ИДИ ЗАБОН БА ИДИ ДӮСТӢ ТАБДИЛ ЁФТ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба 30-юмин солгарди таҷлили иди забони давлатӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

Дар он устодону донишмандон аз Донишгоҳи давлатии Хоразм ва Донишгоҳи байналмилалии Фарғона  иштирок карданд. Ба ҳайси меҳмон  профессорони донишгоҳҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Ӯши Қирғизистон Шарифҷон Тоҷибоев ва Камол Зулпиқоров ба ин конфронс даъват шуда буданд.

Устодони факултаи филологияи донишгоҳ Алиҷон Мамаҷонов, Зокирҷон Раҳимов, Эҳтиётхон Иброҳимова дар бораи паҳлӯҳои гуногуни забон ва аҳамияти он маълумотҳои лозимӣ ироа намуданд.
Дар конфронс профессор Шарифҷон Тоҷибоев таърихи ташаккули анъанаи зуллисонайниро дар адабиёти ӯзбеку тоҷик ёдовар шуд. Вай таъкид намуд, ки  ин навъи эҷодиёт дар тӯли ду даҳсолаи охир хеле кунд гардид ва бо барқароршавии робитаҳои дӯстии ду давлат ҳоло аз нав рӯ ба ривоҷ овардааст.
Дар ҷамъомад боз зикр шуд, ки ҳамаи забонҳо аз таъсири ҳамдигар бой мешаванд, рушд мекунанд ва забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ аз ин раванд дар канор намондаанд. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
факултети филологияи ДДФ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: