ИДИ МАТБУОТ ДАР ФАРҒОНА

Чун анъана дар кохи “Афросиёб”-и шаҳри Фарғона ба муносибати Рӯзи матбуот ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ чорабинии хеле доманфарохи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он собиқадорони соҳаи матбуот ва табъу нашр, журналистон, блогнависон, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ноширон ва вакилони гурӯҳҳои иҷтимоӣ ширкат намуданд. 
Маросими идонаро ҷонишини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
– 27 июн барои кормандони соҳаи матбуот, воситаҳои ахбори оммавӣ ва журналистону блогерҳо рӯзи иду хурсандӣ ва нишот мебошад. Барои ҳамин шумову тамоми ҳамкоронатонро аз номи дастгоҳи ҳокимияти вилоят бо иди касбӣ самимона шодбош мегӯям. Хусусан, солҳои охир соҳибони ин касбу кор дар инъикоси ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти сарварии Президенти мамлакатамон дар кишвар татбиқ мегардад, хеле фаъолнокӣ нишон медиҳанд, – изҳор намуд Файзулло Қосимов.
Мавсуф афзуд, ки ҳар як журналисту қаламкаш бо дарки масъулият бояд кӯшиш намояд, ки дастовардҳои кишварамон дар соҳаҳои гуногунро дар маҳалҳои дурдаст низ тавассути гузоришу мақолаҳо ва барномаҳои садову симо акс кунонад.
Дар маросим депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Умед Ҷабборов, раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов, як идда собиқадорони меҳнат ба сухан баромаданд ва оиди бурду бохти соҳаи мазкур ибрози ақида карданд.
Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ аҳли қалам бо ифтихорнома, ташаккурномаи ҳокимияти вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.  Чорабиниро дастаҳои ҳунарӣ бо таронаҳои марғуб ва рақсҳои ҷаззоб шукӯҳи тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: