ИДИ ҚУРБОН ДАР ҲАЁТИ МАЪНАВИАМОН АҲАМИЯТ ВА ҶОЙГОҲИ ХУДРО ДОРАД.

Рамзи меҳру оқибат, шукргузорӣ ва кушодадилии ба халқамон хос – иди Қурбон ҳар сол дар кишварамон ба сифати иди муқаддас ҷашн гирифта мешавад.

Имсол низ ба ин ид бо рӯҳбаландӣ ва шукӯҳи хосса омодагӣ гирифта мешавад. Қарори Президентамон «Дар бораи таҷлил намудани иди Қурбон» дар ин бобат дастуруламал мегардад. Халқамон ин ҷашнро, Худо хоҳад, 11-уми август бо шодмонии дучанд баргузор менамояд.
Доир ба ҷойгоҳи иди Қурбон дар ҳаёти маънавиамон, моҳият ва аҳамияти он, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ва таҷлилаш имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Имом ат-Тирмизӣ»-и шаҳри Тошканд Исҳоқхон Бегматов бо хабарнигори ӮзА суҳбате дошт. Вай, аз ҷумла, гуфт:
– Худованд барои имтиҳони бандаҳои худ ибодатҳои гуногунро ҷорӣ кардааст. Мисолан, намоз агар ибодати бадан аст, рӯза дунёи ботинӣ, рӯҳ, маънавият ва нафси инсонро тарбия менамояд. Ибодати Ҳаҷ ҳам ҷисм ва ҳам моли инсонро имтиҳон мекунад. Қурбонӣ ибодати моддии инсон аст. Ин имтиҳон барои дар як сол як бор қурбонӣ кардани муъмину мусалмоне ҷорӣ карда шудааст, ки имконияти моддӣ дорад.
Бояд ҳайвони мавриди қурбонӣ қароргирифта бенуқс бошад. Яъне ҳайвони интихобгардида набояд кӯр, ланг, бисёр пир ё бемор бошад. Гӯшти ҷонварро, сарфи назар аз эътиқоди динӣ, метавон ба ҳама, хешу ҳамсояҳо ва ёру бародарон тақсим кард. 
Қурбонӣ ибодатест, ки баракат меорад. Он ба ҳамаи муъмину мусалмонҳо фармуда шудааст. Ин сухан нодуруст аст, ки мегӯянд: ҳар одам бояд як ҷонварро қурбонӣ кунад. Аҳли мо, мисли он ки намоз ва рӯзаро барои худ мехонаду мегирад, бо назардошти имконияти моддӣ бояд қурбонӣ кунад.
Худоро шукр, ки дар Ӯзбекистон сафи онҳое, ки қурбонӣ мекунанд ва закот медиҳанд, зиёд шуда истодааст. Ин делели рушди иқтисодиёти халқамон аст.
Роҳбари давлатамон бо қарори алоҳида таҷлили иди Қурбонро тавсия намуд, ки дар замири он маънии зиёде нуҳуфтааст. Халқамон дар ин рӯзҳо бо корҳое, мисли меҳру мурувват ба якдигар, хабаргирӣ аз ҳоли хешу ақрабо, ятиму бечоранавозӣ, ба даст овардани дилҳо машғул мешавад. Ин ҷашн ба пайванди риштаҳои хешутаборӣ, ҳамсоягӣ,қудову андагӣ хидмат менамояд. Биноан, аҳамият ва ҷойгоҳи иди мубораки Қурбон дар ҳаёти маънавиамон беқиёс аст.
Дар арафаи иди Қурбон гурӯҳе аз ҳамватанонамон хонаи Каъбаро зиёрат мекунанд. Воҷиб аст, ки онҳо низ дар рафти ибодат ҷонвареро қурбонӣ кунанд. Аммо ҳар як ҳоҷӣ имкон надорад, ки худ рафта ҷонвареро кушад. Биноан, ҳамватанонамон ба рӯйхат гирифта шуда, номашон ба забони арабӣ баргардон шудааст. Рӯйхат ба созмонҳое дода мешавад, ки аз номи ҳар кадоми онҳо ҷонвареро мекушанд. Хароҷоти вобаста ба ин маросим дар маблағе, ки барои сафари Ҳаҷ пардохта мешавад, ба назар гирифта шудааст.
Дар рафти сафари Ҳаҷ, барои адо кардани аркони динӣ, аз ҷониби роҳбари давлатамон ба халқамон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Инро бояд алоҳида эътироф намуд.
Чанд сол аст, ки корҳои ташкилии Ҳаҷҷу Умра бино ба тавсияҳои Президент, қарорҳои Девони Вазирон ва қарору пешниҳодоти Шӯрои ҷамоатии оид ба масъалаҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои Ҳаҷ ва Умра дар сатҳи баланд созмон дода мешавад.
Соли 2016 5 ҳазор нафар зиёрат кунанда ба сафари  Ҳаҷ рафта буд, аз соли 2017 ин нишондиҳанда ба 2 ҳазор нафар афзуд, яъне ба 7 ҳазор расид. Имсол 7 ҳазору 200 нафар ҳамватанонамон хонаи Каъбаро зиёрат мекунанд.
Сафари имсолаи ҳоҷиёни мо назар ба солҳои пештара фарқ дошт. Онҳо, ҳанӯз вақте дар Ӯзбекистон буданд, худро ба мақсади рӯҳан ва маънан ба ин сафари бузург омода кардан ба ниёзмандон, оилаҳои камтаъмин кӯмаки моддӣ расонданд.
Аз ҳама муҳимаш, шахси ба мақоми ҳоҷӣ ноилшаванда бояд инсони аз дину диёнат огоҳ бошад, ба аҳли маҳалла кӯмак расонад, оилааш осуда, инсони ҳамаҷониба сазовор бошад.
Имсол, ба мақсади таъмини хидматрасонии шоиста ба зоирон, бо тартиб анҷом додани амалҳои вобаста ба ибодати Ҳаҷ, барои роҳбарони гурӯҳ ва зоирон хонишҳои пеш аз сафар ташкил дода шуданд.
Бино ба ташаббуси Президент маблағе, ки доир ба нақшаи сарфу хароҷот аз ҳар зоир барои мавсими Ҳаҷ гирифта мешуд, кам карда шуд.
Халқамон аз ин гуна корҳои хайру нек сипосгузор аст. Дар ин рӯзҳо, ки иди Қурбон дар сартосари кишварамон бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад, даст ба дуо бардошта, осудагии халқу мамлакат, ривоҷу равнақи ислоҳотеро, ки  пайи фаровонии рӯзгорамон татбиқ мегарданд, таманно менамоем.

Мусоҳиб 
Хуршед ҚОДИРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: