ИФОДАҲОИ ОБДОРИ САМАРҚАНДИЁН

Мазза аз қайла гурехт.

Дар Самарқанд зирбакро  қайла низ мегӯянд.
«Баъди он ки ҷӯраам С. ба ваъдааш вафо накард, дар вохӯриҳо сӯҳбатамон шира намегирифт, яъне мазза аз қайла гурехта буд». (Аз дафтари хотира). Баъзе рӯзномаҳоро мехонед, ҳама гапҳои оддӣ, гӯё ягон муаммо дар зиндагӣ нест. Яъне мазза аз қайла гурехтааст.
***
Ба деги ҷӯшон як сатил оби хунук.
«Аз бом нохост тароша афтидагӣ барин як сухани бӯнок гуфту ба деги ҷӯшон як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуд, сӯҳбатамон дигар қӯр намегирифт.» (Аз дафтари хотира). 
***
Бо ҳавои даҳан дар нӯги шохи сафедор оши палав мепазад.
Ба ҷойи нӯги сафедор осмони ҳафтум низ мегӯянд.
Дар бораи одами аз ҳад зиёд бодӣ.
***
Одами зӯр.
– Телевизиони Тоҷикистона монам, «имрӯз зодрӯзи нависандаи машҳури тоҷик, фантазиянавис Адаш Истад аст. Ин устоди суханро самимона табрик мекунем», гуфт. Адаш, ту ҳамин хел одами зӯр-мӣ?
– Мана телевизиони Самарқанд ҳар рӯз табрик мекунад одамҳоя. Ман ҳам дар қатори ҳамонҳо-дия, —  гуфтам ба он мӯйсафеди ҳамқишлоқӣ.
– Не, не. Инҳо пул дода табрик мехаранд. Аммо он табрики ба ту кардагӣ қадршиносии истеъдод буд,– гуфт мӯйсафед Зоҳирбобо.
Бисёр касон чунин фикр мекунанд, ки ягон касро дар телевизион ва рӯзномаҳо бештар ном гиранд, ҳамон одами зӯр аст.
Ин гуна шӯҳрат популизм, яъне шӯҳрати рӯякӣ ҳисоб мешавад. Шӯҳрати ҳақиқӣ он аст, ки масалан ба адиб адабиётшинос, танқиди адабӣ баҳои баланд диҳад.
***
Ба гузашта салавот.
Ин ифода дар гуфтор бисёр истифода мешавад. Дар он маврид мегӯянд, ки гузаштаро зиёд ба ёд наовар, баръакс дар фикри рӯзи фардо бош.
***
Нафас – ях.
«Натақаш набуромад» низ мегӯянд. Яъне дар посух чизе гуфта натавонист.
***
Чашмам туба напаридас.
Яъне туро интизор набудам.
***
Онета аз Учқӯрғон нишон митиям.
Модаркалонро дар Самарқанд она мегӯянд. Яъне ду самарқандӣ муноқиша кунад, баъзан ин суханро яке ҳамчун таҳдид ба забон меорад. Чаро аз Учқӯрғон нишон доданист, касе намедонад. Ин ҳам аз вижагии самарқандиҳост. 
Устод Ф.Муҳаммадиев боре гуфта буданд, ки дашном додан хоҳед, калимаи таҳқир не, балки «Сабил монад, фаранҷӣ» барин чизе бигӯед.
– Ин абракадабра, яъне сафсата нест?
– Абракадабра беҳтар аст аз ҳақорат.

Адаш ИСТАД.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: