Афв кардан, меҳрубонӣ, саховатмандӣ аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Бахусус, кушодадилӣ аз тафаккур ва дониши фарохи инсон дарак медиҳад. Чунин фазилатҳои инсонӣ аз ҷониби бузургон ҳамеша эътироф гардидааст. Давомнокии ҳаёт ва осуда умр ба сар бурдани аҳли башар низ ба чунин фазилатҳо иртиботи қавӣ дорад.
Сарвари давлатамон дар арафаи Иди рамазон фармонро «Дар бораи афв кардани гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранд, таҳтидилона аз кардаи худ пушаймонанд ва ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо кард.
Тибқи фармон 575 нафар ҷинояткори муддати ҷазоро гузаштаистода афв карда шуданд. Фармони мазкур далели он аст, ки дар мамлакатамон ҳаёти инсон, озодӣ ва шаъни ӯ арзиши олӣ маҳсуб меёбад.
Афв таҷассумгари равшани инсондӯстӣ нисбат ба шахси ҷиноятсодиркарда мебошад. Бино бар ин фармон роҳгумзадагон аз ҷазо пурра ё қисман озод шуданд ва ё ҷазои муқарраргардида ба ҷазои нисбатан сабук иваз карда шуд. Афв дар асоси муроҷиатномаи хаттии роҳгумзадагон, ки ба номи Президент ирсол гардидааст, ба амал татбиқ шуд.
361 нафари афвшудагон аз ҷазои муқарраргардида пурра озод карда шуда, ба назди падару модар, хешу ақрабо ва фарзандони худ баргаштанд. Муддати ҷазои 214 нафари аз озодӣ маҳрумгардида кӯтоҳ карда шуд.
Синни 7 нафари афвшудагон аз 60 гузаштааст, 6 нафари онҳо бонувон ва як нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад.
Афв ба тамоюли адолат ва башардӯстонаи ҷамъиятамон ҳамоҳанг аст. Зеро ҷинояткор нафақат ба ояндаи худ, балки ба қисмату ояндаи аҳли оила ва пайвандони худ низ таъсири манфӣ мегузорад. Волидон муштоқи дидори ӯ, фарзандон аз меҳри падару модар маҳрум мегарданд. Аз ин сабаб афв шудани роҳгумзадагон ҳар як аъзои оилаи онҳоро рӯҳбаланду шодком гардонд.
Яке аз ғояҳои асосии дини ислом низ бахшидани гуноҳ мебошад. Аз ин ҷиҳат дини ислом аз динҳое ба шумор меравад, ки кушодадиливу башардӯстиро ташвиқу таблиғ менамояд.
Тавре ки дар Қонуни Асосӣ омадааст, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз масъалаҳои муҳиму мубрами давлатамон маҳсуб меёбад.
Бино бар моддаи 42-юми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷазо ба мақсади беҳтар кардани хулқи роҳгумзада, пешгирии фаъолияти ҷиноии ӯ ва дигарон муқаррар мегардад. Ба фармон ба ин масъала низ эътибори алоҳида дода шудааст, яъне муҳим он аст, ки ҷинояткорро бояд тибқи ғояи «маърифат бар зидди ҷаҳолат» аз нав тарбия намоем, барои дар ҷамъият бо меҳнати ҳалол пайдо кардани ҷойгоҳи худ ба ӯ шароит фароҳам оварем.
Таъкид ҷоиз аст, ки афв кардан вазифа ё маҷбурияти роҳбари давлат не, балки ҳуқуқи ӯ ба шумор меравад. Роҳбари давлат аз ҳуқуқи худ истифода бурда, дари имкониятро барои ба роҳи дуруст даромадани онҳо боз намуд.
Тибқи фармон бисёр одамон ба озодӣ баромаданд. Ба хусус, хурсандии кӯдаконе, ки дербоз баргаштани падару модари худро интизор буданд, ҳадду канор надорад. Биноан фармони мазкур баробари аҳамияти маънавиву тарбиявӣ доштан, собит менамояд, ки оила дар ҳифзу ҳимояи давлат аст.
Набия НОДИРОВА.