ИДИ НАВРӮЗ ИДИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИСТ

Ҳар сол бо наздикоии навбаҳор мардум ба такопӯи он меафтанд, ки Наврӯзи оламафрӯзро ба таври шоиста таҷлил кунанд.

Чун солҳои муқаддам имсол низ ин ид ба таври хосу бошукӯҳ таҷлил хоҳад шуд.
Мардуми мо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани иди Наврӯз талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Чун анъана аллакай дар хонаводаҳо тараддудҳои наврӯзӣ  шурӯъ шудаанд ва оҳиста кунҷу канори кишвар хилъати наврӯзӣ ба бар хоҳад кард. Дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ одамон неъмати хуштаъму болаззати наврӯзӣ – суманакро харидорӣ карда, аз фарорасии баҳори дилкушо  шукргузорӣ мекунанд. Ҳашарҳои умумихалқӣ барпо мегарданд. Дар он мардҳо ба тоза кардани ҷӯйборҳо шурӯъ мекунанд, дар ҳама ҷо корҳои ободонӣ вусъат пайдо мекунад.  Дар ин самт занону духтарон низ нақши асосӣ доранд. Хулласи калом, ҳама ба ид пухта тайёрӣ мебинанд. 
Дар ин робита перомуни як нуктаи дигар ибрози назар карданиам.  
Ҳамасола дар рӯзи таҷлили Наврӯз намояндагони тамоми ақвоми муқими пойтахт, аз ҷумла, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, озариҳо, дунганҳо, уйғурҳо ва амсоли онҳо дар боғи «Дӯстӣ» (собиқ ба номи Бобур) гирдиҳам омада, суфраҳои наврӯзӣ паҳн мекунанд ва болои он анвои гуногун мегузоранд. Рақсу таронахонӣ, завқу шавқ авҷ мегирад ва тантанаи наврӯзӣ шукӯҳи тоза касб менамояд.
Чанд сол аст, ки дар рӯзи таҷлили иди Наврӯз бо аҳли хонадон ба боғи «Дӯстӣ» мешитобем. Дар фазои гарми идона аз накҳати наврӯзӣ ва барномаҳои консертӣ баҳра мебарем, якдигарро бо Иди баҳор  табрик мекунем. Соли гузашта низ, тибқи анъана, аз сари субҳ ба ин боғ омадем. Ҳама ҷо сабзу хуррам ва намои идонаро касб карда буд. Мавҷи мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз дарвозаҳои бузурги боғ ворид шуда, гӯшаҳои холии онро пур мекарданд. Намояндагони қавму миллатҳои гуногун, ки иди Наврӯзро аз идҳои суннатии худ мешуморанд, анвоъи пухтаи миллиашонро рӯи суфраҳо ба намоиш гузошта буданд. Аксари онҳо дар тан либосҳои миллӣ доштанд ва ҳувайдо буд, ки ба ин боғ барои ид кардан ҳозир шудаанд.
Суфраи Маркази фарҳангии тоҷиконро як гурӯҳи худрӯи ҳунариву мардумии духтарони рустои тоҷикнишини Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд бо ширкати худ, муҳайё кардани анвоъи наврӯзӣ ва  ашёҳои дигари намоишӣ оро медоданд. 
Баъд консерти умумӣ дар саҳнаи марказӣ оғоз ёфт ва аъзои хонаводаро ба тамошои ин консерт раҳнамоӣ намудам. Мехостам бубинам, ки моро дар ин консерт кӣ намояндагӣ мекунад.  Вақте ки навбат ба Маркази фарҳангии тоҷикон расид, ҷавоне баромад ва суруде ба тоҷикӣ хонд. Чаҳор духтарак дар навои суруди ӯ  рақсиданд. Мо кафкӯбон аз тамошои он завқ бурдем.
Баъди хатми консерт намояндагони ҳар кадом қавму миллат дар назди суфраҳои идона ҷамъ омада, рақсу таронахонӣ карданд. 
Хушбахтона, мардуми шаҳру ноҳияҳое, ки тоҷикон дар он ҷойҳо дастҷамъона зиндагӣ мекунанд,  дар баргузор кардани базмҳои наврӯзӣ ҳамеша пешраву пешоҳанг мебошанд. Ба ибораи дигар, онҳо ба анъанаҳои ниёкон содиқ мондаанд. Инро дар мисоли ноҳияи Сӯх низ дидан мумкин аст. Дар ин ноҳия ҳар сол маросими «Сайри лола» баргузор мегардад, консертҳои идона роҳандозӣ мешаванд. Хусусан, дастаи фолклории Хонаи маданияти ноҳия дар варзишгоҳи марказии ноҳия ва рустоҳо бо барномаҳои хоси консертӣ ширкат мекунад ва ин идро шукӯҳи наву тоза мебахшад. 
 Яке аз вижагиҳои таҷлили иди Наврӯз дар деҳоти ноҳияи мазкур аз ҳамин иборат аст, ки мардум дар майдонҳои васеъ дегҳоро қатор мегузоранд, анвоъи гуногуни миллӣ мепазанд, суфраи «ҳафт син»-у «ҳафт шин» меороянд, пиру барно ба рақсу шодӣ машғул мешаванд.
Мо, тоҷикон худро яке аз соҳибони иди Наврӯзи Аҷам мешуморем ва ба он ифтихор мекунем. Барҳақ,  ин иди бузург аз ниёкон ба мардуми мо мерос мондааст. Иди Наврӯз иди ваҳдату ҳамбастагист, аз ин лиҳоз бояд ҳама ба сайргоҳҳои наврӯзӣ шитобем ва аз фарорасии соли нави ҳуҷаста дарак диҳем. 
  
Мирасрор АҲРОРОВ,
масъули бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: