Солҳои охир бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушди муносибат, алоқа ва ҳамкориву равобити дӯстонаи ду кишвари баҳам дӯст – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳифаи наве боз шуд.
Сарвари давлатамон моҳи марти соли 2018 ба Тоҷикистон сафари нахустини самарабахши давлатӣ карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо ва равобити дӯстонаи ду кишварро муҳокима ва ҳаллу фасл намуданд. Ин сана дар таърихи ду халқи ба ҳам бародар ва ҳамсоя – тоҷику ӯзбек бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар соҳаи илм низ ҳамкориҳо вусъат меёбанд. Дар миёни муассисаҳои илмии ду кишвар муносибат ва равобити дуҷониба барқарор шуд ва олимони ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар ҳамоишҳои илмӣ иштирок менамоянд ва китобҳои дарсӣ ва асарҳои илмиву амалӣ таълиф карда, дар кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон онҳоро нашр мекунанд, ки боиси ифтихор ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Алоқаҳои адабию ҳамкориҳои фарҳангӣ дар муассисаҳои илмӣ, бахусус, дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов беш аз пеш афзуда, барои омӯзиш ва таълиму тадриси забон ва адабиёти тоҷик марҳилаи нав ва корҳои самараноку судбахш оғоз гардид.
Дар ин таълимгоҳ шуъбаҳои рӯзона ва шабонаи самти таҳсилоти бакалаврии филология ва омӯзиши забонҳо: забони тоҷикӣ мавҷуд аст.
Дар курсҳои якум 32 нафар, дуюм 53 нафар, сеюм 43 нафар, чорум 19 нафар ва ҳамагӣ дар шуъбаи мазкур 147 нафар донишҷӯён таълим мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки аз оғози соли хониши 2022-2023 дар факултет шӯъбаи шабонаи самти таҳсилоти бакалаврии филология ва омӯзиши забонҳо: забони тоҷикӣ ташкил карда шуд, ки дар он 24 нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд ва шуъбаи ғоибонаи самти таҳсилоти бакалаврии филология ва омӯзиши забонҳо: забони тоҷикӣ низ 25 нафар донишҷӯёнро қабул кард ва ҳоло онҳо дар курси аввал таҳсили илм карда истодаанд.
Ғайр аз ин дар кафедра аз рӯйи ихтисоси магистратура лингвистика (забони тоҷикӣ) ва адабиётшиносӣ (адабиёти тоҷик) 3 нафар магистрон таълим мегиранд ва бо корҳои илмӣ шуғл меварзанд. Ба донишҷӯён ва магистрони мазкур устодон ва профессорони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи хориҷа аз нозукиҳои илми забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик, инчунин аз забонҳои форсӣ ва арабӣ дарс мегӯянд ва таълим медиҳанд. Вобаста ба ин дар шуъбаи докторантураи кафедра 3 нафар докторантҳо бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мунтазам машғул ҳастанд ва баъзеи онҳо корҳои илмии худро ба итмом расонида, дар арафаи ҳимояи кори диссертатсионӣ ҳастанд.
Дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи хориҷа ҳамагӣ 16 нафар устодон, профессорон ва муаллимони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён асрори илм меомӯзанд. Устодони кафедра дар баробари тадриси соҳаҳои гуногуни илми забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ бо фаъолияти босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва педагогӣ низ машғул ҳастанд ва дар ин ҷода бо марказҳои илмии Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷа низ робита доранд.
Дар кафедра профессорон Садрӣ Саъдиев, Ҷумъа Ҳамроев фаъолият нишон медиҳанд. Дар солҳои охир муаллимони кафедра С. Хӯҷақулов (Dsc), Г. Адашуллоева (PhD), С. Маҷидова (PhD), А. Холхӯҷаева (PhD), А. Шерназаров (PhD), Д. Аҳмедова (PhD), Х. Мирзоев (PhD) рисолаи докторӣ ва доктори фалсафа оид ба фанҳои филологияро дар мавзӯъҳои мухталифи илми забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дифоъ намуданд.
Ба ҳайъати шӯрои дифои Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз рӯйи ихтисоси «Забон ва адабиёти халқҳои Осиё ва Африқо (забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик)» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессорон Туғрал Шокиров ва Абдуҷамол Ҳасанов дохил шудаанд. Онҳо дар шӯрои мазкур мунтазам иштирок карда, барои рушди корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети филология ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд. Ҷолиби қайд аст, ки профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ, Дилмурод Ҳомидов, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Баҳриддин Мақсудов, профессори Донишкадаи педагогии Тоҷикистон Рухшона Восиева ва дигарон ба шӯрои мазкур ҷалб карда шудаанд ва хизматҳои бузурги хешро дар пешрафти илму фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон адо карда истодаанд.
Дар солҳои охир бо саъю кӯшишоти устодон ва муаллимони кафедра Ҷ. Ҳамроев, С. Хӯҷақулов, Г. Адашуллоева, С. Маҷидова, А. Шерназаров, Х. Мирзоев ва дигарон барои хонандагони мактабҳои таълимашон тоҷикии ҳамагонӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт бо назардошти мафкураи замони истиқлол китобҳои дарсӣ офарида шуданд, ки онҳо, бешубҳа, дар баланд бардоштани сифати таълим хидмат хоҳанд кард.
Дар соли хониши 2020-2021 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Тоҷикистон Анзурати Маликзод аз тариқи ZOOM аз фанни таърихи адабиёти мумтози тоҷик, дар соли хониши 2021-2022 профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷаев аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик (наҳв), дар соли хониши 2022-2023 профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуҷамол Ҳасанов ба донишҷӯёни факултети филология (гурӯҳҳои тоҷикӣ) аз фанни таърихи забони тоҷикӣ маърӯза хонданд.
Дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ китоби дарсии «Назарияи адабиёт»-ро ба табъ расонид (Ҷ. Ҳамроев, Сироҷиддини Эмомалӣ. Назарияи адабиёт (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ). – Душанбе, 2020). Ғайр аз ин монографияи профессор Садрӣ Саъдиев «Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр» дар Тоҷикистон аз нашр баромад. Вобаста ба ин, мақолаҳои илмии устодони кафедра дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон аз чоп баромадааст.
Хуллас, имрӯзҳо дар ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамҷавор – Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мустаҳкам намудан ва рушди муносибатҳои ҳамкории адабиву фарҳангӣ саҳифаи нав боз шудааст, ки боиси ифтихор мебошад.
Ғайрат РАҲИМҚУЛОВ,
ҷонишини декан оид ба корҳои
таълими факултети филологияи
Донишгоҳи давлатии Самарқанд
ба номи Ш. Рашидов.