иди китоб» ба ҷамоаи васеъ расондани дар дараҷаи давлатӣ дастгирии эҷодкорони соҳибистеъдод, эътибори алоҳида ба ривоҷдиҳии завқи китобхонии бачагон, баланд бардоштани малакаи мутолиаи аҳолӣ, ба шабакаҳои интернет ҷойгир кардани намунаҳои беҳтарини адабиёти миллӣ ва ҷаҳон, тарғиб кардани анъанаи китобхонии оилавӣ, пурқувват кардани мулоқот байни нависанда ва китобхон мебошад.
Дар намоишгоҳи китоб ҳар як нашриёт бо маҳсулоти китоби худ ширкат варзид, аз ҷумла, «Ӯзбекистон», «Шарқ», «Ӯқитувчи», ХЭТН ба номи Ғафур Ғулом, ХЭТН ба номи Чӯлпон, Нашриёти давлатии илмии «Ӯзбекистон миллий энциклопедияси», «Тамаддун», «Янгийӯл полиграф сервис» ва ғайраҳо маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Дар ҳақиқат, пай бурдан душвор нест, ки тайи чанд соли охир сифати табъу нашр дар Ӯзбекистон хеле баланд шудааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки соҳа бо технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуда, мутахассисони болаёқат ҷалб мегарданд.
– Дар тадбири имрӯза мо 100 номгӯ маҳсулоти китобро ба намоишгоҳ гузоштем, ки наздик ба 80 номгӯи он аз китобҳои бачагона иборат аст. Зеро таъмин кардани бачагон бо адабиёти бадеӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз аст. ХЭТН ба номи Чӯлпон босуръат кор мекунад, танҳо дар соли 2017 наздик ба 150 номгӯ китоб аз нашр баромад. Бояд гуфт, тадбири имрӯза барои байни ҳамдигар таҷриба иваз кардани нашриётҳои низоми Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон омили муҳим гардид, – гуфт сармуҳаррири ХЭТН ба номи Чӯлпон Даврон Улуғмуродов.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Китобхонаи миллии Ӯзбекистон наздик ба 30 китоби нодир ба маърази тамошобинон гузошта шуд, ки осори бузургони илму адаб ва тамаддуни халқи моро дар бар мегиранд.
Ҳама медонем, ки санъати хаттотӣ дар байни мардуми мо пеш аз даврони шӯравӣ ниҳоят васеъ густариш ёфта буд. Маҳз барои зинда гардондани осори таърихии халқ дубора санъати хаттотӣ кам-кам ривоҷ меёбад. Дар намоишгоҳ навиштаҷотро бо хатҳои гуногун дида, бо хаттоти соҳибистеъдод Салимҷон Бадалбоев вохӯрдем.
– Ин навиштаҷот бо ҳафт намуди хат амалӣ гардидааст. Ҳар кас онро хонда наметавонад. Онро аз поён ба боло бояд хонд. Дар ин пӯсти мол, ки мебинед, сураи «Ар-Раҳмон» аз каломи шариф рӯбардор гардидааст, ки бо хати насх бо қалами бамбук навишта шудааст. Ният дорам, ки мактаби хаттотиро ташкил карда, шогирдонро дар ин самт тарбия кунам. Хатро наомӯхта, осори ниёгонро аз худ кардан мушкил аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки бе таърих тараққиёт нест, – гуфт зимни гуфтугӯ хаттот, аъзои Иттиҳодияи эҷодкорони Академияи бадеии Ӯзбекистон С. Бадалбоев.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, мутасаддиёни китобхонаҳои вилоятҳо ширкат варзида, соҳиби диплом ва ҷоизаҳо гардиданд. Аз ҷумла, собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Фарҳод Неъматов, ки айни замон роҳбарии мағозаи китобфурӯшии назди «Зиёбахш-пресс»-ро дар вилояти Ҷиззах дар уҳда дорад, аз ин ҷоизаҳо сарфароз гардида, ният дорад, ки доираи корҳоро дар ин самт васеъ гардонад ва фурӯши китобҳои тоҷикиро низ бештар гардонад. Чунки байни аҳолӣ эҳтиёҷ ба китоб зиёд аст.
Х. ҲАМИДОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».