ИФОДАИ АМАЛИИ УСТУВОРИИ ҚАДР ВА МАНФИАТҲОИ ИНСОН

Дар кишварамон гиромӣ доштани қадри инсон, хусусан фароҳам оварани шароити мусоид ба маҳбусон, таъмин кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба меъёри асосии ислоҳоте, ки ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд, табдил меёбад.

Зеро инсон, ҳуқуқ, шаъну шарафи ӯ аз ҳама чиз волотар аст. 
Аз ин ҷиҳат, дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис низ дар ҷараёни баррасии лоиҳаҳои қонун ба таъмин кардани иштироки ҷомеа, шунидани муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар байни аҳолӣ гузарондани мулоқоти кушод эътибори алоҳида дода мешавад. 
Аз ҷумла, лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба базе ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон нигаронда шудааст», ки ба қарибӣ дар ҷамъомади палатаи қонунгузорӣ баррасӣ гардид, дар асоси пешниҳодҳои мардум такмил дода, мукаммал гардонда шуд. 
Дар ҷараёни ба қироати дуюм омода кардани лоиҳаи қонун аз ҷониби кумита корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, «Харитаи роҳ» таҳия шуда, бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар он муайянгардида аъзои кумита ба муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар шаҳри Чирчиқ ва ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд рафта, ҳолати он ҷоро омӯхтанд. Бо маҳкумшудагон сӯҳбат карда, мазмуну аҳамияти лоиҳаи қонун фаҳмонда шуд. 
Инчунин, дар Палатаи қонунгузорӣ бо иштироки депутатҳо, коршиносон ва кормандони соҳа бо мақсади фаҳмондани лоиҳа ва ислоҳоти охирини низом семинару суҳбатҳои «мизи мудаввар» гузаронда шуд. То имрӯз тақрибан 10 ҷамъомади гурӯҳи корӣ ва баҳси байни фраксияҳо оид ба муҳокимаи матни барои қироати дуюми лоиҳа омодашуда баргузор гардид. 
Ҳуҷҷати мазкур дар ҷамъомадҳои фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ муфассал баррасӣ гардида, пешниҳодҳои вакилон оид ба лоиҳаи қонун мавриди таҳлил қарор гирифта, пешниҳодҳое, ки асоснок дониста шуданд, дар лоиҳа инъикос ёфтанд. 
Масалан, дар сархати панҷуми моддаи нӯҳуми Кодекси ҷиноиву иҷроия пас аз калимаи сурдо ҷумлаи (забони имову ишора) хориҷ карда шуд, яъне ба моддаи 28-уми Қонун «Дар бораи ҳуқуқҳои шахсони ногиро» мувофиқ гардонда шуд.
Қисми нави дуюм, ки ба моддаи 13-уми кодекси мазкури ба ном «Ӯҳдадориҳои асосии маҳкумон» хориҷ карда шуд. Сабаб дар он аст,  ки «Масъалаҳои ба меҳнат ҷалб кардани маҳкумон» дар моддаи 88-уми Кодекс нишон дода, ҳамчунин бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ ин норма хориҷ карда шудааст. Аммо ба мақсади дар лоиҳа инъикос намудани ғояи асосии дар он муайяншуда ба қисми дуюми моддаи 88-уми кодекси ҷиноиву иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ислоҳи зерин, яъне «Шахсони ба аз озодӣ маҳрум кардан ҳукмшуда бояд аз рӯйи ҷинс, синну сол, саломатӣ, қобилияти меҳнатӣ ва ба қадри имкон ихтисос меҳнат кунанд» ворид карда шуд. 
Боз як масъалаи муҳим. Дар ҷамъомади палатаи поёнии парлумон 2 августи соли равон зимни муҳокимаи якуми лоиҳаи қонун моддаи нави 97(1), ки ба Кодекси ҷиноиву иҷроия ворид карда шуд, боиси эътирози депутатҳо гардид. Мо бобати ин модда бо ташаббускорони қонун муддати дароз баҳс намудем ва дар мубоҳиса таклифҳои зиёд ба миён гузошта шуданд. Бо назардошти онҳо ба моддаи мазкур як қатор тағйирот дохил карда шуд. 
Бо дарназардошти он ки ба ҳайати комиссияи дар муассисаҳои иҷрои ҷазо ташкилшуда намояндагони ҷомеа, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, фаъолони маҳалла ва намояндагони минтақавии омбудсман шомил карда шудаанд, дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки хулоса дар бораи ба роҳи ислоҳ гузаштан ё нагузаштанро на маъмурияти муассиса, балки комиссияи мазкур медиҳад. Ба ин муносибат ба қисми дуюми модаи 102(1) Кодекси мурофиявии ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд. Ин бошад, ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин масъала, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии ошкоро, шаффоф ва одилона нисбати маҳбусон хидмат мекунад. 
Умуман, қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба боз ҳам пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфитаҳои қонунии маҳбусон, баланд бардоштани самаранокии раванди омодагӣ ба озодӣ, пурзӯр намудани таъсири тарбиявӣ хидмат мекунад. 

Мавлуда ХӮҶАЕВА,
раиси Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: