ИДОМАИ «ТАҶРИБАИ ОҚҚӮРҒОН» ДАР ҚАМАШӢ

Дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё дар маҷмӯъ 7195 муаммои ҳалталаб мушаххас ва 4106 (57%) аз онҳо ба таври фаврӣ дар мақоми худ ҳал гардиданд.

Масоили боқимонда таҳти назорат гирифта шуд. 
Ин рақамҳо дар пешҳисоби гурӯҳи кории мутахассисони варзидаи сатҳи ҷумҳӯрӣ омадааст, ки тибқи лоиҳаи «Таҷрибаи Оққӯрғон»  созмон ёфта ва аз 30-юми январ ба ин сӯ дар ноҳияи Қамашӣ ҳузур доранд. Гурӯҳи босалоҳияти мазкур дар давоми ин рӯзҳо тамоми соҳаҳои қаламравро меомӯзад. 
Гуфта мешавад, мавзӯи ҷаласае, ки дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Қашқадарё  бо аъзои гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва ширкати як идда мақомдорони вилоят баргузор гардид, таҳлили натиҷаи санҷосанҷиҳо дар ноҳияи Қамашӣ будааст. Дар он роҳбари гурӯҳ, ҷонишини мушовири Президент Улуғбек Муҳаммадиев ва ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов низ ширкат варзиданд. У. Муҳаммадиев таъкид кард, чунин омӯзиш, ки бо фармоиши Президенти кишвар роҳандозӣ шудааст, роҳи беҳтарини аниқ кардани муаммоҳои ҳаёти мардуми қаламрав, мушкилоти рӯзафзуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Агар ин муаммоҳо сари вақт аниқ ва ба таври фаврӣ ҳал нагарданд, дар кори сохтани Ӯзбекистон Нав халал ворид месозанд. Ба гуфтаи ҷонишини мушовири Президент, гурӯҳи кории таҳти раҳбарии ӯ на танҳо бо мушаххас кардани муаммоҳо маҳдуд мемонад, балки дар доираи имкон аксари он мушкилотро ба фоидаи ҷомеа ҳал месозад.
Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов изҳор дошт, ки аз натиҷаҳои омӯзиши куллии аз ҷониби гурӯҳи кории босалоҳият хеле мамнун аст ва ин амал минбаъд ба суръати корҳо такони хубе хоҳад шуд. Мақомот низ аз бурду бохти худ воқиф гардида, ба ҳалли муаммоҳои рӯзгори мардум бештар таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард.
Дар пешҳисоби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ омадааст, аз ҷониби мутахассисони 17 вазоратхона ва идораҳои дахлдори дигар, ки шомили он буданд, ситоди махсусе созмон дода шуд ва фаъолияти 60 маҳалла, ҳоли кунунии 52357 хонадон, 1171 иншооти иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳо санҷида шуданд. Дар натиҷа, таҳти лоиҳаи «Ҳар як оила соҳибкор» ба 235 нафар шаҳрванд ба миқдори 6,6 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок, ба 321 нафар соҳибкор ва шаҳрвандон 12,4 миллиард сӯм кредит дода шуданд. Аз ин миқдор барои 75 нафар донишҷӯ ҳудуди 627 миллион сӯмина кредити таълимӣ ҷудо гардиданд. Шаш мактаби ноҳия ба миқдори 91 миллион сӯм адабиёти бадеӣ ва асбобу анҷоми варзишӣ гирифт. Дар се мактаб ба маблағи 345 миллион сӯм панелҳои офтобӣ насб шуданд, ки талаботи онҳо ба қувваи барқ қонеъ хоҳад шуд. Дар соҳаи тандурустӣ ҳам муаммоҳои ҷойдошта ба таври мусбат ҳалли худро ёфтанд ва ба шаҳрвандони камбизоат барои табобат маблағи алоҳида ҷудо шуданд. Ҳамчунин, муроҷиати ду нафар шаҳрванд дар хусуси дарёфти шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонеъ гардонда шуд.
Хуллас, аз тарафи гурӯҳи кории босалоҳияти ҷумҳурӣ тамоми соҳаҳо санҷида шуданд, дар ҳама ҷо дарди дили мардумро шуниданд ва муаммоҳои ҷойдошта дар доираи имкон ҳаллу фасл гардиданд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: