ИФТИХОР АЗ ХИДМАТИ ВАТАН

Ё ХУД РОЗУ НИЁЗИ МОМОИ САНГИМОҲ

Ҷомеае, ки ба зан, модар – олитарин тимсоли зебоии ҳаёт ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ мекунад. Ҳар ҷамъияте, ки нисбат ба модар – накӯтарин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.
Боиси фахру ситоиш аст, ки дар замони мо ҳатто бонувони деҳоти дурдасту дурафтода аз эътибор дур нестанд ва пайваста қадру ситоиш меёбанд. Мо ахиран дар деҳаи хушманзари Эҷ, ки яке аз рустоҳои аз шаҳрҳо дури қаторкӯҳи Нурато аст, шоҳиди чунин бузургдошти модарон шудем.
Бонуи солманди суҳбаторо Сангимоҳмомои 95-сола, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи бонувони заҳматкашидаи ақибгоҳ буд,  дар арафаи 9-уми Май аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бо китобҳои хотиравӣ ва медалу туҳфаҳои қиматбаҳо тақдир гардид. Аз дарёфти чунин инъоми шоҳона на фақат оилаи момои Сангимоҳ, ҳамчунин тамоми аҳли деҳа хушнуду шодмон гаштем.
Бо шунидани ин пайғоми нек, шоду мамнун ба назди момо равон шудам. Маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Бо аҳли оилаашон дар гирди дастурхон нишаста гарму ҷӯшон домани суҳбат густурдем. 
Момои Сангимоҳ 5-уми майи соли 1925 дар гузари Гаргинони деҳаи Эҷ ба дунё омадааст. Падарашон Мулло Абдуғафур ва модарашон апаи Тағойгул зиндагии хоксорона ба сар бурдаанд. Момо нақлҳои худро аз ҳаёти онҳо оғоз намуда, бо сӯзу гудоз аз рӯзҳои ҷанги хонумонсӯзи фашистӣ ёдовар шуд:
– Соли дуюми ҷанг мерафт, аксари мардони деҳа ба фронт рафта буданд. Дар миёни онҳо ҳамчунин ба бародари ман, ки ҳанӯз дар синфи ҳафтум мехонд, даъватнома омад. Падарам аз комиссариати ҳарбӣ хоҳишу илтиҷо намуд, ки ба ҷойи писараш ӯро баранд. Вале онҳо рад карданд. Аз пушташон зорию таваллокунон то шаҳраки Боғдон рафтанд. “Писарам хурд аст, аз уҳдаи милтиқпарронӣ намебарояд, илтимос ӯро раҳо кунеду маро ба ҷанг фиристонед” – хоҳиш кардаанд падарам, аммо онҳо аз сари дилашон тела дода гуфтаанд: “Рав, ту пир ҳастӣ, ба ҳеҷ чиз кор намеойӣ!”. Бародарамро бурданду дар ин ҷо падари бечораам девонаавзо шуда монд. Ба дару девор дармеафтид, фарёду нола мекард, оҳи сард аз дили пурдард мекашид. Бадбахтона, як сол гузашту аз бародарам хати сиёҳ омад. Аз ин хабари машъум падарам девонатар шуд ва муддати зиёде нагузашта вафот кард... Мусибати сахт аҳли оилаамонро карахт намуд, ҳама ташвишҳои зиндагӣ ба сари мо – занҳо афтида буд. Ман он замон духтари қадрас будам. Бо ташаббуси мудири мактабамон Абдунабӣ Назаров ҳама духтарон ҷамъ шуда ба Сариобу Чишмисурх мерафтем ва харрачинӣ мекардем. Халта-халта харра (меваи буттаи настаран) мечидем. Вақте ки кунҷковона пурсидем, ки ин ҳама харра бароӣ чӣ аст, муаллимамон гуфта буданд, ки харраҳоро ба фронт, ба аскарон мефиристонем. Аз ин завқ бурда боз ҳам бештар мечидем ва фахр мекардем, ки мо ҳам дар хидмати Ватан саҳми худро мегузорем. Ба ғайр аз харра чормағз, бодому писта, тутмавиз, ғӯлинг – ҳар чӣ аз боғҳоямон гирд меомад, ҷамъ оварда ба колхоз месупоридем. Аз саҳар то шаб меҳнати сахт мекардем, вале ҳеч гоҳ “монда шудам” намегуфтем. Ҳаёти бемеҳнат – ҳалокат, аз кор нагурезед, натарсед. Аз пайи меҳнат, ана ба мисли ман, як рӯз роҳаташро мебинед.
Дар давоми суҳбат пурсидам:
– Аз зиндагии имрӯзаатон розӣ ҳастед?
Момои Сангимоҳ бо табассум гуфтанд:
– Албатта, духтарам. Ба ту эътибор диҳанд, заҳмату корҳоятро эъзоз намоянд, ба шуҳратат афзоянд, магар ин ҳама хушбахтӣ нест? Сарваронамон маро қадр карданд, Худованд онҳоро дар паноҳаш нигаҳ дорад. Ба кору заҳматҳояшон барор мехоҳам. Он рӯзҳои душвору марговарро, ки  оилаҳо бепарастор, дилбарон бе ёр, хонаҳо валангор, мардум хорузор шуд, ба ёд оварда, аз ҳаёти тинҷу осудаю фаровони имрӯз ҳазорҳо бор шукр мегӯям. Ин дилам бақувват будааст, ки ҳам ғаму ғусса, ҳам рӯзҳои некро дидам.
– Момоҷон, ба ҷасорату пуртоқатии шумо тасанно! Охир, ҳамон матонату истодагариҳои шумо буд, ки имрӯз ҳаётамон дурахшону пурфайз аст. Парвардигор бароятон неруву қувват диҳад, қалбатон моломоли меҳру муҳаббат бошад, умри дарози бобаракат бинед.
Момои Сангимоҳ бо ҳозирҷавобӣ ин мисраъҳоро гуфт:
Омадӣ, хуш омадӣ бар тори сар,
Ассаломам бош, меҳмони асал.
Корҳои кардаат аъло шавад,
Ҳар куҷо монӣ қадам,
 тилло шавад.
Дар идомаи суҳбат момои Сангимоҳ аз раиси маҳалла Узоқбой Муродов низ сипосгузорӣ намуд. Аз он хурсанд буд, ки раисамон ҳар замон хабар гирифта меистад, пайваста ёрии моддӣ мерасонад. Дар поён, момо ману набераҳои худро лол карда, бо шеваи салиси худ чанд шеъри халқиро қироат намуд. Ҳоло саъй мекунам баъзеи онҳоро ба рӯйи коғаз фарорам: 

Сари кӯҳи баланд то кай нишинам,
Ки лола сар бурорад, ман бичинам.
Ки лола сар буровард бебаҳо шуд,
Чилими нуқрагин аз даст ҷудо шуд.
Чилими нуқраро бандаш биринҷӣ,
Ҳама кас дар ватан, ман дар ғарибӣ.
*** 
Ман мераваму нигори ман мемонад,
Сабр аз дили беқарори ман мемонад.
Сабр аз дили беқарори ман дар шиша,
Дар гӯр шавад одами беандеша.
***
Дар муғҷа будам, ки бод бардошт мана,
Модар ба ғарибиям раво дошт мана.
*** 
Биё, эй модари зорам, ба ту арзи диле дорам,
Суроғ андоз, ёри ман, харидорона гум кардам.
***
Ибтидо кардам ба амри подшоҳиям назар,
Доимо дорам ба даргоҳат ҳамеша чашми тар.
Сарнавишти ман ҳамин будаст аз рӯзи азал,
Чашм бикшою биё, бар ҳоли зори ман нигар.
***
Аз Бухоро як хабар:
Алимбой кардас сафар.
Ғофил мондас модараш,
Зану бачи вай бехабар.

Момои Сангимоҳ имрӯз дар иҳотаи фарзандон ва набераю абераю чабераҳои худ зиндагии осоишта ва бофароғат ба сар мебарад. Дар деҳаамон ба мисли ин модари заҳматкашида ва қаҳрамон занони зиёд ҳастанд. Кош ҳар яки мо  – ҷавонон қадрдону меҳрубон бошем ва ин қабил инсонҳоро табаррук дорем. Дар Қуръони карим махсус барои ин гуна бонувон сураи “Нисо” нозил шудааст: “Эй аҳли имон! Барои шумо ирс бурдан аз занон, дар ҳоле ки хушоянди шумо нестанд, ҳалол нест. Ва ононро дар тангно ва фишор магузоред, то бахше аз он чиро ( ба унвони маҳрия) ба онон додаед, пас бигиред, магар он ки кори зишти ошкоро муртакиб шаванд. Ва ба онон ба сурати шоиста ва писандида рафтор кунед. Ва агар (ба иллате) аз онон нафрат доштед, чӣ басо чизе хушоянди шумо нест ва Худо дар он хайри фаровоне қарор медиҳад” (ояти 19).
Бо ин дуо ба момои Сангимоҳ умри тӯлонӣ ва иродаи қавӣ орзу мекунем.

Холбика НУРНАЗАРОВА,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 43-юми
ноҳияи Нурато.

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: