ИДИ ВАРЗИШУ МАҲОРАТ

Дар шаҳри Фарғона ба истиқболи 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иди варзишу маҳорат баргузор гардид.

Он бо ташаббуси ҳокимият якҷо бо садорати фарҳанг ва варзиши вилоят роҳандозӣ шуд. Гуфта мешавад, ин чорабинӣ барои ҳарчи бештар оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷавонон, ривоҷ додани маҳорату малакаи варзишии онҳо, ҳамчунин, ба ин васила саломату тануманд ба воя расидани ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, ташкил шудааст.
Дар спартакиадаи мазкур мусобиқаҳо аз рӯи панҷ навъи варзиш – футбол, шоҳмот, шашка, бадминтон ва тенниси рӯи миз роҳандозӣ шуданд. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ ҷавонони қобилиятнок аз рӯи гимнастика, таэквандо ва гӯштингирӣ барои тамошобинони зиёд ҳунару маҳорати худро намоиш доданд. Гузашта аз ин, овозхонҳо ва раққосон низ бо барномаҳои ҷаззобу мафтункунанда дили мардуми шаҳр ва меҳмонони онро ба ваҷд оварданд.
Мусобиқаҳои футбол дар чаҳор гурӯҳ мувофиқи тақвими давравӣ гузаронида шуд. Ин мусобиқаҳоро пойгоҳи Академияи футболи касбии клуби «Нефтчӣ» мизбонӣ кард. Дар он понздаҳ даста ширкат намуданд. Дар  мусобиқа ҷамоаи таълими халқ дастболо шуд. Дар финал футболбозони ин даста бар ҷамоаи «Азот» ба ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Спартакиадаи  варзишу маҳорат дар маҷмӯаҳои варзишии «Истиқлол», «Кимёгар», майдончаҳои варзишии муассисаҳои кӯдакону наврасони вилоят беш аз пеш доман фарох намудааст. Интизор меравад, ки ғолибони ин мусобиқаҳо бо мукофотҳои пурқимати ҳокимият ва садорати фарҳанг ва варзиши вилоят тақдир карда мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: