ИДИ ЗАБОН ДАР ХИЁБОНИ АДИБОН

Ба муносибати 29-солагии ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми забони давлатӣ таҳти ҳамкории Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва сафоратхонаи Ҷумҳурии Бангладеш дар Ӯзбекистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он вакилони ташкилотҳои давлатию ҷамоатӣ, шоиру нависандагони шинохта ва ҷавон, олимони адабиётшинос ва ҳаводорони шеърият иштирок намуданд.
Тадбирро бо суханони муқаддимавӣ муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагон Минҳоҷиддин Мирзо ифтитоҳ бахшид ва таъкид кард иди забон яке аз ҷолибтарин ҷашнҳо дар ҳаёти маънавии халқи мо буда, он ҳамасола чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ берун аз он бо тарзи ба худ хос тантана карда мешавад.
Дар таҷлили навбатии иди забон, ки дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди нависандагон рӯи кор омад, намояндагони сафоратхонаи Ҷумҳурии Бангладеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат намуданд. Сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар мамлакатамон Масъуд Маннон дар маърӯзааш оиди корҳои бузурге, ки дар Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Президент Шавкат Мирзиёев дар риштаҳои гуногун, минҷумла соҳаи адабиёт ва фарҳанг ба амал бароварда мешаванд, бо мамнунӣ ҳарф зад. Аз баромади ӯ маълум гашт, аз ҷараёнҳои адабии диёри мо, навигариҳое, ки дар ҳаёти маънавиамон рӯй медиҳанд, ба хубӣ огоҳ аст. Таъкид сохт, Навоию Бобур, Ғафур Ғулому Ойбек, Абдулло Қаҳҳору Шайхзода барин соҳибқаламон аз ин диёри илму адабпарвар бо осори  бебаҳои худ ба қалбаш бисёр наздик. Ҷомаи табъ бабаркунии луғати эзоҳии забони ӯзбекӣ дар панҷ ҷилд, ки 80 ҳазор калимаю таъбирро фаро гирифтааст, аз ғановати таркиби луғавии ин забон, яке аз забонҳои бойи дунё будани забони ӯзбекӣ далели равшан. Вай боз изофа кард, дар забони банголӣ чандин калимаҳо ҳастанд, ки дар тарзи талаффуз ва маъно бо синонимҳои ӯзбекиашон хеле наздик. Ин низ аз ҳамдилӣ ва то дараҷае хешӣ ва монандии забонҳоямон далолат медиҳад.
Сафир дар ниҳояти баромади худ як шеъри Муҳаммад Юсуф дар бораи Ватанро бо ӯзбекӣ қироат намуд, ки ба ҳозирон хеле хуш омад. Садодиҳии «Ушшоқ» (ғазали Навоӣ, оҳанги Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммедов) дар иҷрои Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Ҳасан Раҷабӣ, ҳамчунин таассуроти хуб гузошт.
Навбат ба мушоира расид ва шоирон Муҳаммад Алӣ, Усмон Азим, Шарифа Салимова, Бегойим, Рустам Мусурмон ва дигарон дар васфи забон аз шеърҳои тозаэҷоди худ қироат намуданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: