Дар Нигористони санъати тасвирии Ӯзбекистон вохӯрии эҷодӣ бо кулоли ҷавон Дилноза Назруллоева баргузор шуд.
Дилноза Назруллоева ҳоло ҷавон бошад ҳам, бо намунаҳои ашёи кулолии худ дар зиёда аз 70 намоишгоҳ ва фестивалҳо иштирок кардааст. Ӯ намояндаи ҳафтуми сулолаи кулолгарони машҳури ғиждувонӣ Назруллоевҳо мебошад. Дилноза бо корҳои эҷодӣ пайваста дар осорхонаи санъати амалии Ӯзбекистон фаъолият мебарад.
Вохӯрӣ бо ёддоштҳои мизбон дар бораи оила ва падараш усто Абдулло Назруллоев, ки ба ӯ аз хурдсолӣ асрори кулолгарӣ, нозукиҳои муносибати кулолгар бо гилу сафолро омӯзонидааст, оғоз ёфт.
Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ Дилноза бо ҷавонони маҳаллаи «Буюк ипак йӯли»-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд мастер - класс гузаронд. Ҷавонон ба саволҳои худ бобати тайёр кардани лой ва гулкорӣ дар сафол ҷавоби муфид гирифтанд.
Дар вохӯрӣ намоиши асарҳои ҳунарманди ҷавон низ баргузор шуд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».