Аз сокинони вилояти Самарқанд дар нимсолаи якуми соли равон ба Қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 68,8 ҳазор муроҷиат расид, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 13 дарсад зиёд мебошад.
Аз ин муроҷиатҳо 50503-тоаш, яъне 81 дарсади он қонеъ гардонида шуданд, 523- тоашро зери назорат гирифтанд, аз рӯи беш аз 1000-тоаш маслиҳат доданд, 763- тоашро рад карданд, 212-тоаш бе баррасӣ гузошта шуд.
Аҳамияти муроҷиатҳое, ки бо вомҳои бонкӣ, фонди биноҳои истиқоматӣ ва фаъолияти коргузорони ташкилотҳо, бехатарии ҳаракати роҳ, корҳои шаҳрвандӣ дар судҳо вобастаанд, афзуданд.
Шумораи муроҷиатҳои такрорӣ, ки дар нимаи якуми сол расиданд, 9 425-торо ташкил кард ва нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ба 34-то афзудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаммоҳои шаҳрвандон саривақтӣ ҳал карда нашудаанд ё ки масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошташуда, такрор шудаанд.
Муроҷиатҳои такрорӣ асосан ба таъминоти қувваи барқ, газ, вомҳои бонкӣ ва соҳибкорӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва нафақа, корҳои шаҳрвандӣ дар судҳо вобастаанд. Аксарияти чунин муроҷиатҳо аз шаҳри Самарқанд (1116), ноҳияҳои Пастдарғам (1086), Каттақӯрғон (864), Пайариқ (786), Пахтачӣ (698) ва Ургут (674) шудаанд.
Қабулҳои сайёре, ки роҳбарони муассиса ва ташкилотҳо дар ҷойҳо мегузаронанд, дар ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон самараи хуб медиҳад. Мисол, дар нимсолаи якум роҳбарони секторҳои вилоят 2 345 бор чунин қабулҳо гузаронданд, ки дар онҳо 16 290 шикояти 15760 нафар шаҳрванд шунида шуданд ва 63 дарсади ин муроҷиатҳо мусбат ҳал гардидаанд.
Зиёда аз ин, 393 нафар шаҳрванд ҳалли муаммои худро мунтазир нашуда, ба шаҳри Тошканд рафтаанд ва бевосита ба Қабулхонаи халқии Президент аз рӯи 660 масъала муроҷиат кардаанд, онҳо асосан сокинони шаҳри Самарқанд (208 нафар), ноҳияи Пастдарғам (95), Тайлоқ (53), Ургут (51) ва Пахтачӣ (41 нафар) мебошанд.
Дараҷаи кори ташкилотҳои минтақавӣ бо шаҳрвандон, ки барои ёрӣ такроран муроҷиат мекунанд, ҳамон суст аст. Дар давоми ним сол 333 нафар шаҳрванд аз 10 то 50 маротиба ва 10 нафар беш аз 50 маротиба муроҷиат намудаанд.
Натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якум, инчунин, таҳлилҳои пешниҳод ва муроҷиатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони идораҳои ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо, роҳбарони секторҳо бояд бо муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар кор кунанд, бо онҳо бевосита бо ташкили қабулҳои сайёр мулоқот намоянд ва ҳалли саривақтии муаммо ва норасоиҳоро ёбанд. Роҳбарони ҳамаи зинаҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ислоҳот ва тағйиротҳо дар мамлакати мо ба манфиатҳои халқ нигаронида шудаанд ва ба халқ хизмат кардани идораҳои давлатӣ ба қоидаи қатъӣ ва меъёри асосӣ табдил ёфтааст.
Маматҷон ТУРДИЕВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ӯзбекистон
дар вилояти Самарқанд.