ИДИ КИТОБ ДАР НАМАНГОН

Барои он ки солҳои охир дар кишварамон эътибор ба китоб ва китобхонӣ афзун мегардад, шумораи мағозаҳои китобфурӯшӣ низ меафзояд.

Дар ин ҷода қарори Президенти кишвар «Дар бораи барномаи маҷмӯи чораҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа» аз 13 сенябри соли 2017, имрӯзҳо самара дода, дар саросари мамлакатамон гузаронидани «Иди китоб» ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар «Иди китоб»-и навбатие, ки дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури шаҳри Намангон баргузор гардид, ба ин чорабинӣ нисбат ба ҳарсола омодагии калон дида шуд. Маркази «Олами китоб», Маркази китобхонаи ахбори вилоятии ба номи Нодира, Донишгоҳи давлатии Намангон, донишкадаҳои муҳандисии сохтмон, муҳандисии технологии Намангон, литсейҳои академӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар, маркази захираи ахбори ноҳияҳо намоиши китобҳои бадеӣ, илмӣ, методӣ, ҳатто аз асарҳои профессорон, номзадҳои илми таълимгоҳҳои олии вилоят ва эҷодкорони маҳаллӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, намоиши суратҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Намангон аз рӯйи рангтасвир, графика, миниатура роҳандозӣ гардид.
Дар «Иди китоб» сардори раёсати матбуот ва иттилооти вилоят Зиёвиддин Мансуров, директори Маркази китобхонаи ахбори вилоят Мавлуда Ҷӯрабоева ба сухан баромада, баҳри баланд бардоштани дониш, мафкура ва ҷаҳонбинии инсон чӣ қадар аҳамияти зиёд доштани китоб суханронӣ карданд.
Ҳамон рӯз фурӯши китобҳо низ ташкил шуд. Иштирокчиёни фаъол аз тарафи ташкилотчиёни ҷашнвора бинобар номинатсияҳои гуногун сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, тантанаҳои «Иди китоб» ҳамон рӯз дар ноҳияҳои Тӯрақӯрғон, Мингбулоқ ва дигар ноҳияҳои вилоят давом кард.
Қисми дувуми чорабинии «Иди китоб» ба муаррифии «Намозшомгул» ном китоби раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони вилоят, муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Наманган ҳақиқати» Маҳмудҷон Парпиев бахшида шуд.
Дар он Зиёвиддин Мансуров, Ҷамолиддин Муслим, Бахтиёр Исҳоқов, Муъминҷон Сулаймонов,  Боқӣ Мирзо, Рустамҷон Умматов суханронӣ карданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: