ИДИ КИТОБ ДАР КИТОБ

Тасаввур кунед, ки дар як биёбони бекасу кӯй рафта истодаед.

Агар дар дастатон қутбнамо набошад, ё салоҳияти ба ситораҳо нигоҳ карда, Шарқу Ғарб, Шимолу Шарқро муайян намудан натавонед, хато карда, роҳгум задан мумкин аст.
Ба назари ман, маънавият ба қутбнамо, роҳнамои ҷамъият шабеҳ аст. Чунонки организми инсонро майна идора мекунад, ҷамъиятро маънавият, мафкура ва тафаккур ба роҳ меандозад. Маънавияти инсон асосан, ба воситаи китобҳо ташаккул меёбад, ба камол мерасад.
Чорабиниҳое, ки дар ноҳияи Китоб бахшида ба иди китоб баргузор шуданд, беҳуда «Бе китоб ҳаёт нест» ном нагирифтаанд. Чорабиниҳое, ки бо ҳамкории шуъбаҳои вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Ҳаракати соҳибкорон ва корбарон – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон ташкил гардидаанд, нахуст дар мактаби рақами 78 оғоз шуд. Ба мактаб аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи «ХХI аср», Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон, шоир Норқобил Ҷалил ва шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон беш аз 100 китобе, ки аз намунаҳои саратарини адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон иборат аст, туҳфа карда шуд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар мактаби рақами 74-уми ноҳия низ ташкил карда шуд.
– Яке аз панҷ ташаббуси Президенти мо, ки барои ба сифати инсони комил тарбия кардани ҷавононамон нигаронда шудааст, баланд бардоштани завқи китобхонии ҷавонон – писарону духтарон, оммависозии китобхонӣ мебошад, – мегӯяд шоир ва журналист Норқобил Ҷалил. – Ман дар ҳамин мактабҳо таълим гирифта, ба камол расидам. Дар бачагӣ ҳангоми чӯпонӣ, кашондани коҳу алаф ҳам китоб ҳамроҳамон буд, дар кӯлворе, ки нону об дошт, албатта, як китоби бадеӣ низ буд... Худоро шукрона мегӯям, ки китоб хонда кам нашудем.
Бо ширкати як гурӯҳ нависандагону шоирон ва журналистоне, ки аз Тошканд, аз маркази вилояти Қашқадарё – шаҳри Қаршӣ ташриф овардаанд, дар коллеҷи агробизнес ва истеҳсолоти Макрид бо ҷавонон ва фаъолони маҳалла мулоқоти кушод ташкил карда шуд. Дар бораи мақоми китоб дар ҳаёти инсон, аҳамияти он дар тарбияи ҷавонон фикру мулоҳизаҳо гуфта шуд, шеърҳо қироат карданд.
– Ин гуна чорабиниҳо дар ноҳияи мо зиёд мешаванд, –мегӯяд корманди масъули ҳокимияти ноҳияи Китоб Лола Ӯроқова.– Аммо вохӯрии имрӯза боз ҳам пурмазмун ва завқбахш гузашт. Намунаҳои қалами эҷодкорони тошкандӣ ва ҳаваскорони ҷавони ноҳияамонро шунида, боз як бор боварӣ ҳосил кардем, ки дар кишвари мо ҷавонони боистеъдод хеле зиёданд. Чунин идҳои китобу адабиёт барои баланд бардоштани савияи мутолиаи халқи мо хизмат хоҳад кард.

А. ТАЙПАТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: