ИДОРАИ РӮЗНОМА МАСКАНИ ДӮСТДОШТАИ МАН БУД

  • ИДОРАИ РӮЗНОМА МАСКАНИ ДӮСТДОШТАИ МАН БУД
  • ИДОРАИ РӮЗНОМА МАСКАНИ ДӮСТДОШТАИ МАН БУД

Ман «Овози тоҷик»-ро ҳамчун рӯзномаи бонуфуз ва соҳиби мавқеи иҷтимоиву сиёсӣ, ки дар байни воситаҳои ахбори оммавии кишвар ҷойгаҳи муносиби худро дошту дорад, аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта хуб медонам.

Ба андешаи ман «Овози тоҷик» дар мустаҳкамсозии дӯстии халқҳо ва баланд бардоштани маънавияту маърифати ҳамдиёронамон нақши муҳим дорад.
«Овози тоҷик» аз нашри аввал то ҳозир дар мустаҳкамсозии робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии байни халқҳои тоҷику ӯзбек вазифаи пули дӯстиро иҷро кардааст.
Азбаски падарам Абдулло Ҳакимов аз нимаи солҳои панҷоҳум то нимаи солҳои 62-юми асри гузашта сармуҳаррири рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» («Овози тоҷик»-и ҳозира) буд, ман аҳли ҷамоаи онро хуб мешинохтам. Ҳоло мисли дирӯз дар ёд дорам: онгоҳ таҳририят аз  қабати чаҳоруми бинои хиштини кӯчаи «Правда Востока» ҷой дошт ва ман хонандаи мактаби рақами 10-уми пойтахт аз мавзеи  Лабзак пас аз дарс ба трамвай нишаста, ба бозори Пиён, ки ҳозир сайргоҳи «Гунбадҳои кабуд» ном дорад,  меомадам. Ҳар гоҳ гувоҳи  «читка» – ҷамъшавии ходимон дар атрофи мизи иловагии хонаи васеи падарам мешудам. Муҳсин Умаров, Шавкат Ниёзов, Ҳамид Қиличев, Қамариддин Шамсиев рӯзномаро бо навбат овоз бароварда мехонданд. Дар як кунҷи хона бонуе машғули ҳуруфчинӣ мешуд. Чунин ҷараёни кор то нисфи шаб – ба чоп супорида шудани шумораи навбатӣ идома дошт, ки ман чӣ гуна пурмашаққат будани касби журналистиву муҳарририро ҳамон вақт дарк намуда будам.
Падарам рӯзи дигар — пас аз чоп ва ба фурӯш баромадани рӯзнома ба хона бармегаштанд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ходимон  дар чорабиниҳои иҷтимоиву фарҳангии мамлакат фаъол иштирок карда, масъалаҳои муҳимро дар саҳифаҳои рӯзнома интишор менамуданд. Аз хабарнигорони вилоятӣ ва мухбирони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ мавод мерасид. 
Падарам шахси бомаърифат ва соҳиби фазилатҳои накӯ буданд. Ман вақти зиёдамро дар назди падарам мегузоштам ва мухлиси суҳбати пурмазмуни ӯ бо намояндагони соҳаҳои гуногун мешудам, ки ҳамаи он дар хотираҳои бачагии ман хуб нақш бастааст. Инчунин, робитаҳои дӯстонаи падари бузургворамро бо Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Чустӣ, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Иброҳим Раҳим, Саъдулло Кароматов, Мухтор Ашрафӣ, Фазлиддин Шамсиддинов, Сосон Беняминов мисле ки дирӯз шуда гузашта бошад, дар ёд дорам. 
Дар яке аз сафарҳояш ба Ӯзбекистон шоири номвари тоҷик Мирзо Турсунзода бо ҳамроҳии Фотеҳ Ниёзӣ ба хонаи мо омада буданд, ки суҳбати аз ҳазлу мутойиби бойи онҳо то дер тӯл кашида буд.
Хотираҳои дигари ман оиди бо аҳли оила ба сайр баромадани ходимони рӯзнома дар иду ҷашнҳо мебошад. Ходимон дар боғу сайргоҳҳои гирду атрофи Тошканд ҷамъ мешуданд, ки аз баромадҳои дилангези ҳунарпешагони номӣ, мисли Маъмурҷон Узоқов, Ҷӯрахон Сутонов, Муҳаммадҷон Мирзоев, Тавур Ҷумъаев, Амнер Бараев, Мукаррама Турғунбоева ва духтарони ӯ шоду хуррам мегаштанд.
Эҷодкороне, ки дар чунин вохӯрӣ ва сайру гашт бо ман рӯякӣ шинос шуда буданд, бо гузашти солҳо фарзанди Абдулло Ҳакимов буданамро донистанд ва бо ман робитаи дӯстиву рафоқатро ба роҳ монданд.
Халқи мо умрро мисли оби равон мегӯяд, ки ҳақ асту рост. Аз баргузории воқеаҳое, ки ман ёд кардам, солҳои зиёд шудаасту ман ҳам шодиву машаққатҳои зиёди зиндагиро паси сар намуда, ба камоли пирӣ расидам. Аммо суҳбатҳои самимонаи падарро бо аҳли илму адаб ва ходимони рӯзномаи дӯстдоштааш фаромӯш накардаам, ки то ҳол баҳрабардори он ҳастам.

Зафар ҲАКИМОВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: