ИФТИХОР БО АВВАЛИН ГЕНЕРАЛИ ДИЁР

Меарзад ба номи ин гуна лашкаркашони шуҷоъ ва ватанпарвар ифтихор кард.

Насли мо чигунагии ҷанг ва даҳшатҳои онро намедонад. Онро  фақат аз рӯи шунида, чизҳои хонда, филмҳое, ки тамошо кардааст, тасаввур карданаш мумкин.
Дар мактаби таълими умумие, ки як вақтҳо чун муаллими ҷавон кор мекардам, як-ду иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон чун устод фаъолият доштанд. Стенде ташкил карда будем бо унвони «Ветеранҳои мо», ки дар он аксҳои собиқадорони ҷанги ҷаҳонӣ аз деҳаамон ҷой гирифта буданд. Онҳо рӯзҳои таърихӣ ба дабистон ҳозир шуда, аз саргузаштҳои ҷангиашон нақлҳои муассир менамуданд. Баробари аскарҳое, ки дар набардгоҳҳои хунфишон санъати мардонагӣ нишон додаанд, корномаи бемисли баъзе афсарон ва фармондеҳу сарлашкарон низ бо эҳсос ба забон оварда мешуд. Хусусан, вақте аз шуҷоату кордонии аввалин генерали ӯзбек Собир Раҳимов сухан ба миён омад, қалби хонандагони мактабиро бештар ҳисси ҳаяҷон ва ифтихор фаро мегирифт.
Даврае, ки мактабхон будем, филми бадеии «Генерал Раҳимов» офарида шуд, ки дар он нақши Собир Раҳимовро ҳунарпешаи машҳур Зикир Муҳаммадҷонов, адютанти ӯ Зоҳид Собитовро нақшофари он вақт ҷавон Исамат Эргашев бозидаанд. Онро бо камоли майл тамошо кардаву аз муҳорибаю мунозираҳо таври худ хулоса бароварда, бачаҳо орзу мекарданд мисли Раҳимов фармондеҳи номвар шаванд. Воқеан, генералӣ фақат орзуи аскарон нест, орзуи ҳар авлоди ҷавон аст, ки далериву нотарсӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ, матонату пешсафӣ ва ҳисси ватанпарастӣ ба қалбаш бегона намебошад.
Аз байн солҳо гузаштанд. Иттифоқ афтод ба иҷрокунандаи нақши асосӣ аз «Генерал Раҳимов» рӯбарӯ оем. Аснои вохӯрӣ бо Зикир Муҳаммадҷонов (равонаш шод бод) симои генерал Собир Раҳимов дар тасаввурамон зинда мешуд. Мисле бо генерали воқеӣ рӯбарӯем, қалбро ҳаяҷон фаро мегирифт.
Рӯзи хотира ва қадр ва 73-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳониро, ки дар боғи ботаникаи Тошканд баргузор шуд, аз тариқи телевизион тамошо кардем. Дар монитори калони пушти саҳна кадрҳое намоён мешуданд, ки манзараҳои ҷанг, шуҷоату корнамоиҳои ҷанговарони мо акс ёфта буданд. Филмҳое дар хотирамон зинда мешуданд, ки ба мавзӯи ҷанг, набарду фидокориҳо дар майдонҳои набард бахшида шудаанд. 
Афсус, чанд муддат кинофилмҳо дар ин мавзӯъ аз эътибор дур монданд. Ҳол он ки онҳо нафақат оина ва инъикосгари таърих, бозгӯкунандаи вазъ дар як давраи муайяни талхию ширинии ҳаёт зиёд чашидаи мо, ки шаъну шараф, ору номус ва мардонагӣ барояш чизи аз ама муҳим аст, балки воситаи муҳими тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи садоқат ба ғояҳои умумиинсонӣ, муҳаббат ба халқу диёр мебошад.
Муносибат ба воқеаҳои таърихӣ, минҷумла, рӯйдодҳо марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар таърихи инсоният даҳшатноктарин ҳодиса буду 1,5 миллион нафар ӯзбекистониёнро низ ба худ кашид ва ба хазон гаштани тақрибан 500 ҳазор нафари онҳо боис гашт, хуб аст, ки вақтҳои охир тағйир меёбад.
Беҳтарин филмҳо дар ин мавзӯъ, ки дар архивҳо мехобиданд, аз нав эътибор ёфта ва аз тариқи телевизион намоиш дода шуданд.
Ба ҷои пештараи худ – рӯбарӯи ҳокимияти ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд устувор гардондани муҷассамаи Собир Раҳимовро халқи мо ҳамчун зуҳуроти тозаи муносибати инсонпарварона ба шаҳидон ва қаҳрамонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон пазируфт. Он воқеан эҳтироми амиқи ҳамватанонамонро нисбати сарлашкари бузург дар худ таҷассум гардондааст.
Собир Раҳимов дар кӯдакӣ аз падару модар ҷудо шуд. Дар хонаи бачагони  Тошканд, ки соли 1924 кушода шуд, тарбия гирифт.
Баробари оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон ба фронт сафарбар гашт. Моҳи июни соли 1941, баъди фарогирии омодагии сиёсию ҷанговарона, рутбаи майорӣ дошт. Дар муҳорибаҳои атрофи Смоленск ба фашистон рӯбарӯ ва дар яке аз ҷангҳо дар ҳудуди Елня ҷароҳати вазнин бардошт, вале ҷароҳаташ дуруст шуда – нашуда, боз ба ҷанг даромад.
Ваҳшонияте, ки фашистон мекарданд, мисле ӯро ба чунин иқдом водор менамуд ва мехост дар ҳарчӣ зудтар дафъ сохтани онҳо ҷонбозӣ намояд.
Маҳорати саркардагии фармондеҳи полк Собир Раҳимов дар торуморсозии душман дар атрофи Ростов-Дон равшантар ба зуҳур омад. Ин буд бо қарордоди Сарфармондеҳии олӣ 19 марти соли 1943 ӯ бо унвони генерал-майор сазовор дониста шуд. Фармондеҳии дивизияро ба вай супурданд ва номи дивизияе, ки ӯ пеш мебурд, дар қатори дивизияҳои башуморе, ки роҳи пуршаъни ҷанговаронаро  тай менамуданд, аз ҷониби  Сарфармондеҳии олӣ борҳо ба забон оварда мешуд.
Дар парчами ҷанговаронаи ин дивизияи гвардиячӣ ду ордени Байрақи сурх, орденҳои Суворов ва Кутузов ҷилва менамуд. Дивизияи номдори Раҳимов дар ишғоли шаҳри Гданск ва қалъаи он корномаи бемисл нишон дода, ба таҳсини умум сазовор гашт.
Тавре огоҳем, солҳои ҷанг таҳти сарпарастии овозхон Гавҳар Раҳимова бригадаи занону духтарон ташкил ёфта ва соли 1944 ин ансамбл дар таркиби бригадаи фронтӣ ба нуқтаҳои оташин сафарбар гашт. Бо садо додани савту навои миллӣ ва намоиши рақсҳои ҷаззоб ба симои ҷанговароне, ки табассумро фаромӯш карда буданд, хушҳолӣ баргашт. Чашми маҷрӯҳҳои барҷомонда, аснои вохӯрӣ бо ҳунарварон, барқи шодӣ заданд. Оҳангҳои ба дил қаринро чӣ қадар пазмон шуда буданд онҳо!
Бонувони санъаткори моро генерал Раҳимов низ самимона истиқбол кард. Шумо меҳмони азизи ман, мегуфт кӯдаквор болида ва хост онҳоро бо оши дастӣ меҳмон кунад. Вале на дег ёфт шуду на сабзӣ дар фронти саҳроӣ. Ба ҷои дег аз сатил, ба ҷои сабзӣ лаблабуро истифода карда, генерал барои ҳамватанон оши дастӣ пухт. Баъдтар аъзои ансамбл дар хотираҳои худ қайд карданд, ба назарамон, лазизтарин оше, ки хӯрдаем, ҳамон палаве буд, ки генерали мо бо дастҳои худ омода намуд...
Собир Раҳимов барои хидматҳои шоёни ҷанговарона дар назди Ватан бо ордени Суворов, чаҳор ордени Байрақи Сурх, ордени «Ситораи сурх» ва медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Халқу Ватан қаҳрамонии воқеии ӯро фаромӯш нанамуд, зеро вай барои озодии диёр ва халқҳое, ки ситами фашистон кашиданд, ҷони худро фидо намуд. Раҳимов қаҳрамонона ҳалок гашт. Дар таъзияе, ки ба ин муносибат изҳор шуда, аз ҷумла, қайд шудааст:
«Халқи ӯзбек генерали худ, хотираи ватанпарвари бузургу оташини худро асрҳои аср нигоҳ медорад».
Баъди бист соли вафоти фармондеҳи номӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Бисёр боғҳо, кӯча ва мактабҳо ба номи Собир Раҳимов гузошта шуданд. Муддате чанд агар номаш дар гӯшаи фаромӯшӣ монд, бо ташаббуси Президентамон арзи эҳтиром нисбати ватанпарвари бузург маънии тоза пайдо кард. 
24-25 майи соли 1945 дар Тошканд маросими дафни генерал-майори гвардия Собир Раҳимов баргузор гашт. Аз соати 3-и субҳи 24 май то 8-и бегоҳии рӯзи 25 май омадурафт канда нашуд – мардум бо саркардаи худ видоъ намуд.
Хоки генерал-майори гвардия Собир Раҳимов ба Қабристони бародарии пойтахти ҷумҳуриамон гузошта шуд.  
Меарзад ба номи ин гуна лашкаркашони шуҷоъ ва ватанпарвар ифтихор кард.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: