ИФТИХОРИ ДЕҲА БУД

Ҳар як ноҳияву мавзеи кишварамон бо табиати зебову дилрабои худ бетакрор аст.

Деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё низ аз ҷумлаи чунин мавзеъҳо ба шумор меравад. Ба хусус, анорҳои ин деҳа дар сартосари мамлакатамон маълуму машҳуранд. Академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Наҷмиддин Сайфиев, Рашид Қодиров ва даҳҳо нафар номзадҳои илм, ки дар рушди илму фани мамлакатамон саҳми босазои худро гузоштаанд, парвардагони ин деҳаанд.
Яке аз фарзандони соҳибмаърифати деҳа, ки ман устоди худ мешуморидаму аз солҳои мактабхонӣ нисбат ба ӯ ҳурмати беандоза доштам, Эркин Саидов буд, ки баҳри фаровонҳолии мардум ва ободонии деҳаву гирду атрофи он хидматҳои зиёд кардааст. Аз овони бачагӣ ният доштам, ки мисли устод донишманду саховатпеша бошам.
Эркин Саидов 10 апрели соли 1942 дар хонадони омӯзгор Саид Ҳусанов дида ба дунё кушод. Ӯ аз падар ҷавон монд. Саид Ҳусанов қурбони Ҷанги дуюми ҷаҳон шуд. Ва ин боиси аз синни бачагӣ корҳои вазнини рӯзгордориро ба ӯҳда гирифтани қаҳрамони мо гардид. Обдорӣ, тракторчигӣ, ҳисобчӣ, хаткашӣ – чӣ коре, ки пеш меомад, аз таҳти дил иҷро мекард.
Аммо шавқи китобхониву донишомӯзӣ ӯро сари ниятҳои бузург водор мекард. Ӯ мехост, ки маълумоти олинок шавад, ба мардуми деҳа нафъаш расад, ба онҳо сарварӣ кунад.
Бо иштиёқи баланд дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсили илм кард ва фаъолияти меҳнатии худро аз омӯзгорӣ дар деҳаи мактаби худ оғоз намуд. Мудири илмӣ ва директори мактаб шуд. Дар сафи армия низ сидқидилона хидмат карда, бо унвони капитан ба захира баромад. 
Устод Эркин Саидов чӣ дар соҳаи маориф ва чӣ дар соҳаи хоҷагии халқ бо ӯҳдабароиҳои худ шуҳратманд гашт. Солҳои зиёд дар ҷамоати хоҷагии қишлоқ сарварӣ кард.
Солҳои 80-уми асри гузашта мактаби деҳа мӯҳтоҷи таъмиру тармим шуда, барои таълиму тарбия гирифтани хонандагон ба ҳолати ношоиста омада буд. Азбаски аҳолии деҳа сол аз сол зиёд мешуд, синфхонаҳо намерасид. Эркин Саидов барои сохтани бинои нави мактаб 10 сол умри хешро сарф кард.  Ва ниҳоят соли 1987 бинои чорқабата барои 800 нафар сохта, ба истифода супурда шуд.
Э. Саидов то ба нафақа баромадан дар ин даргоҳи илм роҳбарӣ кард. Баробари ин дар Маркази таълими ҷумҳурӣ узви ҷамоатии услубшиносии китобҳои дарсии тоҷикӣ буд.
Аз соли 1990 то охири умр вазифаи ҷонишини раиси Маркази милливу мадании тоҷикони вилояти Қашқадарёро дар ӯҳда дошт. 
Аз байни роҳбароне, ки барои аҳли деҳаи Варганза бо меҳру муҳаббат корҳои зиёдро анҷом додаанд, номи Э. Саидов ҷойи алоҳида дорад.  Ӯ барои чароғон гардондани манзили зисти ҳамдиёрон аз аввали солҳои 70-ум саъю кӯшишро оғоз намуда буд. Дар яке аз суҳбатҳо устод аз он воқеаҳо ёдовар шуда, гуфта буд, ки корҳои фурӯзонгардонии деҳаи кӯҳӣ ба осонӣ даст надод. Дар давоми 3 сол роҳи пойтахт ва ҳатто Маскавро пеш гирифтам, ки баъзеҳо аз ин бехабар буданд. Бо роҳбарон мулоқот меоростаму талош ба харҷ медодам. Саъю кӯшиш маҳсули худро дод. Соли 1973 хати барқ кашида, деҳа ба манбаи доимии он пайваст шуд.  
Сохтмони бинои маъмурии ҷамоаи хоҷагиву бунгоҳи тиббии деҳа, мумфарш гардидани кӯчаҳову бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳли деҳа бо номи ин марди саховатпеша вобастагии қавӣ дорад. 
Дар деҳа соли 2000-ум Маҷмӯи солимгардонӣ-варзишӣ бунёд гардид. Маҷмӯъ дар асоси лоиҳаи муштараки ЮНЕСКО ва Федератсияи гӯштии Ӯзбекистон сохта шуда буд. Аҳли деҳа хуб медонанд, ки ғоя ва ташаббускори он Эркин Саидов аст. 
Ӯ бо ҳамсари ширинзабону меҳнатдӯсташ Анбарой Сайфиева 6 нафар писар ва ду духтарро ба воя расонд. Ҳоло бештари онҳо соҳиби маълумоти олианд, аз ҳама хурдӣ номзади илм.
Ҳукумат хидматҳои беназири Э. Саидовро шоиста арзёбӣ кард. Омӯзгори тоифаи олӣ, омӯзгор-услубшинос бо Ифтихорномаи Президенти Ӯзбекистон, медали «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаи дуюм сарфароз гардонда шудааст. Мавсуф сазовори унвони «Аълочии таълими халқ»-и Ӯзбекистон ва чунин унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гардида буд. 
14 августи соли гузашта Э. Саидов аз ин дунёи ҳастӣ чашм пӯшид. Ман умри устодро ба оби зулоли чашма мемонам. Ба обе, ки ба табиату офаридаи бузурги ӯ – инсон ҳаёт мебахшад. Мавсуф низ бо донишу маърифат ва талошҳои худ дар дили хонандагон чароғи маърифатро фурӯзон кард, ба ҳамдиёрон шароити зиёди муфид фароҳам овард.
Эркин Саидов як моҳ пеш аз вафоташ аз «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Тошканд дидан карда буд. Дар он ҷо бахшида ба рӯҳи падар 20 бех ниҳоли анор корид, ки ҳоло нашъу нумӯъ кардааст...
Мехостам, ки ҳар як шаҳрванди кишвар мисли устод Эркин Саидов саховатпешаву ғамхору ҷонсӯзи мардум бошад. Бахту саодати мардумро аз ҳузуру ҳаловату оромии худ пеш гузошта, лоиқи номи инсон гардад.

Дилмурод МУҲАММАДИЕВ,
номзади илмҳои педагогика, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: