ИДИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ ДАР БУХОРО

Маълум аст, ки бо ташаббуси сарвари давлат якшанбеи дуюми моҳи декабр Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ муайян гардида, ин сана чун дар минтақаҳои дигари мамлакат дар Бухоро низ бо тантана қайд карда шуд.

11 декабри соли равон маҷмӯи «Бухорои кӯҳна ва боқӣ» ба сайргоҳи идона табдил ёфт. Ин ҷоро павилонҳои идона ҷиҳозонидашудаи ноҳияҳо зеб дод. Кормандони ташкилоти кишоварзӣ ва хоҷагии об, деҳқонон, фермерон, чорводору кирмакпарварон, собиқадорони меҳнат, роҳбарони секторҳо, ки ин ҷо таклиф гардида буданд, дар арафаи оғози тадбир дар ҳудуди боғ ниҳолҳои манзаравӣ шинонданд. Онҳоеро, ки бо меҳнати худ намуна гардиданд, ҳавасманд гардонда шуданд. Дар ин ҷо дар иҷрои дастаҳои ҳунарии фолклорӣ савту сурудҳои мардумӣ танин андохтанд. Тантанаҳои асосӣ дар майдони «Бухорои кӯҳна ва боқӣ» ба амал омад. Ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба сухан баромада, дар бораи комёбиҳои кормандони соҳа ҳарф зада, онҳоро бо иди касбиашон муборакбод намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар вилоят созмон ёфтани низоми замонавии идоракунӣ, ташкил ёфтани 61-то корхонаи кластерӣ имконият дод, ки ба андозаи 305 миллион доллар  160-то лоиҳа ба амал татбиқ гардида, қариб 20 ҳазор ҷои нави корӣ муҳайё карда мешавад. Дар давоми 5 соли охир дар вилоят азнавкоркунии нахи пахта  аз 26 ба 94 фоиз, истеҳсоли калоба аз 66 ҳазор тонна ба 408 ҳазор тонна афзуд. Ҳамин тариқ, дар вилоят истеҳсоли пилла, ғалла ва пахта сол то сол зиёдтар мегардад.
Дар тадбир ба пешқадамони истеҳсолот туҳфаҳо супорида шуд. Мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, барномаҳои рангини консертӣ ба иштироккунандагон завқи маънавӣ бахшид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: